Пайвандҳои дастрасӣ

Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат


Аксари овезаву огоҳиҳои бозаргонӣ дар хиёбони марказии пойтахт бе риоят ба қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ, мувофиқи меъёри забонҳои русиву англисӣ навишта шудаанд.

Таҳлилгарон яке аз сабабҳои аслии камрангии таъсири забони давлатиро дар коргузории соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла оро додани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, дар бетаваҷҷӯҳии ниҳодҳои масъули давлатӣ ба татбиқи қонуни забони давлатӣ медонанд ва ин дар ҳолест, ки аз қабули ин қонун дар Тоҷикистон 17 сол гузаштааст.

Рӯзноманигор Абдувалии Бохтарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт:

Дар маркази пойтахти як кишвари соҳибистиқлол айб аст, ки лавҳаву овезаҳо бо забонҳои ғайр ё пур аз иштибоҳот навишта шуда бошанд. Бояд тавре бошад, ки мо бо дидани ин овезаҳо ифтихор аз забонамон ва сарзаминамон кунем.

Забоншинос ва рӯзноманигор Саттор Қарохонов мегӯяд, сабаби дигари ба кундӣ татбиқ шудани забони давлатӣ ин аст, ки беш аз як фоизи аҳолии пойтахт ва кормандони масъули идораҳои давлатӣ афроди ба истилоҳ, "русшуда" мебошанд ва намехоҳанд, ки ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ ва коргузорӣ кунанд.

Вақте мо ба хориҷа сафар мекунем, бояд бо забони модарии худ сӯҳбат кунем, на бо забонҳои дигар. Бигузор моро тарҷума кунанд. Таззодро бинед, ки мардуми аз хориҷа омада кӯшиш мекунанд бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кунанд, аммо бархе аз тоҷикон кӯшиш мекунанд, ин забонро аз ёд бубаранд.

Дар ҳамин ҳол, Анвар Шарифов, раиси идораи ҳифзи ҳуқуқи масрафкунанда ва рекломи Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, мегӯяд ахиран дар қонуни огаҳӣ (реклом), дигаргунӣ ворид карда шудааст, ки тибқи он бояд дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, куллияи огоҳиҳои бозаргонӣ ва шиору овезаҳо ба забони давлатӣ навишта шаванд:

Дар ҳеҷ як ҷумҳуриҳои минтақа чунин нест, аммо мо ба қонуни реклом ворид кардем, ки тамоми огоҳиҳои бозаргонӣ бо забони давлатӣ навишта шаванд ва баъдан дар поини онҳо бо ҳарфҳои хурд бо забонҳои дигар навишта шаванд.

Ба ин тартиб, аксари забоншиносон бар инанд, ки барои дуруст ва беғалат навиштани овезаву лавҳаҳо бояд як бахши махсус дар Кумитаи ислоҳоти забоншиносӣ созмон дода шавад.
XS
SM
MD
LG