Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот ба таҳқиқи марги сарбози 20-сола пардохтанд


Манучеҳр Сабуров

Манучеҳр Сабуров

Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, ки иллати марги Манучеҳр Сабуров дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Мурғобро таҳқиқ мекунад. Аммо мақомоти ин ниҳод эҳтимоли латту кӯби ин сарбозро рад карданд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги Манучеҳр Сабурови 20-сола дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоб оғоз кардааст. Ин сокини ноҳияи Нуробод моҳи майи соли ҷорӣ довталабона ба сафи артиш рафта, ҷасадаш 8 ноябри соли ҷорӣ ба дасти волидонаш супурда шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 17 ноябр ба Озодӣ гуфт, ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Манучеҳр барвақт аст ва бояд то эълони хулосаи ташхисгарон мунтазир монд. Ӯ гуфт, ки ба хотири мушаххас кардани сабаби аслии марги Манучеҳр Сабуров ҳамаи санадҳои лозим дастрас шудаанд.

Аммо Улуғхоҷаев эҳтимоли аз зарбу лати ҳамхидматонаш ба марг расидани Манучеҳрро баъид донист.

Наздикони Манчуеҳр Сабуров мегӯянд, намояндагони қисми ҳарбӣ ҳангоми супурдани ҷасади писарашон ба онҳо сабаби марги ӯро “дарди қалб” гуфтаанд. Аммо Гулиноз Назарова - модари Манучеҳр ва сокини деҳаи Саридашти ноҳияи Нуробод, 120-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, 17 ноябр ба Озодӣ гуфт, ба ин фарзия ҳеч бовар надорад ва мехоҳад, ки ҳақиқати марги писараш ошкор шавад. Дар ҳоле ки ба қавли модари Манучеҳр, “бо писарам дар тамос будем. Ӯ аз вазъи саломаташ шикоят надошт.”

Абдуҷалил Сабуров - падари Манучеҳр мегӯяд, масъулони қисми ҳарбии Мурғоб ба ӯ гуфтаанд, ки “баъди аз Хоруғ ба Мурғоб бурдани Манучеҳр вай дар баландкуҳ дучори беморӣ шуда, дилаш танг мешуд ва дар вақти омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Сарқонун дар вақти қадамзании сарбозон афтода ва дар роҳ то беморхона ҷон додааст.” Абдуҷалил Сабуров мегӯяд, ҳукумати ноҳияи Нуробод дар вақти хоксупории писараш 4 халта орд оварда, вале сабаби аслии марги писрашро шарҳ надодаанд.

“Ман фарзанди сиҳатамро ба хизмати аскарӣ фиристодам. Барои чӣ намегӯянд, ки ба вай чӣ ҳодиса шудааст? Писари ман рӯзи 6 ноябр фавтидааст ва ҷасадашро рӯзи 8 ноябр оварданд. Агар писари ман бемории қалб дошт, чаро то фавташ ба волидонаш хабар надоданд ва ба беморхона набурданд?” – савол гузошт Абдуҷалил Сабуров.

Манучеҳр Сабурови 20-сола, сокини деҳаи Саридашти ноҳияи Нуробод, баъди муҳоҷирати корӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ довталабона ба хизмати аскарӣ рафта ва ба қавли наздиконаш аввал ба қисми ҳарбии Хоруғ ва сипас ба Мурғоб интиқол дода шудааст.

Дар ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда муҷримоноро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё дедовшина кори сахт аст.

Танҳо дар моҳҳои июн - июли соли ҷорӣ чаҳор сарбози тоҷик - Фирдавс Раҳматов, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов ва Аъзам Убайдуллоев - дар натиҷаи муносибатҳои ғайриойинномавӣ ё "дедовшина"-и кӯҳнасарбозон ба дасти ҳамхидматонашон ба ҳалокат расидаанд. Дар пайи ин қазияҳо баъзе аз муттаҳамон ба зиндон фиристода шуд, баъзе аз масъулони қисмҳои низомӣ аз мақомҳои худ барканор гардиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG