Пайвандҳои дастрасӣ

Нуқтаи авҷи Ҳаҷ: 45 000 хаймаи зоирон дар водии Мино ва кӯҳи Арафот


Зойирон дар Макка имрӯз дар интизори баромадан ба кӯҳи Арафот, нуқтаи аслии Ҳаҷҷи Акбаранд.

Зойирон аз кишварҳои мухталифи дунё рӯзи якшанбе аз Маккаи мукаррама пойи пиёда ё савори қатор ба Мино расиданд. Қабл аз баромадан ба Арафот зойирон дар 45 000 хайма ба ибодат ва истироҳат машғул хоҳанд шуд. Пайғамбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) охирин паёмашро кӯҳи Арафот ироа карда буд.

Ҳаҷҷи акбар дар ҳоле идома меёбад, ки мақомоти беҳдошти Арабистони саудӣ аз хуруҷи маризии MERS-CoV сахт нигаронанд. Бар асари ин беморӣ то ҳол 60 нафар, аз ҷумла, 51 нафар дар Арабистони саудӣ ба ҳалокат расидаанд. MERS-CoV дар қиёс бо бемории SARS, ки даҳ сол пеш дар қораи Осиё паҳн ва мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шуда буд, маргбортар маҳсуб мешавад ва аммо аз бемор ба теъдоди камтари одамон сироят мекунад. Бо вуҷуди ин масъулини беҳдошт аз он бим доранд, ки маризӣ баъд аз анҷоми Ҳаҷҷи Акбар тавассути ҳоҷиҳо дар дигар кишварҳо ҳам паҳн хоҳад шуд.



То кунун нафаре аз зойирон ба маризии MERS-CoV ё бемории сангини дигар мубтало нашудааст. Дар ин бора вазири ҳифзи сиҳати Арабистони саудӣ, доктор Абдуллоҳ Ар-Раббия дар нишасти Куммиссиюни Ҳаҷ дар маҷмааи тиббии ба номи Шоҳ Абдуллоҳ дар Макка хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳама муассисаҳои табобатӣ – 25 бемористон дар Арафот, Мино, Макка ва Мадина ва 141 пойгоҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ дар хизмати зоийрон қарор доранд ва табибон, ба вижа, барои ҷилавгирӣ аз маризиҳои вогир чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ҳамчунин ҳукумати Арабистони саудӣ беш аз сад ҳазор низомиёнро барои таъмини амнияти зоийрон сафарбар кардааст. Намояндаи вазорати умури дохилии кишвар генерал Мансур ал-Туркӣ рӯзи шанбе ба хабаргузориҳо гуфт, “мақомот аз ҳама гуна ба амалҳое, ки метавонанд барои амнияти зойирон хатар эҷод кунанд, ҷилавгирӣ хоҳанд кард.” Дар ҷойҳои муқаддас ва атрофи Макка ба хотири таъмини амният 4200 дурбини муосир насб шудааст, ки баъзе онҳо то масофаи 60 километрро таҳти назорат доранд. Барои адои Ҳаҷҷи Акбари имсол тақрибан ду миллион зойирон вориди Маккаву Мадина шудаанд, ки як миллион 400 ҳазор нафари онҳо – мусалмонҳои дигар кишварҳоянд.

Ба иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, аз 6300 зойири тоҷик ду нафар - сокини шаҳри Душанбе Талбак Одинаеви 73-сола бар асари як садамаи нақлиётӣ ва сокини ноҳияи Мастчоҳ Абдувалӣ Қулматов бар асари маризӣ ҷон додаанд. Ҷанозаҳои ҳарду зоири тоҷикро рӯзи 8-уми октябр баъди адои салоти ҷаноза дар Қаъба дар қабристони «Шароеъ» ба хок супурдаанд.



Дар айни замон, дар Тоҷикистон омодагиҳо ба иди Қурбон идома доранд. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба мо гуфт, ки намози Иди Қурбон рӯзи сешанбе, 15 октябр, соати 7-у 30 дақиқа дар ҳама масҷидҳои қаламрави Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Ӯ афзуд, ки онҳо барои нахустин бор дар шаҳри Қӯрғонтеппа низоми қурбониро чун дар Маккаи Мукаррама роҳандозӣ карданианд.

“Мо мехоҳем, ки мардум қурбониҳои худро ба масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа биёранд ва он ҷо ин қурбонӣ ба марди фақиру нодор аз роҳи “хомталош” тақсим карда шавад. Аз ҷӯшидани як дег ҷӯшидани чанд дег беҳтар аст ва савоби бештар дорад”, гуфт Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа.

Иди Қурбон ё Ид Ал-Азҳо се рӯз идома хоҳад кард. Ин рӯзҳо зоирон бори дигар ба водии Мино рафта, ба се сутун –ҷамрат-ал-ула, ҷамрат-ал-вусто ва ҷамрат ал-ақаба санг мезананд. Дар рӯзи ахири ҳаҷ, ки ба рӯзи 14-уми моҳи зулҳиҷҷа рост меояд, зоирон унвони ҳоҷиро мегиранд. Баъд аз анҷоми Ҳаҷҷи акбар аксари ҳоҷиён ба Маккаву Мадина рафта, ба зиёрати қадамҷойҳои Паёмбари ислом мушарраф мешаванд. Онҳо ба кӯҳи Ҷабал ан-Нур, ки дар яке аз ғорҳои он Қуръони маҷид ба Муҳаммади мустафо нозил шудааст, рафта, сипас дар Мадина оромгоҳи Паёмбар ва ёрони ӯ – Абӯбакр, Умар ва Усмонро зиёрат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG