Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии даъвои ҳизби наҳзати ислом бо шабакаҳои давлатии телевизиониро то 17 октябр мавқуф гузоштааст.

Намояндагони шабакаҳои давлатӣ дар ҷараёни мурофиа гуфтаанд, ки пахши барномаҳои интиқодӣ дар бораи ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ бо "иқдом"-и онҳо сурат нагирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар аризаи ҷавобии намояндаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ гуфта шудааст, барномаҳое, ки ҳамчун намоишҳои «зиддинаҳзатӣ» ном бурда мешаванд, на бо иқдоми кормандони шабакаҳои телевизионӣ, балки бо пешниҳоди идораҳои махсус сурат мегирифтанд ва вақти намоиш аз тарафи ин идораҳо харидорӣ мешуд.»

Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин гуфт, ба далели аризаи ҷавобии шабакаҳои телевизонии давлатӣ ба даъвои ҳизби наҳзати исломӣ додгоҳ барои ошноӣ бо аризаҳо мурофиаро то рӯзи панҷшанбе мавқуф гузошт. Ҷаноби Ёров меафзояд, ки тақрибан ба ин мазмун ҳам телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва ҳам шабакаҳои дигари давлатӣ ариза пешинҳод кардаанд ва иддаои ҳизби наҳзатро дар хусуси ин ки Кумитаи телевизион ва радио махсус зидди ҳизб иқдом кардааст, рад кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ мехоҳад аз додгоҳ дархост кунад, то шабакаҳои давлатӣ дар чунин сурат аз ҷониби кадом идораҳо таҳия шудани барномаҳои зидди наҳзатро эълом кунанд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки рӯзи 17 октябр дар мурофиаи навбатӣ ин дархостро ба додрас хоҳад расонд.

Ҳизби наҳзати ислом- умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво бурда буд, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ туҳмату буҳтон ва бадномсозиҳои ин ҳизбро хотима диҳанд ва расман узр пурсанд. Тайи моҳҳои охир тавассути тақрибан ҳамаи 4 шабакаи давлатӣ намоишҳое нашр шуданд, ки дар он ба шиддат аз фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ интиқод шуда ва мусоҳибон, ки асосан фаъолони собиқи ин ҳизб дар навоҳии мухталиф буданд, аз узвият дар ҳизби наҳзат даст кашида, вуҷуди чунин ҳизберо дар кишвар нозарур мехонданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ ин намоишро сохтаву ҳадафмандона ва маъракаи барномарезишудае ба хотири бадном сохтанаш медонад. Ба қавли мақомоти ҳизб, аъзои собиқи ин ташаккулро маъмулан таҳти фишор маҷбур мекунанд, ки дар пеши микрофон лаб ба танқиди он бикушоянд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати муовини раиси додгоҳ Ҳафиз Темиров рӯзи 8-уми октябр баррасии даъвои ҳизби наҳзат алайҳи се шабакаи давлатии телевизионӣ - Шабакаи аввал», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-иро шурӯъ карда, ба намояндагони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ин шабакаҳо то 14-уми октябр мӯҳлат дод, ки назари худро дар робита ба ин даъво ироа кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG