Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Таҳрир


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Таҳрир. Ду ҳизби мазҳабие, ки яке расман дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда ва ошкор, дигарӣ пинҳониву ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон кори худро пеш мебаранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони яке аз 8 ҳизби расмӣ бо барномае ҷиҳати рушди Тоҷикистон фаъолият мекунад. Вале тавре аъзои Ҳизби Таҳрир мегӯянд, барномаи онҳо сарнагун кардани ҳукуматҳои демократӣ ва бунёди як хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Изофа бар ин, теъдоди ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ ва бахшҳои он дар манотиқи кишвар равшан ҳастанд, аммо аъзои Ҳизби Таҳрир ва ҳалқаҳои панҷгонаи он пинҳонӣ кор мекунанд.

Ҳизби Таҳрир

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2001 фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар кишвар мамнӯъ эълом шудааст ва дар тӯли 6 соли ахир тақрибан 400 узви ин ҳизби ғайриқонунӣ барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагун кардани низоми демократии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғкунандаи Ҳизбуттаҳрир, ба мисли «Низоми ҳокимият дар ислом», «Садо аз қаъри зиндонҳо», «Госаппарат халифата», «Пиндорҳои Ҳизбуттаҳрир», «Назарҳои сиёсии Ҳизбуттаҳрир», «Ислом низоми», «Ислом давлати», «Демократия низоми куфр аст» -ро ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон хатарзо баён кардааст. Вале ахиран тибқи қонуни нави афви Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ 19 зани узви Ҳизбуттаҳрир аз зиндон озод гардиданд. Феълан бештари пайравону аъзои Ҳизбуттаҳрир дар вилоёти Суғду Хатлон мушоҳида мешаванд.

Бо ин ҳама, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, эълом дошта буд, ки ҲТ ба феҳристи аҳзобу созмонҳои террористӣ дар кишвар шомил нест. Зеро ба қавли ӯ, то ҳол аъзои ин ҳизби ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон ҳич амали террористиро анҷом надодаанд.

Вале иддае дигар, аз ҷумлаи Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, аз Додгоҳи олии кишвар дархост кардаанд, то ҲТ-ро ба феҳристи аҳзобу созмонҳои террористӣ дохил намояд. Оқои Муҳаббатов иддао дорад, ки аҳдофи ҲТ аз терроризм ва ифротгароӣ маншаъ мегирад ва бинобар он аз фаъолияти таҳририён дар кишвар ҷилавгирӣ шавад:

«Ҳизбуттаҳрир ҳамчун созмони террористӣ бояд расман аз тарафи мақомоти Додгоҳи олӣ эътироф гардад. Зеро мақсаду мароми аъзои ин ҳизб аз ҳам пошидани кишварҳои демократӣ ва бунёди хилофати исломӣ аст. Ҳизбуттаҳрир дар идомаи 55 соли мавҷудияти худ ба таври саҳеҳ барномаи худро ташкил кардааст ва ҳатто сарчашмаҳои илмӣ низ дорад. Барномаву ҳадафи ин ҳизб бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукуматҳо аст ва аз нуқтаи назари ҳуқуқ, ин маром ҷиноят дониста мешавад, ҷинояти сангин».

Ин ҳарфи Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, аз суи бархе таҳлилгарон тақвият наёфтааст ва онҳо мегӯянд, ки Ҳизбуттаҳрир фаъолияти худро фақат аз роҳи таблиғи ҳадафҳои сиёсияш пеш мебарад, на аз роҳи инфиҷорҳову нооромиҳо.

Ҳизби Наҳзат

Вале дар мавриди ҲНИТ чӣ мешавад гуфт? Оё миёни ин ҳизби расмии исломӣ ва ҳизби ғайрирасмии Таҳрир пайвандие вуҷуд дорад? Агар не, ихтилофи назароти онҳо сари чист?

Ҳарчанд ҲНИТ таърихи беш аз сисола дорад, ҳамагӣ моҳи декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992 ва 1997 ҲНИТ, ки ҷузъи Иттиҳоди мухолифини пешин маҳсуб мешуд, фаъолияти он дар соли 1993 мамнӯъ эълом гардид. Аммо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин, ҲНИТ дубора моҳи сентябри соли 1999 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Ҳоло теъдоди аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ беш аз 24 ҳазор нафар рақам зада мешавад ва дар Порлумон онҳо 2 намоянда доранд. Раёсати ҳизби мазкур мегӯяд, бештари аъзо ва ҷонибдоронашон дар вилояти Суғд, шаҳри Қӯрғонтеппа ва пойтахт – Душанбе ба сар мебаранд.

