Пайвандҳои дастрасӣ

Дурнамои норӯшани дарсхонаҳои исломии Суғд


Хуҷанд. Баҳси донишмандон ва таҳлилгарони умури дин, намояндаҳои мақомот ва сокинони одии Суғд имрӯзҳо умдатан сари барномаҳо ва роҳу усули таълими дарсхонаҳои исломӣ аст. Дарсхонаҳое, ки дар онҳо як нафар, масалан як ходими дин ба кӯдакону ҷавонон аз рӯи хоҳиши онҳо ва ё волидайнашон таълимоти мазҳабӣ меомӯзад.

Ин гуна дарсхона ва ё ба истилоҳи аҳли дин, таълимгоҳҳои сабақомӯзӣ дар ҳоли ҳозир дар чаҳорчӯби қонун умдатан дар назди мадорис ва масоҷиди Суғд амал мекунанд. Вале Абдуқоҳир Нозиров раиси ҳукумати Суғд, субҳи рӯзи 26 - уми апрел, вақте ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз мавридҳои акси ин низ ёдовар шуд: «Лекин ман бисёр мисол оварда метавонам, ки имрӯзҳо дар бисёр масоҷиди ҷомеъ синфхонаҳое кушодаанд, ки дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд ва ё худи он масҷидҳо қайди расмии давлатӣ надоранд. Ва толибилмони онҳо муаллимони он ҷо саводи кофӣ надоранд, масалан, мадрасаи исломиеро хатм накардаанд ва мушкиле ҳам ҳаст, ки толибилмони ин гуна таълимгоҳҳо даст ба корҳои ғайриқонунӣ, монанди дуздиву қаллобӣ ва таҷовуз мезананд. Аз ин рӯ, мо фақат дар чаҳорчӯби қонун иҷозат медиҳем онҳо фаъолият кунанд.»


Орифҷон Байзоев - мудири мадрасаи исломӣ, ҳамзамон имом хатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд дар ин маврид мегӯяд, ҳаққи додани иҷозаи расмӣ ба фаъолияти таълимгоҳҳои исломӣ дар дасти бахшҳои умури дини ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор шудааст. Ҳамзамон бо он ки барномаҳои таълимгоҳ аз сӯи Шӯрои уламо тасдиқ меёбад. Аз оқои Байзоев пурсидам, оё ин як навъ назорат аз барномаҳои таълимии динӣ нест, дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон ба ҳар сокини ин кишвар ихтиёр медиҳад озодона ва дастҷамъона, бидуни ягон мамониат таълимоти дину мазҳаб биёмӯзанд? Ӯ гуфт: «Мақсад аз санҷиши барномаҳои таълимӣ ин барои муайян кардани он ки оё он шахси таълимдиҳанда маълумот ва таҷрибаи кофӣ дорад ва оё бо ин амал ягон ғарази шахсии худро дорад ё не. Мисли он ки ягон манфиат ба даст овардан ё ягон ақидаи ғайрро дар бачаҳо ҷорӣ кардан мехоҳад ё не ва ё барномаи таълимии ӯ ақидаҳои мазҳабу равияҳои дигар дорад ё не. Ба ҳамин тартиб мо метавонем ақидаи мазҳаби ҳанафии дини худамонро солеҳ нигаҳ дорем ва ба дигарон расонем.»


Зимнан, оқои Байзоев ёдовар шуд, ки ӯ худ низ ҳанӯз дар замони шӯравӣ, замоне ки таълими дин дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ мамнӯъ буд, дар дарсхонаҳо аз донишмандони исломӣ ақида ва маълумоти суннатии дини исломӣ гирифтааст. Яъне ин гуна сабақомӯзии динӣ дар ҳама давру замонҳо дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доштааст.Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд аз сокинони Суғд мепурсам имрӯз назари онҳо дар бораи таълим дар дарсхонаҳои динӣ чӣ гуна аст?

«Ман тарафдор нестам бачаҳо дар хонаи бибиотун ва домуллоҳо рафта, таълимоти динӣ гиранд. Барои он ки маълум нест онҳо (таълимдиҳандагон)ба бачаҳо чи хел дониш меомӯзонанд. Баъзеҳо назди ин гуна биотун ва домуллоҳо барои сабақомӯзӣ рафта, худашон нафаҳмида мемонанд, ки ба ҳизби таҳрир дохил шудаанд. Аммо аз ҷиҳти дигар, онҳо ба шогирдон одоб, ёди худо, муомилаи нағз меомӯзанд, ки инаш хуб, ман тарафдори ин.»
«Вақте ки исломиҳо таълими динӣ омӯзониданӣ мешаванд, онҳо ҳам бояд дар қади ниҳодҳои давлатӣ ва зери назорат бошанд, кам бошад ҳам андоз супоранд, барномаҳои омӯзишии онҳо маълум бошад ва берун аз он таълим сурат нагирад, ба ҳаракатҳои тундгаро давъат накунанд.»



Ба ҳамин тариқ, сокинони одии Суғд низ умдатан дар бораи барномаҳои таълимӣ дар дарсхонаҳои исломӣ баҳс мекунанд. Инчунин, ба назари онҳо, омӯзиши атфол ва ҷавонон бояд бо хоҳиш ва ихтиёри худи онҳо роҳандозӣ шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Убайдулло Файзуллев сарвари бахши суғдии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, акси ин ҳолат ҳам гоҳе ба мушоҳида мерасад: «Дар баъзе ҳолат баъзе падару модарон, ки ба фарзанди худ илм омӯзонида ва тарбият дода наметавонанд, назди баъзе муллоҳое, ки аз қонун ва усули таълиму тарбият дуранд, мебаранд ва мегӯянд ки: устухонаш аз мо, гӯшту пӯсташ аз шумо. Яъне, бо ин усул падару модар мехоҳанд фарзанди бетарбияти худро аз роҳҳои бад баргардонанд. Агар боз ҳам аз вай аъмоли бад аз вай сар занад, гуноҳ ба сари волидайн афтоданаш даркор, на ба устоде, дар тарбияти вай кӯшидааст.»

Вале ӯ таъкид дошт, ки дар ҳар сурат таълим бояд бо риояти одоб ва қоидаҳои педагогӣ ва аз сӯи афроди дорои маълумоти саҳеҳи динӣ ва таҷрибаи омӯзиш сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG