Пайвандҳои дастрасӣ

КМИРТ: Тоҷикистон аз 25 тавсияи САҲА 18 тавсияашро иҷро кардааст


Мақомоти интихоботии Тоҷикистон мегӯянд, аз 25 тавсияе, ки нозирони САҲА баъди интихоботи порлумонии соли 2010 ба Душанбе доданд, то имрӯз 18 тавсияаш иҷро шудааст.

Мақомоти интихоботии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони САҲА гузориш доданд, ки аз 25 тавсияи нозирони ин созмон, ки дар гузориши ниҳоии онҳо дар бораи интихоботи соли 201-уми порлумони Тоҷикистон зикр шуда буд, Душанбе алакай 18 тавсияашро иҷро кардааст.

Масоили омодагӣ ба баргузории интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 дар Тоҷикистон дар дидори Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо Ричард Лаппен ва Андрей Громов, намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (ДНДҲБ )-и Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Ин мулоқот имрӯз, 28 октябр сурат гирифтааст.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 28 октябр зимни ба Озодӣ гуфт, ки “ҷонибҳо дар ҳошияи масоили омодагиҳо ба интихоботи порлумонии моҳи феврал, сари тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ба Тоҷикистон дар бобати мутобиқ созии қавонини интихоботии ин кишвар сӯҳбат карданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, раиси КМИРТ дар ин дидор аз иҷрои аксарияти тавсияаҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА хабар дода ва гуфтааст, ки аз 25 тавсиаи ин созмон дар ҳоли ҳозир 18 тавсияаш иҷро шудааст. Масъулони КМИРТ коҳиши мизони гаравпулӣ, тартиби пур кардани баргаҳои райъ ва протоколҳои интихоботӣ, иҷозаи афрод баарои вакилии порлумон, ки дорои маълумоти олӣ нестанд ва ғайраро аз номгӯи тавсияҳои алакай иҷрошудаи САҲА унвон карданд.

Шермуҳаммади Шоҳиён ба ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА гуфтааст, ки чанд тавсияаи дигари ин созмон мондааст, ки дар ҳоли омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд. Аммо мақомоти тоҷик нагуфтаанд, ки оё мушаххасан кадоме аз тавсияҳои нозирони САҲА то имрӯз ҷиро нашудааст ва чаро?

Сафари ҳайати намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА нахустин боздиди масъулони ин созмон дар ростои интихоботи порлумонии моҳи феврали Тоҷикистон аст. Ҳайати ДНДҲБ –и САҲА дар ҷараёни сафари серӯза аз Тоҷикистон бо дигар мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла вазорати корҳои хориҷӣ, Додгоҳи олӣ, дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур ва ҳамчунин бо аҳзоб ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дидор мекунанд.

САҲА аз соли 2000 ҷараёни интихоботҳо дар Тоҷикистонро назорат мекунад. Вале нозирони ин созмон то кунун ягон интихоботи баргузоршуда дар ин кишвари пасошӯравиро озоду одилона, пуррақобат ва ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG