Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беэътиноии раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати САҲА (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳеҷ кадоме аз раҳбарони аввали аҳзоби сиёсии Тоҷикистон шахсан ба мулоқот бо ҳайати нозирони САҲА ҳозир нашудааст, ки ба бовари ағлаб, аз коҳиш ёфтани нуфузи ин созмон дар арсаи сиёсии ин кишвар дарак медиҳад.

Аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, агар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 низ аз рӯи тарҳрезиҳои ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад, паёмадҳои нохушеро бояд интизор шуд. Ин нуктаро онҳо дар суҳбатҳои вижа бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки нозири ҳамешагии интихоботҳои Тоҷикистон аст, баён доштаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар мулоқот бо ҳайати аврупоӣ изҳор доштааст, ки дар хориҷу дохил гурӯҳҳои тундраве сари кор омадаанд ва онҳо дигар интихоботро роҳи ҳалли беҳбуди вазъ дар кишвар намебинанд: “Ҳеҷ кас тазмин карда наметавонад, ки дар сурати анҷоми интихоботҳо бо дуздии раъйи мардум ва тақаллуб ин гурӯҳҳо даст ба ноамнӣ намезананд. Танҳо овозаи як гирдиҳамоӣ, ки баргузор нашуд, чӣ қадар ҳукуматро ба таҳлука овард. Бояд ҳукуматро инро андеша кунад. Андешаи амнияту суботи кишварро дошта бошад ва роҳи ягонаи наафтодан ба ин варта интихоботи шаффофу демократӣ аст.”

Ҳоло сафари дурӯзаи ҳайати сенафараи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ бо фазои тоинтихоботии Тоҷикистон дар ҳоли поён ёфтан аст.

Ричард Лаппен, мушовири калони ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, бо мақомоти ҳукуматӣ, Кумиссиюни марказии интихобот, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳо мулоқотҳо анҷом дода, то ду-се ҳафтаи дигар натиҷагириҳояшонро дар дастраси ҷомиа қарор хоҳанд дод. Вай афзуд: “Тоҷикистон ба мисли 57 узви САҲА барои баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ тааҳҳуд кардааст. Мо умедворем, ки вақте бармегардем, маҳз ҳамин гуна як интихоботро хоҳем дид.”

Ҳушдори аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихоботҳои қаблӣ низ садо медод, аммо интихоботҳои бар пояи хостаҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки ағлаб аз намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иборат аст, баргузор мешуданд. Ин вазъ дар ҷомиа ин андешаро ба бор овардааст, ки аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дигар таъсире дар беҳбуди низоми мавҷуда дошта наметавонанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳизби дигар мухолифи ҳукумат, бо эътирофи он, ки ҳукумат тамоми василаҳои таблиғотӣ ва молиявиро таҳти назорати худ гирифта, фаъолияти аҳзобро дар қиёс бо интихоботҳои қаблӣ маҳдуд кардааст, мегӯяд, бо ин вуҷуд аҳзоб роҳу усулҳои алтернативиеро пайдо карда, пеш мераванд. Оқои Ҳакимов афзуд: “Онҳо ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, мекунанд, аммо мардум низ бояд фаъол бошад. Бидуни дастгирии шаҳрвандон ва ташаббусҳои созмонҳои иҷтимоӣ расидан ба ҳадаф имкон надорад. Ягон давлат, аз ҷумла демократӣ, бо ташаббуси худ низоми сиёсиро мукаммал намекунад, бо фасоду дигар мушкилоти ҷомиа мубориза намебарад.”

Интихоботҳои ахире, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз сӯи ниҳодҳои байнулмилалии нозир, аз ҷумла Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ношаффофу ғайридемократӣ унвон мешуданд. Нозирони САҲА пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ба хотири беҳбуди интихоботҳо ба Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон 25 тавсия пешниҳод карданд, ки 18 – тои он, аз ҷумла ҳаҷми гаравпулӣ коҳиш ёфт, тартиби пур кардани баргаҳои райъ ва протоколҳои интихоботӣ, иҷозаи афрод барои вакилии порлумон, ки дорои маълумоти олӣ нестанд ва ғайра, қабул шуданд. Аммо ба иддаои аҳзоби сиёсӣ, муҳимтарини тавсияҳо – ширкати намояндагони аҳзоб дар қитъаҳои интихоботӣ қабул нашуда, онҳо фақат дар ҳавзаҳо ва худи комиссияи марказӣ намоянда доранд.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, нозирони САҲА бо ҳамон таассурот ва сӯҳбатҳое бармегарданд, ки дар гузашта дидаву шунида буданд. Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои як интихоботи одилонаву шаффоф омода аст ва аҳзобу ҷомиаи шаҳрвандӣ аз маҳдудиятҳое суҳбат мекунанд, ки чун ҳамеша аз сӯи ҳукумат барояшон эҷод мешавад.

Зиё Раҳмон, аз раҳбарони ҳизби аграрии Тоҷикистон, ба ин нукта ҳам ишорат мекунад, ки ҳатто суолҳое, ки ҳайати САҲА медиҳанд ва хулосаҳои пешазинтихоботиву пасазинтихоботии онҳо маълуманд: “Онҳо бархе суолотеро матраҳ мекунанд, ки ба менталитети мо рост намеояд. Онҳо ҳатто ҳаёти моро намедонанд. Намедонанд, ки мо имрӯз дар кадом ҳолат ҳастем. Хулосаҳои онҳо аз пажӯҳишҳои маҷмӯъӣ аст.”

Аҳзоби мухолиф ҳукумати Тоҷикистон низ мегӯянд, таҷрибаи 15 соли ахир нишон дод, ки ниҳодҳои байнулмилалии нозири интихобот дар баргузор шудани як интихоботи одилонаву шаффоф дар Тоҷикистон саҳме дошта наметавонанд, магар инки худи ҳукумат ва ҷомиаи кишвар даст ба кор шавад. Бар ин беътимодӣ ин нукта низ далолат мекунад, ки бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҳеҷ як аз раисони аҳзоби Тоҷикистон мулоқот накарданд.

XS
SM
MD
LG