Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хатлон ба рӯзноманигорон: "Аз таҳдиди ҷангиён нигарон набошед"


Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Раиси вилояти Хатлон ба рӯзноманигор Аҳмад Иброҳим, ки аз тарафи ҷангиёни тоҷик дар Сурия таҳдид шуда буд, итминон додааст, ки ба саломатии вай касе осеб расонида наметавонад.

Раиси ҳукумати Хатлон гуфт, ҷангиёни тоҷик дар Сурия ба амнияту саломатии рӯзноманигорон дар дохили Тоҷикистон зарар расонида наметавонанд ва аҳли қалам бояд аз ин бобат итминони хотир дошта бошанд.

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси ҳукумати Хатлон рӯзи 9 январ дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли рӯзноманигор Аҳмад Иброҳим, ки то кадом андоза таҳдиди ҷангиёни тоҷиктабори Сурия ба онҳо хатар дорад, гуфт, онҳо -- яъне ҷангиёни тоҷик дар Тоҷикистон намояндагӣ надоранд ва ҳеҷ таъсире ба дохили кишвар надоранд, аз ин рӯ таҳдиди онҳо беасос аст. Вақте ки раиси ҳукумати вилоят дар масъалаи ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия ва Ироқу Афғонистону Покистон сӯҳбат мекард, рӯзноманигори тоҷик Иброҳим Аҳмад ин суоли худро ироа кард. Дар ин нишасти хабарӣ намояндаи бахши Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилоят низ ҳузур дошт.

Ҷаноби Гулаҳмадзода аз рӯзноманигор Иброҳими Аҳмад изҳори ташаккур кард, ки дар мавриди ҷилавгирии ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурияву Ироҷ мақолаҳо ба нашр мерасонад ва аз дигар журналистҳо даъват кардааст, ки мақолаҳои таҳлилӣ дар ин масъалаи ҷидии ҷомеаи кишвар нашр намоянд. Вай гуфтааст, ҷавононе ки феълан дар ин кишварҳои меҷанганд, шонси ба Тоҷикистон омаданд надоранд ва агар биёянд ҳам ба маҳбас кашида мешаванд.

Сардабири нашрияи мустақили “Пайк” рӯзи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз Нусрат Назаров, як ҷангии тоҷик дар Сурия, ки ҳоло худро “Абӯ Холиди Кӯлобӣ” ном мебарад, тариқи телефон таҳдид шудааст. Сардабири нашрияи “Пайк”, гуфт, бегоҳи 6-уми январ ба телефонаш занги ношиносе ворид шуд ва вақте онро бардошт, “нафаре гуфт, ӯ Махсуми Нусрат, сокини Кӯлоб аст, ки ҳоло дар Сурия исми худро ба Абӯ Холиди Кӯлобӣ ё Фурқон Фаластин иваз кардааст.”

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин нафари бо ном “ҷиҳодӣ” шахсияти ӯро намедонист ва танҳо бо ӯ ҳамчун рӯзноманигоре сӯҳбат мекард, ки корманди ҳафтавори “Пайк” ва “зодаи Кӯлоб асту ҳамеша дар газета ва интернет муҷоҳидонро сиёҳ мекунад.” Аҳмади Иброҳим мегӯяд, Нусрат Назаров аз матлабҳое, ки дар мавриди “муҷоҳидон” навишта шуда буданд, шадидан нигарон буд ва ваъда дод, ки ҳатман ба рӯзноманигорон “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард.

Хабарнигор мӯҳтавои таҳдидҳои ин ҷангии тоҷикро чунин қисса кард:«Ӯ гуфт, ки аз навиштани суханҳои бад нисбат ба муҷоҳидон даст кашед. Сухани аввалаш ҳам ин буд, ки чаро акси ӯро нашр кардаем? Ӯ гуфт, ки агар навиштани чунин матлабҳоро давом диҳед, дар Тоҷикистон одам дорад ва супориш медиҳад, то нависандаи чунин мақолаҳоро қатл кунанд.»

Мақомоти интизомии Кӯлоб мегӯянд, дақиқ карданд, ки воқеан ин занги пӯшида ба телефони рӯзноманигор аз Сурия ворид шудааст. Як масъули мақомоти интизомии Кӯлоб гуфт, дар пайи муроҷиати рӯзноманигор ба омӯзиши ин таҳдиди телефонӣ оғоз кардаанд.

Мӯҳтавои пайёми таҳдидомези Абӯ Холиди Кӯлобӣ ин будааст, ки дар сурати идома додани нашри чунин матлабҳо “идораи кори рӯзноманигорон метаркад.” Бо вуҷуди ин таҳдид, “Пайк” тасмим гирифтааст, ҳафтаи оянда бо иншои матлабҳои ботафсил чанд саҳифаи худро ба ин мавзӯъ бубахшад.

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад, якуним соли пеш аз тариқи Русиява Туркия вориди Сурия шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ таълими хоси диниву дунявӣ надорад. Зоҳиран Нусрат Назаров ҳоло дар Сурия гурӯҳи тоҷиконеро раҳбарӣ мекунад, ки алайҳӣ режими Башор Асад ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои таҳти фармони “Давлати исломӣ” меҷанганд.

XS
SM
MD
LG