Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд: баъзан дар номгузории тифлон дар навоҳии кишвар иштибоҳҳои аҷибулғариберо ошкор мекунанд.

“Пурдавсӣ”- номи расмии навзоде дар Шаҳритӯс

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ЗАГС - Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон “хатоҳои нобахшиданӣ”-еро ошкор кардааст.

Ин идора исми навзодонро дар шаҳодатномаҳои таваллуд ҳамеша хато сабт мекардааст.

Раҳими Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз даҳҳо ҳуҷҷати бойгонии ин идора хатоҳои имлоии ҷиддӣ пайдо кардаанд. Ҳатто ба гуфтаи ӯ, дар ҳуҷҷате ба ҷои “Фирдавсии Назар” масъул “Пурдавсии Назар” навиштааст. Раҳими Зулфониён мегӯяд, маълум шуд, ки масъули Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Шаҳритӯс, ки исми навзодонро дар шаҳодатномаҳои таваллуд сабт мекунад, забони тоҷикиро намедонад ва исми онҳоро тавре ки худи ӯ талаффуз мекунад, ҳамон гуна менавиштааст.

Ӯ гуфт: “Дар бисёр шаҳодатномаҳо ҳарфи “Ҳ” ба “Х” иваз шудааст ва ҳарфи “Ф” ба “П”. Масалан, Абдураҳмон Абдурахман, Шариф Шарип навишта шудааст. Ҳатто дар бисёр маврид номҳо бо иваз шудани як ҳарф маънояшон дигар шудаанд. Масалан, Гавҳарро Гавхар навиштаанд, ки маъно дигар шудааст. Даҳҳо хатои ҷиддӣ пайдо кардем ва аз ҳама ҷидиаш ҳамин буд, ки масъули Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ номи шоири бузурги мо Фирдавсиро намедонад ва ба ҷояш Пурдавсӣ менависад. Мо ин ҳуҷҷатҳоро нусха карда, овардем ва бо ирсоли як номаи расмӣ ба ҳукумати ноҳия аз ин камбудиҳо хабар додем.”

Раҳими Зулфониён, масъули Кумитаи забон мегӯяд, иштибоҳи онҳое, ки исми навзодонро дар шаҳодатномаи таваллуд сабт мекунанд, ба дунбол сарсониву гоҳо ҳатто сархамии ҳамешагии инсонро ба бор меорад.

Вақте Борон Баран буд...

Иваз шудани як ҳарф дар ном ва ба ин васила дигар шудани маънои ном дар Тоҷикистон падидаи нав нест.

Борон Шарифов, як сокини 54-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, то 15 соли пеш бар асари чунин як иштибоҳ исми расмии ӯ дар ҳуҷҷатҳояш “Баран” буд. Ӯ мегӯяд, аз замони мактабхонӣ то анҷоми хидмат дар Артиши Шӯравӣ ҳамеша ба хотири номаш таҳқир мешунавид ва ҳангоме ки аз ӯ номи расмиашро мепурсиданд, дар хиҷолат мемонд. Аммо бо тақозои фарзандон ҳоло исмашро Борон кардааст.

Ӯ гуфт: “Дар шиносномаи фарзандонам ҳам номи маро дигар намекарданд. Мегуфтанд, ҳар чӣ дар шиносномаат ҳаст, ҳамонро менависем. Ман пас аз таҳқирҳои зиёд дигар одат карда будам. Писарамро навиштанд, ки “Хуршед Баранович”. Дар миёни русҳо бо номи ҳайвон мондани исм ҳеҷ гап нест, аммо дар мо номатро гӯсфанд монанд, таҳқир аст. Ба хотири фарзандон бо як даводави зиёд рафта, ҳарфи “А”-ро “О” кардем. Ба хотири як ҳарф ҳуҷҷати ҳамаи панҷ фарзандамро ҳам дигар кардем. Ҳоло дигар расман Борон шудаам.”

“Джаҳонгул ва Ахмед”

Зафар Мирзоиён

Зафар Мирзоиён

Зафар Мирзоиён, забоншиноси тоҷик мегӯяд, дар замони Шӯравӣ бештар дар Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тоторҳои муқими Тоҷикистон кор мекарданд, ки забони тоҷикиро намедонистанд. Ба ин далел, меӯяд ҳамсӯҳбати мо, дар навиштани исми мардуми маҳаллӣ масъулон ба хатоҳои зиёд роҳ медоданд: “Онҳо аксаран Рустамро Рустем, Аҳмадро Ахмед ва Ҷаҳонгул Джаҳонгул менавиштанд. Ҳарфҳои “Ғ” ё “Ҳ”-ро, ки талафуз карда наметавонистанд, наменавиштанд ва ин ҳарфҳоро бо ”Г” ва “Х” иваз мекарданд. Аммо дар замоне ки мо Қонун дар бораи забони давлатӣ дорем ва президенти кишвар худ ба тоҷикӣ кардани номаш иқдом кардааст, чунин хатоҳо дар ҳақиқат нобахшиданианд.”

Ин забоншиноси тоҷик мегӯяд, дар Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд афродеро ҷойгузин намоянд, ки дониши хуби забонӣ дошта бошад: “Дар нигоҳи аввал номгузорӣ бисёр чизи содда менамояд. Аммо ин ба решаи миллат дахл дорад. Бубинед, ки агар Пушкинро Фушкин гӯянд, Русия меларзад. Номи нодуруст гузоштан ин як навъ ошуфтасозии худшиносии миллӣ ҳаст. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар идораҳои номгузорӣ нафароне нишастаанд, ки саводи сатҳии забонӣ надоранд. Аз тарафи дигар номгузорориро бояд ба ихтиёри падару модар низ нагузорем, ҳарчанд, ин ихтиёрист. Дар чунин Идораҳо бояд нафароне нишаста бошанд, ки ақалан барои номи хуб гузоштани фарзанд ба падару модар машварат дода тавонанд.”

Тоҷикистон, дар соли 1989 замоне, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, қонун дар бораи забони давлатиашро тасвиб кард. Ҳоло тарзи номгузорӣ бар асоси ҳамин қонун, ки дар ин муддат чанд бор таҳрир хӯрд, танзим мешавад. Аммо бо вуҷуди талошҳои Кумитаи забон ва истилоҳот, ҳанӯз ҳам номгузориҳои барғалат зиёд ба мушоҳида мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG