Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон - ҳафтяки муҳоҷирон аз Тоҷикистон


Як зани муҳоҷири тоҷик дар Маскав (Акс аз бойгонӣ)
Як зани муҳоҷири тоҷик дар Маскав (Акс аз бойгонӣ)

Бино ба омори расмӣ, ҳар муҳоҷири ҳафтум аз Тоҷикистон занон буда, шумори занони тоҷик дар ҳиҷрат кайҳо аз марзи 100 ҳазор гузаштааст.

Маҳастӣ 25 сол дорад ва дар Маскав кӯдакони як оилаи русро парасторӣ мекунад. Вай мегӯяд, ночор роҳи муҳоҷиратро дар пеш гирифтааст. Пас аз фавти падар зиндагии хонавода душвор шуд ва модараш ашк дар чашм ӯро, бо вуҷуди он ки муҷаррад аст, ба Русия гусел кард. Маҳастӣ мегӯяд: «Ман аслан орзуи Русия рафтанро намекардам. Вале шароити зиндагӣ маҷбур кард, то ин ҷо биёям. Дар аввал мушкил буд, ман забони русиро намедонистам. Баъдан одат кардам. Ҳоло, шукри Худо, хубам, кор мекунаму пул мефиристам ба модару дорам.» Маҳастӣ, ки ду сол боз муҳоҷир аст, мегӯяд, мисли худ даҳҳо занону духтарони тоҷикро дар Русия дидааст, ки дар ҷойҳои гуногун кор мекунанд.

Аммо як қисми занонро шавҳаронашон бо худ ба муҳоҷират бурдаанд. Мисли Дилрабои 24-сола, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки ҳоло дар Русия хонашин буда, бо тарбияи ду писараш машғул аст: «Ман дар аввал кор мекардам. Ҳоло кор намекунам ду кӯдакамро нигоҳубин мекунам.»

Муҳоҷироне, ки солҳои зиёд дар Русия зистаанд ва ба шароити беҳтари зиндагӣ даст ёфтаанд, ҳамсару кӯдакони худро барои он ба Русия интиқол медиҳанд, ки ҳамроҳи оила ба сар баранд ва ҳам фарзандонашон дар мактабҳои беҳтаре таҳсил кунанд.

Зоҳиран, пас аз як-ду соли зиндагӣ дар Русия бисёре аз занон хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро гум мекунанд. Ҳамсӯҳбати дигари мо Наргис дар ин бора мегӯяд: «Не, нияти баргаштан надорам. Чун дар Тоҷикистон ояндаи худаму фарзандонамро намебинам. Ман наметавонам он ҷо барои худ кори муносибе пайдо кардаву зиндагиро пеш барам.»

Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, 40 дарсади занҳои муҳоҷири тоҷикро афроди аз 18 то 29-сола ташкил медиҳанд ва як бахши умдаи онҳо духтароне ҳастанд, ки издивоҷ накардаанд.

Абдувалӣ Қулов
Абдувалӣ Қулов
Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографии Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, бештар аз 100 ҳазор ва ё ҳудуди 13 дарсади кулли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро занон ташкил медиҳанд: «Аз теъдоди умумии занҳои муҳоҷир дар Русия 41 ҳазор нафарашон занҳои аз 18 то 29 сола ва боқимонда занҳои аз 40-сола боло ҳастанд».

Омори расмӣ шумори муҳоҷирони тоҷикро зери 800 ҳазор нафар мешуморад. Вале манобеъи дигар шумори тоҷиконеро, ки дар хориҷ ва асосан дар Русия кор мекунанд, аз 1,5 то 2 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе ҳанӯз дар соли 2012 фисади занон дар байни муҳоҷирони тоҷикро 15,4 дарсад баровард карда буд, ки низ назар ба омори расмии мақомоти Тоҷикистон бештар аст.

Сабабҳои аслии афзоиши муҳоҷирати занҳои ҷавон мушкили иқтисодӣ ном бурда мешавад. Афзоиши ин раванд миёни занон дар як соли ахир дар ҳолест, ки тибқи итиллоъи расмӣ, теъдоди бекорон дар Тоҷикистон 55 700 нафар сабт шудаву 51 дарсади бекорони расмӣ занон гуфта мешаванд.

Аммо иқтисоддонҳо ин омори расмии бекориро низ ба чолиш кашида мегӯянд, дар асл мақомоти Тоҷикистон ҳамаи онҳоеро ки аз ночорӣ рӯ ба ғурбат меоранд, ва ҳам аҳли хонаводаҳои онҳоро, ки дар Тоҷикистон кори расмие надоранд ва аз ҳисоби пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, аз ҳисоби мардуми бекор берун овардаанд, ки омори ба мақомот маъқулу хушоянд «ҷазир» нашавад.

Зани тоҷики муҳоҷир дар канори Маскав
Зани тоҷики муҳоҷир дар канори Маскав
Бархе аз коршиносон бар инанд, ки афзоиши ҳиҷрати занон ва ба вижа занҳои ҷавон барои кишвар ба сари худ паёмади хубе надорад. Ҷомеашинос ва омӯзгори собиқадор Саодат Каримова мегӯяд, ҳарчанд муҳоҷирати мардон дар кишвар коми оилаҳоро талх кардааст набояд занҳои ҷавон низ бо танҳо гузоштани фарзандони худ ва ин талхиро талхтар созанд.

Афзоиши муҳоҷирати занон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки бархе аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ҳукумат бояд аз муҳоҷирати духтарони то синни 24-сола ба Русия ҷилавгирӣ кунад. Раҳбари созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» Гавҳар Ҷӯраева чанде пеш аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон чунин даъват кардааст. Гавҳар Ҷӯраева дар як сӯҳбаташ гуфтааст, хатари ба гурӯҳҳои нодуруст пайвастан ваё ба ғуломӣ афтодани духтарони бетаҷриба, ки дур аз деҳаи худ ҷоеро надидаанд, хеле зиёд аст.
XS
SM
MD
LG