Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Миллии Тоҷикистон иҷозатномаи бонки хурди “Ҳамдастӣ”-ро бозхонда, ин ниҳоди молӣ бо қарори додгоҳ “муфлис” эълон шудааст.

Намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, бонки хурди “Ҳамдастӣ” дар маркази вилояти Суғд ба сабаби “иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон” дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба таври “маҷбурӣ” барҳам дода шуд. Ахиран додгоҳи иқтисодӣ ин бонки хурдро “муфлис” эълон кард. ​

Зебо Сираева – масъули бахши матбуот дар намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд рӯзи 30 апрел ба Озодӣ гуфт, “Ҳамдастӣ” дар соли равон танҳо бонк дар вилояти Суғд аст, ки иҷозатномаи фаъолияташ аз ҷониби Бонки Миллӣ бозхонда шуд."

Бонки миллии Тоҷикистон “Ҳамдастӣ” ва яке дигар созмони амонатгузориву қарздиҳӣ “Молия ва сармоя”-ро ҳанӯз моҳи июни соли гузашта барои “риоя накардани талаботи қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз ҳаққи додани қарз ва ҷалби амонатҳо ба муддати як сол маҳрум карда буд. Ҳамчунин, ин ду ташкилоти хурди қарзиву амонатӣ аз ҷониби Бонки Миллӣ муваззаф шуда буданд “ба хотири беҳтар намудани ҳолати молиявии ҷамъият” ва “иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз” баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба ин ниҳоди асосии молии кишвар пешниҳод намоянд.

Ҳоло қатъи фаъолияти бонки хурди “Ҳамдастӣ” баёнгари он аст, ки муфлисӣ нагузошт аз қарзҳои сармоягузорону амонатгузоронаш халос шуда ва ба фаъолияташ идома диҳад.

Даҳҳо тан аз шарикону мизоҷони ин бонк пулҳои барои гардиш ва пасандоз гузоштаи худро аз ин бонки муфлисшуда наметавонанд бозпас гиранд. Онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баргардондани маблағҳояшон шикоят бурдаанд. Додситонии Суғд ба таҳқиқи ин қазия машғул аст.

Вале саволи аслӣ ин аст, ки “тақдир” –и пули барои гардиш ва амонат гузоштаи сокинон чӣ мешавад? Оё пули онҳо баргардонида мешавад? Сурайё Почоҷонова, мудири кулли бонки ҳоло бастаи “Ҳамдастӣ” нахост ба ин саволҳои Озодӣ посух диҳад: “Ҳама саволу дархостҳои худро ба рафиқе, ки Бонки Миллӣ ӯро таъин кард, ироа кунед. Ва лутфан, дигар ба ман занг назанед.”

Сокиноне, ки пулашонро бонки “Ҳамдастӣ” барнагардондааст, раҳбарони ин бонкро барои “мудирияти нодуруст” - у “хӯрдани пул” – и шарикону мизоҷонаш муттаҳам мекунанд. Аммо дар назари бархе дигар худи раҳбарони ин бонк “қурбони буҳрони молӣ” ва “пастравии қурби сомониву ноёб шудани асъори хориҷӣ” шудаанд, ки сокинони қарзгирифта натавонистанд вомҳои худро баргардонанд ва бонкро варшикаста карданд.

Баҳром Солиев, сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, масъулони бонки “Ҳамдастӣ” бо хоҳари вай – Зиннатой Солиева муомилоти пулие доштанд, ки билохира хоҳарашро ба зиндон бурд: “Кормандони бонк ба номи хоҳараму падарам ва бо имзои сохта 37 ҳазор доллар қарз гирифта, бо фоидаи баланд ба дигарон додаанд. Аммо вақти тафтиш мақомот ин пулҳоро аз хоҳарам пурсиданд. Вай як соҳибкори оддӣ буд, натавонист аз ҷайби худаш пардозад ва бо гуноҳи “қаллобӣ” 9 сол ҳабсаш карданд."

Гавҳаралӣ Ёров, масъули барҳамдиҳии бонки “Ҳамдастӣ” мегӯяд, таҳқиқи ин қазияву имкони багргардондани маблағҳои мизоҷони ин бонк шурӯъ шуда, эҳтимол то ду соли таъиншуда аз сӯи додгоҳ идома хоҳад дошт. Ӯ гуфт, дар навбати аввал ҳалли мушкили баргардондани пули шарикону мизоҷони бонк аст, ки дар назди мудири бонк матраҳ кардаанд: “Касоне, ки пул гирифтанд, гурехта рафтанд, акнун раҳбари ТАҚҲ “Ҳамдастӣ” онҳоро кофта гаштааст, ки пули мизоҷонро баргардонад.”

Мизоҷони “Ҳамдастӣ” қарзи ин бонки хурд аз шарикону мизоҷонашро ҳудуди 1 миллион доллар меноманд, вале афроди наздик ба таҳқиқи ин қазия онро камтар медонанд. “Ҳамдастӣ" соли 2009 ба ҳайси “ташкилоти қарздиҳии хурд” дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буд. Ба гуфтаи масъулонаш, ин бонки хурд дар системаи бонкии Суғд, ки дар канори чанд бонки бузург ҳудуди 25 бонку бунёдҳои хурди қарздиҳиро дар бар мегирад, ҷойгоҳи қавие надошт. Теъдоди муштариёнаш ҳам ҳамагӣ чандсад нафар буд ва он ба мизоҷонаш то 4 ҳазор доллар қарз медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG