Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳнаи қатли ду "ҷосуси ФСБ" аз сӯи кӯдаки қазоқ


Лаҳзаи қатли яке аз "ҷосус"-ҳо

Лаҳзаи қатли яке аз "ҷосус"-ҳо

Дар Интернет видеои қатли ду марди муттаҳам ба “ҷосусӣ барои ФСБ” аз сӯи як ҷангии кӯдаки зоҳиран қазоқ нашр шудааст. Ин ду мард гӯё дар Сурия алайҳи “Давлати исломӣ” ҷосусӣ мекарданд.

Дар як навори нави видеоӣ, ки созмони “Давлати исломӣ” рӯзи 13 январ нашр кард, саҳнаи аз сӯи як ҷангии кӯдак қатл шудани ду марде, ки “ҷосусҳои Русия” маррифӣ мешаванд, тасвир ёфтааст. Ин кӯдак, ки зоҳиран қазоқ аст, метавонад ҳамон кӯдаке бошад, ки ахиран дар як навори таблиғотии “Давлати исломӣ” дар бораи тамрини ҷангии кӯдакони қазоқ дар як тамрингоҳи марбут ба ин гурӯҳи тундрав зоҳир шуда буд.

Видеои ҳафтунимдақиқаие, ки гурӯҳи матбуотии “Ал-Ҳаёт” – бахши таблиғотии “Давлати исломӣ” – нашр кард, “Ошкор шудани душмани дохилӣ” ном дорад ва ба забонҳои русиву англисӣ ва арабӣ субтитр шудааст.

Гӯяндаи навор мегӯяд, “душманони “Давлати исломӣ” фикр мекунанд, онҳо метавонанд гумоштаҳову ҷосусони худро барои сӯиқасд алайҳи “Давлати исломӣ” бифиристанд.” Ин видео бо “эътирофи гуноҳ”-и ду марде оғоз мешавад, ки бино ба иддаои “Давлати исломӣ”, ҷосусони “истихдомшуда аз сӯи мақомоти ҷосусии Русия мебошанд.”

Марди аввал худро Жанболат Мамаев меномад ва мегӯяд, аз вилояти Ҷамбули Қазоқистон аст. Мамаев мегӯяд, ки ӯ ҷосуси ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия мебошад. Аммо чеҳраи хеле тарсолуд ба назар мерасид ва зоҳиран ӯ таҳти фишор маҷбур ба эътирофи иттиҳоми ҷосусӣ шудааст. Ӯ ин ҳарфҳоро дар посух ба суолҳои як “пурсанда”-е, ки дар пушти кадр пинҳон буд, ба забон меовард. Мамаев дар идомаи навор мегӯяд, ба ӯ амр шуда буд, ки ба Сурия рафта, барои ФСБ иттилоъ ҷамъ биорад, аз ҷумла дар бораи ҷангиёни русзабон. Ӯ гуфт, ФСБ ба ӯ дар ивази маълумоти ҷамъовардааш пул ваъда карда буд.

Ин асир ба дунбол гуфт, ӯ дар Истамбул дар як манзили воқеъ дар рӯбарӯи масҷиди калон ба бо ду нафари дигар – яке аз қавми карачайи Қафқози шимолӣ ва як марди турк – ба сар мебурд.

Асири дуюм зоҳиран рустабор буд ва худро Сергей Ашимов ва 30-сола муаррифӣ кард. Ашимов ба мисли Мамаев низ чеҳрае хеле тарсолуда дошт ва посухҳояш омодашуда ба назар меомад. Ӯ ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро бо таъбири роиҷ дар ин созмон “бародарон” ном мебурд. Ӯ гуфт, қабл аз омадан ба Сурия барои ФСБ “алайҳи мусалмонон” кор мекард. Ашимов гуфт, ба вай амр шуда буд, то “дар бораи бародароне, ки дар Шоми меҷанганд,” маълумот ҷамъ оварда, маҳалли будубоши раҳбари “Давлати исломӣ”-ро маълум кунад.

