Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои 1 эъломия ва 5 санади ҳамкорӣ байни Душанбеву Кобул (ВИДЕО)


Имрӯз дар Кобул дар пайи мулоқоти раҳбарони Афғонистону Тоҷикистон миёни ин 2 кишвар 1 эъломияи муштарак ва 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай дар шаҳри Кобул байни ду кишвари ҳамсоя 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино бар ин манбаъ, Тоҷикистону Афғонистон ба як эъломияи муштарак дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр, созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Афғонистон имзо шуда, байни ҳукуматҳои ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳоти гумрук, фарҳангу ҳунар ва нашрияҳои савтиву тасвирӣ ва чопӣ ва ҳам дар мавридиташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ як ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ имзо шуд.


Гузориши видеоӣ аз расми имзои созишномаҳо байни Тоҷикистону Афғонистонро аз саҳифаи Озодивидео дар Ютюб тамошо кунед:


Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Карзай ва Раҳмон "ҳарду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд."

​Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар масъалаи интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, “Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову дурахшони Шумо мусоидат намояд.” Ҳомиди Карзай, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро ба поён мебарад, бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, ҳаққи ширкат дар интихоботро дигар надорад.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кобул рафт


Субҳи имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар раъси ҳайате аз мақомҳои баландпояи ин кишвар ба Афғонистон сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сафари президент Раҳмон ба Афғонистонро "расмӣ ва ба манзури ширкат дар чорабиниҳои идона ба муносибати панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз" унвон кард.

Ба иттиллои ин манбаъ раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масоили робитаҳои хориҷӣ, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанг, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об, Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт, Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти бештаре дар бораи барномаи сафари президент Раҳмон ба Афғонистон ироа накардааст. Ҳарчанд ин манбаъ мегӯяд, сафари раиси ҷумҳур ба Афғонистон "расмӣ" аст.

Ба ин тартиб имсол Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аст. Ба ин хотир Қасри вижаи наврӯзӣ дар теппаи Пағмон дар ғарби Кобул бунёд ёфта ва ин қаср бо маблағи 16 миллион доллар сохта шуда, дорои як толори бузург бо гунҷоиши 500 нафар низ мебошад.

Мақомоти афғон қаблан эълон карда буданд, ки раисони даҳ кишвари ҳавзаи Наврӯз омодагӣ кардаанд, ки дар ин барнома ширкат кунанд.
Ҳамчунин ба таъкиди Ҳасан Абдулилоҳӣ, вазири шаҳрсозии Афғонистон, ба иловаи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, Ҳинд ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ омодагии худро барои ширкат дар ин ҷашн эълон кардаанд.

Дар ҳоле, ки нооромиҳо дар Афғонистон густариш меёбад, аммо мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки "ҷашни наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кобул баргузор мешавад"

Ҳатто пештар мақомоти афғон овозаҳо дар мавриди ба таъхир афтодани барномаи наврӯзи байналмилалӣ дар Кобулро рад намуда ва гуфтаанд, ки он дар замони таъиншуда баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, дар маросими таҷлили наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кобул либосҳои афғонӣ, ғизоҳои маҳаллӣ, рақсу созҳои мардуми Афғонистон ба намоиш гузошта мешавад.
Зимнан, дар соли 2009 ҷашни Наврӯз аз сӯи Маҷмаии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шуд. Барои нахустин бор ин ҷашн соли 2010 дар Теҳрон-пойтахти Эрон бо мушорикати сарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ироқ, Озарбойҷон ва Туркия баргузор шуд.

Дувумин ҷашни наврӯзӣ соли 2011 дар Саъдободи Теҳрон ва севуми он, соли 2012 дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон доир шуд. Дар соли 2013 Туркманистон мизбони ин ҷашн буд ва имсол Кобул-пойтахти Афғонистон мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз мебошад.

Афғонистон дар ду даҳаи ахир барои нахустин бор аст, ки мизбони як чунин маросими байналмилалӣ, мебошад, ки дар он сарони чандин кишвар даъват шудаанд. Чолишҳои амниятӣ аз монеаҳои умдаи баргузории нишастҳои байналмилалӣ дар Афғонистон будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG