Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаҷ-2013: Квотаҳо кам нашуд, вале нарх миёншикан боқӣ монд


Арабистони Саудӣ квотаи имсолаи Ҳаҷ барои Узбакистону Тоҷикистонро кам накардааст, вале зиёрати "Хонаи Худо" барои бисёриҳо дар ин ду кишвар орзуе амалинашаванда боқӣ мемонад.

Арабистони Саудӣ квотаи имсолаи Ҳаҷ бори зоирон аз Узбакистонро тағйир надодааст. Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ дар номаи расмие, ки рӯзи 24 сентябр ба Кумитаи дини ҳукумати Узбакистон расидааст, гуфта мешавад, ки квотаи Ҳаҷ-2013 барои Узбакистонба ҳамон шумори 5200 нафар нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Арабистони Саудӣ қабл аз оғози маросими Ҳаҷҷи имсола ба тамоми кишварҳое, ки ба Маккаву Мадина зоир мефиристанд, расман муроҷиат карда, гуфта буд, ки ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бозсозии фурудгоҳҳои Ҷиддаву Мадина ҳаҷми квотаҳоро 20 дарсад коҳиш медиҳад.

Далели дигар, тавре Бандар Муҳаммад Ҷамил , сафири Арабистони Саъудӣ дар Душанбе ахиран ба хабарнигорон шарҳ дод, зарурати бозсозии тавофгоҳи масҷиди Макка аст. Бандар Ҷамил гуфт, ин масҷид дар гузашта имкони гунҷоиши 46 ҳазор нафар дар як соатро дошт ва ҳоло аз рӯи тарҳи нав бояд зарфияти он ба 105 ҳазор нафар афзуда шавад.

Чунин нома ба мақомоти Узбакистон низ расида буд, вале Тошканд ба ин далел, ки тамоми тадобири омодагӣ барио интиқоли 5200 зоир ба Ҳаҷҷ дар соли ҷориро алакай то 15 июн анҷом дода буд, аз мақомоти Саудӣ хост, то квотаи Узбакистонро тағйир надиҳад. Як нуктае ки ҷониби Узбакистон зимни исрораш ба ҳифзи квотаи ин кишвар рӯи он таъкид мекард, ин буд, ки Узбакистон ба фарқ аз кишварҳои дигари мусалмоннишин ҳеҷ гоҳ квотааш бар асоси меъёри қабулкардаи Ҷидда набуд.

Арабистони Саудӣ маъмулан барои ҳар сокини мусалмон як квотаи Ҳаҷ таъйин мекунад. Ҷамъи аҳолии Узбакистон ҳудуди 30 миллион нафар гуфта мешавад, ки 88 дарсад, ё беш аз 26 миллионаш мусалмонанд. Чунин шумори аҳолии мусалмон ба Узбакистон ҳаққ медиҳад, то барои 26 000 квотаи солонаи Ҳаҷ даъво кунад.

Фурудгоҳи Тошканд

Фурудгоҳи Тошканд

Вале давлати худкомаи Узбакистон, ки роҳи саркӯби озодиҳои мазҳабиро пеш гирифтааст, дар роҳи сафари Ҳаҷҷи мусалмонон низ мониаҳои зиёд эҷод карда, афроди зери синни 40-ро ба рӯйхати довталабони сафар ҳатто шомил мекунанд. Довталабони ноболиғ дар Узбакистон сафари Ҳаҷро ҳатто орзу карда наметавонанд. Навбат барои сафари Ҳаҷ чунон тӯлонист, ки ба гуфтаи нозирони умур, бисёриҳо дар ин кишвар то 7 сол навбат мепоянд. Мунтақидон мегӯянд, 5200 квота наметавонад тамоми орзумандони зиёрати Маккаву Мадинаро фаро бигирад ва пойфишорӣ накардани Узбакистон барои истифодаи ҳаққи комилаш, ки метавонад то 26 000 нафар дар солро ташкил бидиҳад, як сабаби асосии чунин бузург шудани навбати сафари Ҳаҷ шудааст.

