Пайвандҳои дастрасӣ

1 миллион - барои кумак ба 3496 бекор дар Хатлон


"Мардикорбозор"-и Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ

"Мардикорбозор"-и Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Хатлон дар соли гузашта ба тақрибан сеюним ҳазор бекори расман сабтиномшуда дар ин вилоят ба маблағи 1 миллион сомонӣ кумакпулӣ дода ва барои таъмини тиҷорати ҳудуди 1000 бекор 3 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд.

Раёсати Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои 3496 сокини вилоят, ки расман мақоми бекорро гирифтаанд, ба маблағи беш аз як милион сомонӣ кумакпулии якдафъаина додааст. Кумакпулӣ барои афоде, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамчун бекор сабт шудаанд, аз 200 то 250 сомонӣ будааст.

Ба пояи иттилои расмӣ, 90 дар сади афроде, ки расман мақоми “бекор”-ро дар Хатлон гирифтаанд, аз 18-сола то 45-сола буда ва теъдоде аз занону духтарон низ ба ин шумор ворид шудаанд.

Бахтиёр Давлатов, сармутахассиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Хатлон рӯзи 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди бекор дар шаҳру навоҳии вилоят барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат кардаанд: “Ҳамчун бекор аввал дар қайди шӯъбаҳои Оҷонсӣ истодаанд, ки ба онҳо кумаки яквақта дода шудааст. Инчунин онҳоро ба ҷои кор даъват месозанд, агар маълумот надошта бошанд касбомӯзанду соҳиби ҷои кор шаванд. Ин пул аз будуҷаи ҳукумати кишвар дода шудааст, ки сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳастанд.”

Умедҷон Каримов, ҷавони 34-сола сокини ҷамоати “Меҳнатобод”-и ноҳияи Бохтар амаълумоти олӣ надорад ва дар ҷустуҷӯи ҷойи кори мувофиқ аст, ки тавонад барои хонаводаи шашнафарааш зиндагии хуберо муҳаё созад. Ҷаноби Каримов мегӯяд, ки ӯ дар чанд ярмаркаи ҷойиҳои кории холӣ, иштрок кардааст, вале пули ками корфармоҳо ӯро ба мардикорбозор будааст: “Ҳамеша кор кофта мегардам, дар назди бозор дар мардикорбозор меистам, ки ҳар кореро пешниҳод кунад, дар ивази 10 ё 15 сомонӣ анҷом медиҳаму зиндагиямро пеш мебарам, кор накунӣ, намешавад.”

Тибқи иттилои расмӣ, дар “Маркази омӯзишӣ калонсолон” ва “Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ” 6689 нафар сокини вилоят, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсил накарда ҷойи кор надоштаанд, давраҳои кӯтоҳмудати пазандагӣ, дӯзандагӣ, кафшергарӣ ва ҳисобдориро хонда, соҳиби шаҳодатнома шудаанд.

Аммо ин афрод, ки соҳиби шаҳодатнома ҳастанд, мегӯяд, ки ҳануз дар ҷустуҷӯи кори муносибе ҳастанд, ки тавонад ноновари хона бошанду аробаи зиндагиро бичархонанд.

Оминахон Муродова, зани 40-солаи танҳо аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки ду фарзанди ноболиғ дорад, давраи компютериро дар маркази шуғли аҳолии ноҳия хатм кардааст ва дар даст шаҳодатномаи кор бо компиютерро дорад. Аммо ин ҳунари ӯ то ҳол харидор пайдо накардаст.

Хонум Муродова мегӯяд, маъмулан корҳое пайдо мешаванд, ки аз 100 то 200 сомонӣ ҳақмузд дорад. Барои маоши баландтар аз ӯ диплом мепурсанд.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Оминахон Муродова, ӯ, мутаассифона, дипломи донишгоҳ надорад. “Бовар кунед, ки чанд ҷой рафтам барои кор пайдо кардан, мегӯяд, ки диплом надорӣ кор қабул намекунанд, давраи кӯтоҳмудатро пушти сар кардам, ки коре пайдо кунам, аммо ин ҳам фоида накард. Шуғли аҳоли рафтам гуфтанд, ки дар бемористон хӯрокпаз шав, пулаш кам буд, нарафтам,” – мегӯяд Оминахон.

Асилбӣ Дембегиева, сардори раёсати Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Хатлон гуфт, ки дар доираи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 1014-2015 дар вилоят соли гузашта 284 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шудааст ва 2790 нафар барои кор роҳхат гирифтаанд.

Аммо маълум нест, ки кори ин гурӯҳ бо маоши ночизи аз аз 20 то 250 сомонии корфармоён чӣ қадар тул хоҳад кашид. шон кор карда зиндагияшонро пеш баранд?

Мақомот ҳамчунин бо тахсиси қарзҳои имтиёзнок талош карданд гурӯҳе аз афроди бекорро ба бизнеси хурд ҷалб кунанд. Ба пояи иттилои расмӣ, ахиран дар вилояти Хатлон барои таъмини тиҷорати ҳудуди 1000 нафар афроди бекор қариб се миллион сомонӣ ҷудо кардаанд.

Вилояти Хатлон калонтарин вилояти кишварзии Тоҷикистон буда, дар он наздик ба 3 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Бахши умдаи мардҳо ва занҳои ин вилоят барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, солҳо боз зиндагии хонаводаҳои худро асосан аз ҳисоби пуле, ки дар Русия ба даст меоранд, таъмин мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG