Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик субҳи имрӯз 21-уми сентябр ба Ҳаҷ сафар карданд.

Бахтиёр Баҳромов, як масъули ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми сентябр ба Рдиои Озодӣ гуфт, ки дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» аз имрӯз 21-уми сентябр интиқоли зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурўъ шуд.

Манбаъ афзуд парвозҳо аз шаҳри Душанбе самти Арабистони Саудӣ тавассути ширкати ТоҷикЭйр бо ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гурўҳи зоирин - 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода шуд. Ҷаноби Баҳромов афзуд, бегоҳи имрӯз боз як парвози дигар ба ин самт дар назар дошта шудааст.

Имсол зоирони тоҷикро ду ширкати ҳавопаймоӣ - «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» бар ӯҳда доранд. Аз ширкати «Тоҷик Эйр» гуфтанд, ки тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбря то 1-уми октябр, бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни тоҷикистониро ба ватан бармегардонад.

«Дар маҷмўъ «Тоҷик Эйр» 2730 нафарро барои иҷрои Ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмўи умумии зоирини тоҷикистониро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.», гуфт як масъули дафтари матбуоти ин ширкат.

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки Арабистони Саъудӣ тақозои ин кишвар барои бештар кардани шумораи зоирони тоҷикро беҷавоб монд. Мавлон Мухторов, муовини раиси ин кумита дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ гуфт, ки "муаттасифона Арабистони Саъудӣ 20 дар сади боқимондаи ҷойҳо барои зоирони тоҷикро надод ва ба ин тартиб 6 ҳазор зоир ин танҳо 80 дар сади тақозои ҷониби Тоҷикистон аст ба Ҳаҷ мераванд."

Ба гуфти масъулони ин кумита то кунун мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон аз рӯи 6 миллион аҳолӣ ҷой барои сафари ҳаҷ ҷудо мекарданд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар ҳозир ба 8 миллион нафар расида аст. Бинобар ин Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ имсол ҷойи бештар барои зоирин тақозо кардааст.

Бояд гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои бештар ҷудо кардани ҷой ба зоирини тоҷик ҷиҳати сафари ҳаҷ нома навишта буд. Аммо ба гуфтаи масъулон дар ниҳоят тақозои ҷониби Тоҷикистон барои фароҳам кардани 20 дар сади дигар барои зиёрати сокинони Тоҷикистон аз суи Арабистони Саъудӣ пазируфта нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG