Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон баъди 22 соли истиқлоли ин кишвар мехоҳанд ба исмҳои хонаводагии русӣ баргарданд? Иллат танҳо дар мушкилоти сафари Русия аст?

Ҳасан Саъдуллоев ду сол пеш Ҳасани Абдулло ном дошт ва мегӯяд, ба иллати номаш дар сафари Русия дучори мушкилот шуд. Ин донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меафзояд, баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон номи худро русӣ кард: «Вақте насабамон тоҷикӣ буду ба Русия рафтем, мушкил пеш омад. Ба ҷои он ки дар ҳуҷҷат се ном бошад, яъне номи худам, падар ва бобоям, дар ҳуҷҷати ман номи худаму номи падарам буд. Инро баҳона карда, маро пеш карданд.»

Тағйири номҳои тоҷикӣ ба русӣ, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон густариш ёфтааст, ахиран мояи интиқоди додситони кулли Тоҷикистон шуд. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар як матлаб дар нашрияи расмии ҳукумат аз он нигаронӣ кард, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш меёбад. Ӯ бо такя ба оморе, ки додситонӣ аз санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва мудирияти ҳарбӣ ба даст овардааст, эълон дошт, ки солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори давлатӣ ба ин раванд мусоидат менамоянд.

Додситони кул аз ҷумла навишт, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат 177, Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ 223 донишҷӯ аз номи тоҷикии худ даст кашида, исми худро ба тарзи пешинаи номгузорӣ бо иловаи суффиксҳои “ов” ва “вич” тағйир додаанд.

Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1990 ба номгузории миллии шаҳрвандонаш иҷозат дод ва ҳама ба тифлони навзод номҳои хонаводагии тоҷикӣ медоданд. Ҳамон давра маъмул шуд, ки ба исми кӯдак исми падарашро ҳамчун исми хонаводагӣ ҳамроҳ кунанд, дар ҳоле ки номгузории маъмули замони Шӯравӣ 3 рукнро дар бар мегирифт – ном, номи падар ва номи хонаводагӣ. Аммо дар солҳои охир мушоҳида мешавад, ки мутаваллидони ибтидои солҳои 90, ки ҳоло ба синни муҳоҷирӣ расидаанд, номҳои худро ба ҳамон шакли қаблии русӣ тағйир медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар Русия бо номҳои тоҷикӣ дучори мушкил мешаванд, ба хусус агар дар аснод танҳо ном ва номи падар бошаду исми хонаводагӣ зикр нашуда бошад. Чанде аз ҳамсуҳбатони мо ҳам ин нуктаро зикр карданд, ки далели тағйири ном барои муҳоҷирин қабл аз ҳама ихроҷ ё депорт шудани онҳост ва ба хотири фирефтани чашми мақомоти рус тағйири ном мекунанд.

Дар раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ ё ЗАГС) – и вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки номаеро аз мақомоти Русия дар бораи иштибоҳҳо дар асноди шаҳрвандони кишвар дастрас накардаанд ва ҳам ин омор вуҷуд надорад, ки чӣ теъдод шаҳрвандон дар ин муддат тағйири ном кардаанд.

Шаҳодат Ҳайдарова, мутахассиси раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯяд, теъдоди онҳое, ки тағйири ном кардаанд, бештар аз 100 нафар нест. Вай дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, асосан онҳое тағйири ном мекунанд, ки ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома дар номашон иштибоҳ рафтааст, яъне фақат номи худу номи падарро зикр кардаанд, ё ба ҷои номи падар номи худи шахсро навиштаанд: «Аммо ин барои мо асос шуда наметавонад, ки онҳоро дар Русия иҷозат надодаанд. Агар ҳар се ном – номи худ, номи падар ва насаб зикр шуда бошад, чаро дар Русия мушкил эҷод мешудааст? Ва агар аризае ҳам бо ин баҳона ба мо ворид шавад, мо онро баррасӣ намекунем.»

Ва аммо раванди гузариш ба номгузории миллӣ хеле кунд пеш меравад. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари 513 донишҷӯи се донишгоҳ, ки номгузории русиро интихоб кардаанд, танҳо 2 нафар номҳои худро тоҷикӣ кардаанд.

Шодмон Аҳмадов, сарвари шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, интихоби ном ихтиёри ҳар нафар аст: «Вақте бо бархе донишҷӯён суҳбат кардем, гуфтанд, ки ҳуқуқи конститутсионии ман аст. Чун ҷомиаи демократист, ихтиёри ҳар кас аст, ки чӣ гуна ном интихоб мекунад.»

Э.Раҳмон

Э.Раҳмон

Бино бар қоидаҳои мавҷуда, агар шахс хоҳад, ки номи худро тоҷикӣ кунад, бояд 80 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 8 сомонӣ харҷи ҳуҷҷатро супорад. Аммо агар оиладор бошад, ӯ бояд номи аҳли оилаашро низ миллӣ кунад ва ин барои ӯ сари ҳар нафар 48 сомонӣ тамом мешавад. Мӯҳлати табдили ном то 6 моҳ идома мекунад, зеро дар ин муддат ӯ бояд аз вазорати корҳои дохилӣ ҳам ҳуҷҷатби орад, ки ягон парвандаи ҷиноӣ надорад.

Гузариш ба номгузории миллӣ дар Тоҷикистон пас аз 21 марти соли 2007 ба «мӯд» даромад, замоне, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов номи худро ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод. Он замон аксари аъзои кобинаи ӯ, ба шумули Ҳамроҳхон Зарифӣ, Гул Шералӣ, Шариф Раҳимзода ва дигарон тағйири ном карданд. Вале баъди нашри як силсила матолиби интиқодӣ дар матбуоти Русия, ки Раҳмонро ба далели табдили номаш ба гурез аз меҳвари Маскав муттаҳам карданд, маъракаи табдили номҳо дар Тоҷикистон зуд хомӯш шуд ва ҳатто бахши аъзами мансабдорони баландпоя, ки дар табдили ном дер карданд, бо ҳамон “ов”-у “вич” монданд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳадс мезананд, ки интиқоди додситонии кул аз тағйири номгузории тоҷикӣ бо мусоидати мақомоти давлатӣ мавҷи ин равандро тақвият хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG