Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Видеои суханони Кабирӣ дар бораи Душанбе ба додгоҳ супурда шуд


Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ

Вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, суханони зерҳимояаш дар бораи вазъи экологии пойтахт "дар шакли дигар" ба расонаҳо роҳ ёфтааст.

Видеои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ, дар бораи вазъи экологии пойтахт, ки ба ҳукумати Душанбе пешниҳод шудааст, эҳтимол раванди баҳси шаҳрдорӣ бо ӯро тағйир диҳад. Дар ин навори видеоӣ, ки ҳудуди чаҳор дақиқа асту ба мо низ дастрас шуд, ҷаноби Кабирӣ аз дарахтбурии зиёд ва ба ҷои гулгаштҳо бунёд шудани биноҳои баландошёнаи "сементӣ" нигаронӣ мекунад.

Ӯ аз ҷумла дар ин суханронии худ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфтааст, "...дар пойтахт садҳо ва шояд ҳазорҳо дарахт канда мешавад. На ягон комиссия, на ягон кумитаи масъул ва на ягон созмони ғайридавлатие, ки масъули ҳифзи табиатанд, садо баланд намекунанд. Мо намегӯем, ки ин проектҳо амалӣ нашаванд. Вақте проекти генералист, бояд сохта шавад. Вале оё ягон кас фикр кард, ки бо кандани дарахтҳо мо вазъи экологии шаҳрро ба кадом ҳол мерасонем? Ин масъалаест, ки диққати масъулинро ба он ҷалб кунем, ки кандани дарахтҳои бешумор шояд дар оянда моро ба мушкил гирифтор кунад..."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, суханронии нафари таҳти ҳимояташ дар шакли аслӣ дар матбуот инъикос нашуда ва шаҳрдорӣ низ аз он "хулосаи нодуруст" баровардааст. Ӯ мегӯяд, "шаҳрдории Душанбе бар асоси матлаби торнамои Tojnews алайҳи Муҳиддин Кабирӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст, на аз рӯи суҳбати аслии Кабирӣ оид ба вазъи экологии пойтахт, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баён шуд."

Дар торнамо ё сайти Tojnews аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон оид ба вазъи экологиии шаҳр оварда шудааст, ки "агар дарахтбурӣ дар пойтахт ҳамчунон идома кунад, дар 10 соли дигар Душанбе урён мешавад".

Бузургмеҳр Ёров афзуд, ин навори видеоӣ ва даъвои онҳо дар хусуси рӯёндани 20 миллион сомонӣ барои таҳқири ҳайсият ва шарафи Муҳиддин Кабирӣ, ба унвони вакили Маҷлиси намояндагон, рӯзи 18-уми декабр расман ба намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе пешкаш карда шудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки баҳси шаҳрдорӣ бо Кабириро баррасӣ дорад, барои тарафҳо ба хотири ҳарчӣ бештар ошно шудан ба даъвоҳои якдигар вақти бемуҳлат додааст.

Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG