Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ва «Ҳизб-ут-таҳрир»: умумият ва ихтилофҳо


Бо ин ҳама, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, эълом дошта буд, ки «Ҳизб-ут-таҳрир» ба феҳристи аҳзобу созмонҳои террористӣ дар кишвар шомил нест. Зеро, ба қавли ӯ, то ҳол аъзои ин ҳизби ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон ҳеч амали террористиро анҷом надодаанд. Вале иддае дигар, аз ҷумлаи Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, аз Додгоҳи олии кишвар дархост кардаанд, то «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро ба феҳристи аҳзобу созмонҳои террористӣ дохил намояд.

Оқои Муҳаббатов иддао дорад, ки аҳдофи ин ҳизби номнависнашуда аз терроризм ва ифротгароӣ маншаъ мегирад ва аз ин рӯ бояд аз фаъолияти таҳририён дар кишвар ҷилавгирӣ шавад: ««Ҳизб-ут-таҳрир» ҳамчун созмони террористӣ бояд расман аз тарафи Додгоҳи олӣ эътироф гардад. Зеро мақсаду мароми аъзои ин ҳизб аз ҳам пошидани кишварҳои демократӣ ва бунёди хилофати исломӣ аст. «Ҳизб-ут-таҳрир» дар давоми 55 соли мавҷудияти худ ба таври саҳеҳ барномаи худро ташкил кардааст ва ҳатто сарчашмаҳои илмӣ низ дорад. Барномаву ҳадафи ин ҳизб бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукуматҳо аст ва аз нуқтаи назари ҳуқуқ, ин маром ҷиноят дониста мешавад, ҷинояти сангин».

Аммо ин ҳама даъвои Қурбоналӣ Муҳаббатов аз сӯи бархе таҳлилгарон тақвият наёфтааст ва онҳо мегӯянд, ки «Ҳизб-ут-таҳрир» фаъолияти худро фақат аз роҳи таблиғи ҳадафҳои сиёсияш пеш мебарад, на аз роҳи инфиҷорҳову нооромиҳо.

Вале дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чи мешавад гуфт? Оё миёни ин ҳизби расмии исломӣ ва «Ҳизб-ут-таҳрир»-и ғайрирасмӣ пайвандие вуҷуд дорад? Агар не, ихтилофи назароти онҳо сари чист?

Ҳарчанд ҲНИТ таърихи беш аз сисола дорад, ҳамагӣ моҳи декабри соли 1991-ум дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст. Як сол пас аз шурӯъи даргириҳои дохилии солҳои 1992 - 1997 фаъолияти ҲНИТ, ки ҷузъи Иттиҳоди мухолифини пешин маҳсуб мешуд, дар соли 1993 аз ҷониби мақомот мамнӯъ эълом гардид. Аммо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини кишвар моҳи сентябри соли 1999 ҲНИТ аз нав расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон беш аз 24 000 нафар рақам зада мешавад ва ҳатто дар Маҷлиси намояндагони порлумони кишвар ин ҳизб 2 намоянда дорад. Раёсати ҳизби мазкур мегӯянд, ки бештари аъзо ва ҷонибдоронашон дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа ба сар мебаранд.

Аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон, мепурсам, ки мавқеъи ҳизби ӯ нисбат ба «Ҳизб-ут-таҳрир» чи гуна аст ва оё манофеъи ин ду ҳизб, ки мазҳабӣ унвон шудаанд, ба ҳам меояд ё хайр. Оқои Кабирӣ мегӯяд, мавқеъи ҲНИТ ҳанӯз ҳам тағйир накардааст ва онҳо фаъолияти ғайриқонунии ҳамагуна аҳзоб, аз ҷумла «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро, қабул надоранд ва бо он ҳамкорӣ низ намекунанд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бад-ин минвол, барои исботи андешаҳои худ, нуктаҳои аслии ихтилофи мавҷудаи миёни ин ҳизбҳоро чунин баён мекунад: «Фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро аз ду нигоҳ қабул надорем. Яке аз нигоҳи шаръӣ ва дигаре аз нигоҳи ҳуқуқӣ. Мо ҳар ҳизберо, ки сабтином нашудааст, ё, ҳадди ақалл, барои он талоше накардааст, берун аз чаҳорчӯбаи ҳуқуқ медонем. Назари мо ин аст, ки ҳамагуна аҳзобу созмонҳо бояд, то ҷое имкон доранд, талош кунанд, ки дар доираи қонун кор кунанд. Агар онҳо номнависи расмӣ нашудаанд, пас узре доштаанд ё забонкӯтоҳанд. Мутаассифона, то ҳол аз ҷониби «Ҳизб-ут-таҳрир» ягон талоше барои сабтином шудан мушоҳида нагардидааст. Ин далеле аст, ки масъулини «Ҳизб-ут-таҳрир» чандон ҷонибдори дар чорчӯбаи қонун фаъолият карданро надоранд ва мо ин амали онҳоро маҳкум мекунем, на ҷонибдорӣ».

Дубора аз оқои Кабирӣ суол мекунам, ки оё дар сурати аз андешаи ягонаи худ - бунёди хилофати исломӣ - даст кашидани таҳририҳо метавонанд ба ҲНИТ бипайванданд? Ӯ мегӯяд: «Меъёри аслӣ барои ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошанд, ин аст: қабл аз ҳама барномаву Оинномаи ҲНИТ-ро эътироф кунанд, ба арзишҳои дини мубини Ислом эҳтиром қоил бошанд ва қавонини кишварро риоя намоянд. Агар ин меъёрҳо риоя гарданд, ҳар кас метавонад, ки узви ҳизби мо бошад, на танҳо аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир». Мо дигар мавонеъ надорем».

Дар ҳамин ҳол, як ҷонибдори «Ҳизб-ут-таҳрир», ки ифшои номи худ ва садои худро ҷоиз надонист, аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, ки ин ҳизб манофеъи мусалмонони кишварро ба андозаи зарурӣ натавонистааст ҳимоя бикунад. Вай ҳамчунин гуфт, аз онки ҲНИТ аз уҳдаи ҳимояти манофеъи исломгароёни кишвар намебарояд, бархе аз аъзои он ба «Ҳизб-ут-таҳрир» пайвастаанд. Ин узви ҳизби мамнӯъ ҳизби худро дар қиболи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҳизби пурқуввати мазҳабӣ арзёбӣ кард ва афзуд, ки пирӯзии онҳо бар демократия ва бунёди як хилофати исломӣ бар нафъи ҳамаи мусалмонҳои кишвар ва минтақа хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иддае аз аъзои ҲНИТ-ро дар ҳамкорӣ бо «Ҳизб-ут-таҳрир» муттаҳам карда буд. Яъне, мақомоти Тоҷикистон аз мавридҳои ҳамкории ҳизби наҳзати исломӣ бо аҳзоб ва ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ ибрози нигаронӣ намудаанд. Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ имкони воқеъият доштани чунин мавориди ҳамкории бархе аз аъзои ин ҳизб бо «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро рад накарданд, вале баён доштанд, ки ин амр маънии ҳамкории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ин ҳизби мамнӯъро надорад.

Дар ҳамин ҳол коршиноси сиёсӣ Файзиннисо Воҳидова нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар баробари «Ҳизб-ут-таҳрир» боло арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар ҷомиъаи Тоҷикистон ба мавҷудияти ин ҳизби мамнӯъ дар баробари ҲНИТ, ки расман эътироф шудааст ва аъзои бисёре ҳам дорад, ниёзе боқӣ намемонад: «Аз нуқтаи назари мо, ба ҷуз ду ё се ихтилофи назар, тақрибан аҳдофи ҳарду ҳизб як аст. Ҳардуи ин ҳизбҳо, ки даъвои рушди дини Исломро мекунанд, як андоза монандӣ доранд. Вале фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» дар баробари ҲНИТ барои ҳукумати Тоҷикистон хатарзо аст. Чунки «Ҳизб-ут-таҳрир» ҳатто дар давлатҳои бузурги исломӣ дастгирӣ наёфтааст. Онҳо агарчӣ кӯшиш карданд, ки бо роҳҳои қонунӣ ва ғайриқоунӣ нуфузи хоссае пайдо кунанд, аммо ба ин ноил нагардиданд ва ҳоло ҷомиъа низ ба чунин ҳизб эҳтиёҷе надорад».

Ҳамзамон, аз чанде раҳгузарони кӯчаву хиёбонҳои Душанбе мепурсем, ки оё роҷеъ ба фаъолиятҳои ин ду ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон чизе медонанд. Як қисмати онҳо дар бораи ин ду ҳизб чизе намедонанд. Бархеи дигар аз баёни андешаҳояшон худдорӣ меварзанд. Аммо гурӯҳе дигар фаъолияти махфии «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро аз фаъолияти ҲНИТ пуровозатар медонанд.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишвар мамнӯъ эълом шудааст ва дар тӯли 6 соли ахир тақрибан 400 узви ин ҳизб барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва давъат барои сарнагун кардани низоми демократии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғкунандаи ин ҳизб, ба мисли «Низоми ҳокимият дар ислом», «Садо аз қаъри зиндонҳо», «Госаппараты халифата», «Пиндорҳои Ҳизб-ут-таҳрир», «Назарҳои сиёсии Ҳизб-ут-таҳрир», «Ислом низоми», «Ислом давлати», «Демократия низоми куфр аст»-ро, ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон хатарзо баён кардааст.

Вале ахиран тибқи қонуни нави афви Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ 19 зани узви «Ҳизб-ут-таҳрир» аз зиндон озод гардиданд.

Гуфта мешавад, феълан бештари пайравону аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар вилоёти Суғду Хатлон мушоҳида мешаванд.
XS
SM
MD
LG