Мақомоти Тошканд мегӯянд, сафири Узбакистон дар Арабистони Саудӣ бо вазири фарҳангу иттилооти ин салтанат Абдулазиз бин Муҳиддинхоҷа ва вазири Ҳаҷҷи он кишвар Бандар Ал-Ҳаҷҷор чанд навбат мулоқот карда ва ин мавзӯъро дар миён гузоштааст ва дар натиҷа тавофуқ шуда, ки Ҷидда квотаи Ҳаҷҷи Узбакистонро имсол тағйир намедиҳад.

Бо онки шумори мусалмонон дар Тоҷикистон назар ба Узбакистон қариб 4 маротиба камтар аст, квотаи кунунии Ҳаҷ барои Душанбе нисбат ба Тошканд бештар аст. Тибқи квотае ки Аарабистони Саудӣ соли 2012 барои Тоҷикистон таъйин кард, ҳар сол то 6000 нафар аз ин кишвар метавонанд сафари Ҳаҷ кунанд. Аммо мақомоти ин кишвар иддао доштанд, ки шумори аҳолии мусалмони Тоҷикистон ба 7,5 миллион нафар расидааст ва табъан бояд квотаи Ҳаҷ барои зоирони тоҷик низ боло бурда шавад.

Дар пайи онки Арабистони Саудӣ кишварҳои мусалмоннишинро аз 20 даросад коҳиш додани квотаи Ҳаҷҷи имсола огоҳ карда, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар як номаи расмӣ аз султони Саудӣ хост, то квотаи зоирони тоҷикро дасти кам дар ҳадди соли 2012 ҳифз кунанд. Соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6000 нафар сафари Ҳаҷ карда буд. Мақомоти Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди коҳиши квота аз тарафи Арабистони Саудӣ, ба онҳо муяссар шудааст, ки имсол барои сафари 6300 зоир аз мақомоти Саудӣ иҷозат бигиранд.

Як гурӯҳи зоирон қабл аз сафари Ҳаҷҷ. Акс аз соли 2008

Як гурӯҳи зоирон қабл аз сафари Ҳаҷҷ. Акс аз соли 2008

Парвози зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ аз рӯзи 21 сентябр оғоз ёфт. Қимати сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик имсол 17 625 сомонӣ, ё ҳудуди 3700 доллар муқаррар шудааст. Ба гуфтаи масъулони, ин маблағ чиптаи парвози рафту баргашти ҳавопаймо, боҷи салтанатӣ, пули меҳмонхона дар Маккаву Мадина, се дафъа ғизо дар рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмкунӣ, сарулибосу ҷузвдон ва боқӣ маносики сафари “Хонаи худо”-ро дар бар мегирад. Дар Узбакистон қимати сафари Ҳаҷҷ боз ҳам бештар – аз 4700 то 4800 доллар будааст, вале дар Қирғизистон нархи зиёрати “Хонаи худо” ҳамагӣ 2250 доллар аст. Он ҳам дар ҳоле ки фосила аз Бишкек то Ҷидда назар ба фосилаи байни Душанбе ё Тошканду пойтахти Саудӣ зиёдтар аст ва ба гуфтаи ҳоҷиён, зоирони қирғиз дар Маккаву Мадина ҳам нисбат ба зоирони тоҷику узбак шароити хеле беҳтаре доштаанд.

Ҳаҷ яке аз 5 рукни муҳими дини Ислом аст, ки адояш барои ҳар мусалмони болиғ ва қодир ба анҷоми ин зиёрат дастикам як маротиба дар зиндагӣ фарз шудааст. Бино ба оморҳо, аз поёни солҳои 80 ба ин сӯ, ки сафари Ҳаҷ барои ҷумҳуриҳои Шӯравӣ низ озод шуд, аз Тоҷикистон ҳудуди 200 000 нафар тавофи Каъба кардаву ба унвони пурифтихори “Ҳоҷӣ” сазовор шудаанд.
XS
SM
MD
LG