Назари ҲНИТ ба ҲТ

Аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар Порлумон, мепурсам, ки мавқеи ҳизби ӯ нисбат ба Ҳизбуттаҳрир чӣ гуна аст? Оё манофеъи ин ду ҳизб, ки мазҳабӣ унвон шудаанд, ба ҳам меояд? Оқои Кабирӣ мегӯяд, онҳо фаъолияти ғайриқонунии ҳамагуна аҳзоб, аз ҷумла Ҳизбуттаҳрирро қабул надоранд ва ҳамкорӣ низ намекунанд. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бад-ин минвол, барои исботи андешаҳои худ, нуктаҳои аслии ихтилофи мавҷудаи миёни ҳизби худ ва ҳизби Таҳрирро чунин баён мекунад:

«Фаъолияти Ҳизбутаҳрирро аз ду нигоҳ қабул надорем. Яке аз нигоҳи шаръӣ ва дигаре аз нигоҳи ҳуқуқӣ. Ҳар ҳизбе, ки сабтином нашудааст, ё ҳадди ақал барои сабтином гардидан талош накардааст, фаъолияти онро берун аз чаҳорчӯбаи ҳуқуқ медонем. Назари мо ин аст, ки ҳамагуна аҳзобу созмонҳо то ҷое имкон доранд, талош кунанд, ки дар чаҳорчӯбаи қонун кор кунанд. Агар онҳо сабитном нашуданд, пас узре хоҳанд дошт, забонкӯтоҳ хоҳанд буд. Мутаассифона, то ҳол аз ҷониби Ҳизбутаҳрир ягон талоше барои сабтином шудан мушоҳида нагардидааст. Ин далеле аст, ки масъулини Ҳизбуттаҳрир чандон ҷонибдори дар чорчӯбаи қонун фаъолият карданро надоранд ва мо ин амали онҳоро маҳкум мекунем, на ҷонибдорӣ».

Дубора аз оқои Кабирӣ суол мекунам, ки оё дар сурати аз андешаи ягонаи худ – бунёди хилофати исломӣ даст кашидани худ, таҳририҳо метавонанд ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бипайванданд? Муҳиддин Кабирӣ:

«Меъёри аслӣ барои ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошанд, ин аст: қабл аз ҳама барномаву Оинномаи Ҳизби наҳзати исломиро эътироф кунанд, ба арзишҳои дини мубини Ислом эҳтиром қоил бошанд ва қавонини кишварро риоя намоянд. Ин меъёрҳо агар риоя гардад, ҳар кас метавонад, ки узви ҳизби мо бошад, на танҳо аъзои Ҳизбуттаҳрир. Мо дигар мавонеъ надорем».

Назари ҲТ ба ҲНИТ

Дар ҳамин ҳол, як ҷонибдори ҳизби мамнӯъи Таҳрир, ки ифшои номи худро ҷоиз надонист, аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, ки ин ҳизб манофеъи мусалмонони кишварро ба андозаи зарурӣ натавонистааст ҳимоя бикунад. Вай афзуд, барои ин ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ӯҳдаи ҳимояти манофеъи исломгароёни кишвар намебарояд, бархе аз аъзои он ба Ҳизбуттаҳрир пайвастаанд. Ин фарди таҳрирӣ Ҳизбуттаҳрирро дар қиболи Ҳизби наҳзати исломӣ як ҳизби пурқуввати мазҳабӣ арзёбӣ кард ва афзуд, ки пирӯзии онҳо бар демократия ва бунёди як хилофати исломӣ бар нафъи ҳамаи мусалмонҳои кишвар ва минтақа хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Вазорати умури дохилаи кишвар иддае аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии кишварро дар ҳамкорӣ бо Ҳизбуттаҳрир муттаҳам карда буд. Яъне, мақомоти Тоҷикистон аз мавридҳои ҳамкории Ҳизби наҳзати исломӣ бо аҳзоб ва ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ ибрози нигаронӣ намудаанд. Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ имкони воқеъият доштани чунин мавориди ҳамкории бархе аз аъзои ин ҳизбро бо Ҳизбуттаҳрир рад накарданд, вале баён доштанд, ки ин амр маънии ҳамкории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо Ҳизбуттаҳрирро надорад.

Нуфузи кӣ бештар?

Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова, коршиноси сиёсӣ, нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар баробари Ҳизбуттаҳрир боло арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон ба мавҷудияти Ҳизби мамнӯъи Таҳрир дар баробари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки расман эътироф шудааст ва аъзои бисёре ҳам дорад, ниёзе боқӣ намемонад:

«Аз нуқтаи назари мо, тақрибан аҳдофи ҳардуи ҳизб як аст, ба ҷуз ду ё се ихтилофи назар. Ҳардуи ин ҳизб, ки даъвои рушди дини Исломро мекунанд, як андоза монандӣ доранд. Вале фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар баробари Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳукумати Тоҷикистон хатарзо аст. Чунки Ҳизбуттаҳрир ҳатто дар давлатҳои бузурги исломӣ дастгирӣ наёфтааст. Онҳо агарчӣ кӯшиш карданд, то бо роҳи қонунӣ ва ғайриқоуннӣ як нуфузи хоса пайдо кунанд, аммо ноил нагардиданд ва ҳоло омма низ ба чунин ҳизб эҳтиёҷе надорад».

Ҳамзамон, аз чанде раҳгузарони кӯча ва хиёбонҳои Душанбе мепурсем, ки оё роҷеъ ба фаъолиятҳои ин ду ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон чизе медонанд. Бархеи онҳо дар бораи ин ду ҳизб чизе намедонанд. Бархеи дигар аз баёни андешаҳояшон худдорӣ меварзанд. Аммо гурӯҳе дигар фаъолияти махфии Ҳизбуттаҳрирро аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ пуровозатар медонанд.

XS
SM
MD
LG