Табиати зоҳиран маҷбурии эътирофи гуноҳҳо аз сӯи ин ду мард ва истифодаашон аз ибораҳои роиҷ дар байни ҷангиёни “Давлати исломӣ” ҳокист, ки Мамаев ва Ашимов дар бораи ҳамкориашон бо ФСБ шояд дурӯғ гуфта бошанд. Аз ин навор ҳамчунин бармеояд, ки Ашимов эҳтимолан русест, ки ба Ислом гароида, сипас ба Сурия омадааст. Ӯ мегӯяд, “қаблан мусалмон будам, вале ба бародаронам хиёнат карда, муртад шудам.”

Кӯдаки қазоқ дар филми "Дар роҳи Худо"

Кӯдаки қазоқ дар филми "Дар роҳи Худо"

Идомаи навор лаҳзаи қатли ин ду мард аз сӯи як кӯдаки қазоқро нишон медиҳад. Ин кӯдак зоҳиран ҳамонест, ки дар як навори қаблии “Давлати исломӣ” дар моҳи ноябр бо номи “Дар роҳи Худо” низ зоҳира шуда буд. Дар он филми таблиғоти лаҳзаҳои тамрини ҷангии як гурӯҳи кӯдакони хурдсоли қазоқ ва ташвиқи онҳо ба ҷиҳод дар Сурия намоиш дода мешуд. Ин кӯдак дар он навор мегуфт, нафаре хоҳад шуд, ки “Шумо, кофиронро мекушад.”

Баъди куштани ин ду мард, ин кӯдак силоҳаш ҳамчунон дар даст механдад. Гӯяндаи навор мегӯяд, ки ин ду “хоин” “зери пои муҳоҷидини ҷавон монданд.”

Русия гуфтааст, ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад, ки ду марди қатлшуда дар ин навори “Давлати исломӣ” шаҳрвандони ин кишваранд. Олег Самохин, сухангӯи сафорати Русия дар Димишқ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сайр даромадани ин навор ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, сафорат “хабарҳо дар бораи эҳтимоли қатли шаҳрвандони Русия, аз ҷумла маъмурони хадамоти вижаи Русияро таҳқиқ мекунад.” ФСБ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.

Ин видео ҳамгӣ ду рӯз баъд аз нашри аксҳои як маргталаби ноболиғ аз сӯи “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Бино ба саҳифаҳои тарафдори “Давлати исломӣ” дар шабакаи “Twitter” ва шабакаи русии “ВКонтакте”, ин кӯдак худро дар як ҳамла бо мошини бомбгузоришуда дар вилояти Салоҳиддини Ироқ таркондааст.

Кӯдаки маргталаб

Кӯдаки маргталаб

Тарафдорони “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои русӣ мегӯянд, ин кӯдак дар он ҳамла “даҳҳо рофизӣ”-ро ба ҳалокат расондааст. “Рофизӣ” ибораест, ки бо он ҷангиёни “Давлати исломӣ” мусулмонҳои шиъаро ном мебаранд. Бархе аз ин аксҳо ин кӯдакро дар пушти фармони мошине нишон медиҳанд, ки пур аз силоҳу мушакҳост.

Бархеи ин аксҳо таҳти номи “Ҷанг барои интиқоми модари мӯъминон Ҳазрати Оиша” номгузорӣ шудааст. Ҳазрати Оиша яке аз ҳамсарони Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) аст, ки аз сӯи сунниҳо хеле эҳтиром мешавад, вале шиъаҳо ӯро чандон хуш надоранд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки як сол пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро тасарруф кард. Ин созмон бо тасарруфи ин сарзаминҳо аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро “халифа” хонда, эълон кард, ки ҳадафаш эҳёи халифати воҳид дар тамоми қаламравҳои мусалмонии дунёст.

Осиёи Марказӣ низ дар харитаи ин “хилофат” ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як вилояте бо номи Хуросон ҷой шудааст. Бино ба ҳисобҳо, аз Осиёи Марказӣ дар сафи нирӯҳои “ҷиҳодӣ” дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла дар сафи “Давлати исломӣ” беш аз 1000 нафар меҷанганд. Аз ҷумла ҳудуди 150 нафар, бо шумули даҳҳо зану кӯдак аз Қазоқистон ва то 300 нафар аз Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG