Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ростои интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳушдор доданд, ки ношаффоф гузаштани он метавонад суботи ҷомеаро ба ҳам занад.

Ойниҳол Бобоназорова, раҳбари созмони «Перспектива плюс» ва ҳуқуқдони тоҷик рӯзи чоршанбеи-18-уми июн зимни ҳамоиши «Масоили муҳими вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон» нооромиҳои ахир дар бархе аз кишварҳои пасошӯравиро натиҷаи баргузории интихоботи ношаффоф донист. Биноан, ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин фароянд, ба тавсияҳои Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо диққати ҷиддӣ диҳад ва онҳоро амалӣ намояд.

Ҳуқуқдони тоҷик аз ҷумла гуфт, «агар мо стандартҳоеро, ки оиди ҳуқуқи инсон ва интихобот вуҷуд доранд, ягон интихоботи мо ба он стандартҳо мувофиқат намекунанд. Бубинед, ки соли 2008 як комиссия оиди дигар кардани қонуни интихобот ташкил карда шуд, ки дар он аҳзоби сиёсӣ, намояндагони парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил буданд. Ва барои дигар кардани ин қонун санадҳо ва таклифҳои хеле хуб сурат гирифт. Ҳама розӣ шуданд, ба ғайр аз ҳизби ҳоким, ки дар он имзо нагузошт. Аҷиб аст, ҳизбе, ки худро пурқувват меҳисобад, аъзои Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

зиёд дорад, аммо аз чизҳои ҷиддӣ хеле метарсанд ва ҳамеша зидди он аст. Дар парлулмон вақте, ки ҳизбҳои мухолиф чанд таклифҳо карданд, ҳатто аз кумитаҳое, ки бояд муҳокима мешуд ба парлумон нарафт. Имрӯз мо мебинем, ки дар нисбати баъзе аз ҳизбҳо агар помидору тухм мепартоянд, фардо чизи дигар мешавад. Хеле метарсам, ки ин нотинҷиро ба вуҷуд меорад. Ман як бори дигар аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳое, ки бояд баргузории ин маъракаро таъмин мекунанд, хоҳиш мекунам, ҳушёр шаванд. Онҳое, ки ба чунин амал даст мезананд, пеши роҳашонро гирифтан ва ҷазо додан лозим аст, вагарна суботи ҷомеа зери хатар мешавад.»

Ойниҳол Бобоназорова бо ишора ба 7 ислоҳи ахир дар қонуни интихоботи порлумонӣ, таъкид кард, ки ин дигаргуниҳо камаҳамиятанд ва барои баргузории интихоботи демокративу одилона нақше надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Алла Қувватова, таҳлилгари тоҷик ба зарурати мувозинати занону мардон ҳангоми баргузории интихоботи порлумонӣ дахл карда, пешниҳод намуд, ки аҳзоби сиёсӣ дар феҳристи ҳизбии худ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ канори як мард, як занро пешбарӣ намоянд. Вай афзуд, «хеле хуб мебуд агар ҳизбҳои сиёсии кишвар ақаллан барои муваққатӣ ин тавсияро қабул кунанд. Мутаассифона тавре мо мебинем, ҳоло ҷавонону занон ва намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар парлумон ва миёни вакилони мардумӣ хеле каманд. Ва мо бояд ба ҳамин масъала таваҷҷӯҳ кунем, зеро дар интихоботи навбатии парлумонӣ вакилони маҳаллӣ низ интихоб мегарданд. Ва ҳамчунин яке аз дигар мушкил ин то ҳанӯз тартиб дода нашудани феҳристи ягонаи интихобкунандон аст. Зеро тавре мо дар интихоботи президентӣ мушоҳида кардем, ба ҷузъ аз рӯйхати асосии интихобкунандагон, боз феҳристи алоҳида вуҷуд дорад.»

Изҳори назари намояндагони ҷомеаи маданӣ дар робита ба интихоботи демократӣ дар ҳолест, ки созмонҳои байналмиллалӣ борҳо аз шеваи баргузории интихобот дар Тоҷикистонро интиқод карда, ҳеч яке аз онҳоро озоду демократӣ нашумурдаанд. Ин танқид ҳам садо дод, ки бо вуҷуди эъломияҳои беҳбуди ин раванд давлати Тоҷикистон аз иҷрои тавсияҳои нозирони байнулмилалӣ худдорӣ мекунад.

Аммо мақомоти тоҷик ин иддаоро рад мекунанд. Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 нозирони САҲА ба мақомоти Тоҷикистон 25 тавсияро пешниҳод карданд, ки то кунун 18 - тои он комилан иҷро шудааст. Гузашта аз ин, ба иддаои ҷаноби Додоев, омодагӣ ба баргузории интихоботи порлумонӣ аллакай шурӯъ шудаву дар сатҳи баланд ҷараён дорад. раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, «сар аз 1-уми август, кормандони КМИРТ ба тамоми шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо кулли аъзоёни эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ, аҳзоби сиёсӣ ва намоянадгони васоити ахбори умум вохӯрӣ мегузаронанд ва мо тамоми чораҳоро меандешем, ки ин ин маърака, яъне интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоат дар сатҳи баланд баргузор гардад. Ҳоло як лоиҳаи ворид кардани ислоҳот ба «Қонуни конистутсионӣ дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқ, ки аз шӯро гузаштаву рӯзҳои наздик қабул мешавад ва дар он як банде илова шудааст, ки ваколати моро васеъ кардаанд. Яъне ки минбаъд рафти интихоботи Маҷлиси маҳаллиро низ мо назорат мекунем.»

Баҳсҳои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле ҷараён доранд, ки то интихоботи навбатии парлумонӣ наздик ба 8 моҳи дигар боқӣ мондааст.

Дар интихоботи парулмонии соли 2010, ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон, 55 курсиашро соҳиб шуд ва ба ҳар яке аз чаҳор ҳизби дигар -- аграрӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва наҳзати исломӣ – ду курсигӣ расид. Аммо интихоботи оянда ин таносубро ба куҷо хоҳад кашонд, ҳанӯз маълум нест ва гуфта шуд, ин на танҳо ба ислоҳи қонун ё талоши ҳизбҳои сисёӣ, балки иродаи кишвар дар баргузории интихоботи озоду одилона ва шаффоф бастагӣ хоҳад дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG