Пайвандҳои дастрасӣ

«Агроинвестбонк», як бонки тиҷоратии Тоҷикистон, хизматрасонии бонкиро бар пояи қавонини шариати Ислом ба роҳ мондааст.

Акнун, «Агроинвестбонк» барои бори аввал дар Тоҷикистон ба мизоҷонаш аз рӯи қонунҳои шариат қарз хоҳад дод. Ибодулло Саидмуродов, муовини раиси бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» гуфт, акнун бонк ҳамчун ҳамкор ба мизоҷаш қарз дода, ба соҳибкор ҷиҳати анҷом додани фаъолияташ ҳамдастӣ мекунад ва раванди амалишавии онро таҳти назорат мегирад. Вай афзуд, фоида миёни бонк ва соҳикор бар пояи созишномаи қаблӣ ду тақсим мешудааст.

«Агроинвестбонк» - аввалин бонки Тоҷикистон аст, ки дар асоси қонунҳои шариат бо мизоҷон ҳамкориро оғоз кардааст ва дигар бонкҳои кишвар бар гирифтани суд аз қарз фаъолият мекунанд.

Фаъолият бидуни суд аз қарз танҳо хоси бонкҳои исломист, ки дар кишварҳои исломӣ ба чашм мехӯрад ва тибқи қавонини Ислом фоида аз қарз ҳаром дониста мешавад. Точикистон расман кишвари дунявӣ маҳсуб гардад ҳам, аммо тибқи омори расмӣ 97 дарсади аҳолии кишварро мусалмонон ташкил мекунанд.

Масъулини «Агроинвестбонк» мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии тартиби исломии кори бонкӣ ҷалби сармоягузориии кишварҳои исломӣ ба иқтисоди кишвар аст. Тибқи иттилоъи «Агроинвестбонк» тавофуқ рӯи сохтори исломии фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон таи як вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳайъати Корпоратсияи исломии рушд ҳануз моҳи июли соли 2006 дар Душапнбе ҳосил шуда будааст. Ва ҷониби Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармоягузории бонкҳои исломӣ шартҳои Корпоратсияи исломии рушдро, аз ҷумла гузаштан ба сохтори бонкии исломиро пазируфтааст.

Ибодулло Саидмуродов, муовини раиси бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» гуфт, ҷонибдорони тартиби исломии ҳамкорӣ бо бонкҳо зиёд будаанд, аммо «Агроинвестбонк» наметавонад, ба ҳамаи хоҳишмандон қарз диҳад. Зеро ҳоло Корпоратсияи исломии рушд ба ин бонк ҷиҳати бо ин тартиб қарздиҳӣ танҳо 1,5 миллион доллар маблағ ихтисос додаст ва ин маблағ фақат ба ширкатҳои хусусӣ дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор доллари амрикоӣ дода мешавад.

Оқои Саидмуродов афзуд, «Агроинвестбонк» танҳо барои ташкил намудани истеҳсолот ва тиҷорати шаръӣ қарз медиҳад, аммо барои фаъолиятҳое, ки Ислом манъ менамояд, амсоли ташкили қиморхона, ташкили коркарди тамоку ва шаробхона маблағ дода намешавад.

Коршиносон мегӯянд, тарзи нави қарздиҳӣ барои роҳандозии корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар метавонист, мусоидат кунад, аммо кам будани маблағи тахсисёфта, яъне 1,5 милион доллар ин имкониятро заъиф мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG