Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки миллии Тоҷикистон аз "Фононбонк" хостааст, то дар муддати то як моҳ нақшаи "беҳбуд сохтани вазъи молиявӣ"-и худро ба БМТ ирсол кунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бар асоси қарори БМТ раҳбарияти "Фононбонк" муваззаф шудаанд, то дар муддати як моҳи оянда нақшаи беҳбуди вазъи молиявии ин бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

5 октябри соли гузашта Бонки Миллии Тоҷикистон "ба хотири беҳсозии вазъи молиявӣ"-и “Фононбонк” дар ин бонки тиҷоратӣ барои се моҳ раҳбарияти муваққатро таъин карда буд. Ҳамакнун ба далели сипарӣ шудани муддат фаъолияти Мудирияти муваққатии "Фононбонк" поён ёфтааст.

Он замон Бонки миллӣ гуфта буд, бештари муштариёни бонк қарзҳои гирифтаашонро дар муддати муқаррар напардохта ва ин амр ба вазъи молии "Фононбонк" таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба ин далел Бонки миллии Тоҷикистон ба манзури "беҳбуди вазъи молӣ ва ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздиҳандаҳо" аз ҷумлаи кормандони собиқадори БМТ барои "Фононбонк" Маъмурияти муваққат таин карда буд.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон 7 октябри соли гузашта ба Озодӣ гуфта буд, дар пайи тафтишии фаъолияти "Фононбонк" мавориди суиистифода аз мақоми хидматии Самихон Қурбонов, раиси пешини ин бонк ошкор шуда ва натоиҷи тафтиш ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол шудааст.

Ба дунболи он Самихон Қурбонов, раиси барканоршудаи "Фононбонк" ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт гардид.

Он замон манобеъи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки Самихон Қурбонов на дар ҷиноёти молиявӣ, балки дар робита бо гурӯҳи шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ва "ширкат дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон" гумонбар мешавад.

Дар рӯзи 9 октябри соли гузашта ду муовини раиси "Фононбонк" низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо иттиҳоми мушобеҳ боздошт шуда ва пас як ҳафтаи бозрасӣ раиси собиқ, муовинон ва кормандони дигарии боздоштии ин бонк бинобар собит нашудани иттиҳоми ворида озод шуданд.

“Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд. Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG