Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ: Мо барои 2 курсӣ пеши касе сар хам намекунем (ВИДЕО)


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. 4 марти 2015, шаҳри Душанбе.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. 4 марти 2015, шаҳри Душанбе.

Гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар бораи натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва паёмадҳои он.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ташаккули мухолифин, бино ба натоиҷи пешакии интихоботи парлумонии рӯзи 1 март, ҳамаг 1,5 дарсад овоз гирифта, барои бори аввал аз соли 2000 ба парлумон роҳ наёфт. Ин дар ҳолест ки ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2010 бо касби қариб 9 дарсади овозҳо баъди ҳизби ҳокими халқии демократии президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои дувум буд.

Сабабҳои чунин нокомӣ, вокуниши ҲНИТ ба натиҷаҳои эълоншуда ва ҳам инки оё ин ташаккули сиёсӣ дар оянда аз чӣ роҳе пеш хоҳад рафт?, мавзӯи гуфтугӯи ихтисосие буд, ки Радиои Озодӣ бо раиси ин ҳизб Муҳиддини Кабирӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, оё Шумо баъд аз эълони натоиҷи интихобот аз ҳолати шок берун омадед ё не ҳанӯз?

Муҳиддин Кабирӣ: Ман аслан дар шок набудам ва ҳамон соате ки эълон шуд, дар дақиқаи аввал инро чун воқеият қабул кардаму дунболи барномаҳои баъдиву дар талоши аз ҳолати шок баровардани дигарон будам.

Радиои Озодӣ: Пас маълум мешавад, ки Шумо ҳамин гуна натиҷаро интизор доштед?

Муҳиддин Кабирӣ: Эҳтимолияти инро пешбинӣ мекардам, агарчӣ заиф буд. Ба ҳар сурат омодагӣ доштем. Масъулони ситоди наҳзат қабл аз натиҷагири интихобот як назарсанҷиеро роҳандозӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ҳар кас дар сандуқ пешбинияшро навишта партояд, баъд аз натиҷагирии интихобот сандуқро боз мекунем ва мебинем, ки тахмини кадом нафар ба ҳақиқат наздик аст. Вақте баъд аз эълони натиҷа дар ситод сандуқро боз карданд, ҳамагӣ ду нафар ба наҳзат ҳеҷ курсӣ надоданро пешбинӣ карда буд, ки якеаш худи ман будам. Албатта, ман хабари аниқ надоштам, вале масъулият, таҷриба ва доштани иттилоот кӯмак мерасонад, ки инсон як таҳлили дуруст дошта бошад ва воқеятҳоро хуб бишносад. Ҳатто аҳзобе, ки вориди парлумон шуданд, онҳо аз қабл медонистанд ва ҳатто ба мо ҳам мегуфтанд, ки ба онҳо чанд ҷой медиҳанд.

Сӯҳбати Кабириро инҷо тамошо кунед:

Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло дигар маълум шуд, ки ҳеҷ як аз аъзои ҲНИТ ҳаққи вакилиро дарёфт накард?

Муҳиддин Кабирӣ: Мо аллакай дар баёнияи худ изҳор кардем, ки ин интихоби ношаффофу ғайриозод буд ва мо натиҷаҳои онро эътироф нахоҳем кард. Вобаста ба ҳамин шароит ва воқеияти ҷадид, мо кори худро идома хоҳем дод. Барои ҲНИТ ин охири таърих нест ин танҳо оғози як марҳила аст. Албатта, як такон аст ва ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ҳаёташ ҳамеша ниёз ба як таккон дорад. Фикр мекунам, ҲНИТ метавонад ин нуқтаро, ки зоҳиран як таҳдид аст, табдил ба як фурсати ҷадид кунад ва марҳилаи нави фаъолияти худро оғоз намояд.

Чӣ бозие пушти парда мегузарад?

Радиои Озодӣ: Дигар ки ҲНИТ аз парлумон берун шуд, аммо баъзе ҳадсу гумонҳое аст, ки дар ин ду рӯзи охир миёни шумо ва мақомот музокироте сурат гирифтааст. Ин то куҷо ин ҳақиқат дорад?

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳамеша дар атрофи ҲНИТ ҳадсу гумонҳо зиёд буданд, ки 99 дарсади онҳо воқеият надоранд. Бисёриҳо вақте мебинанд, мо бидуни эҳсосот рафтор мекунем ва гоҳҳо мавқеъгириҳои мо аз нигоҳи баъзеҳо ғайримантиқӣ менамояд, чун болои мо фишор меоранд, вале мо ором ҳастем ва босубот пеш меравем. Аз ин хотир, онҳо мегӯянд, ки ҳатман инҷо як гуфтушуниде, як тиҷорати

пасипардагие вуҷуд дорад. Вагарна аз имкон берун аст, ки болои ҳизб фишор оранд, вале дар ҷавоб хомӯш бошад ва боз ҳам ба сабру тамкин даъват кунад. Пас, ҳатман ваъдае кардаанд ё машварате ҳаст. Ҳатто бубинед, вақте аксари моликияти моро гирифтанд, дафтарҳои ҲНИТ-ро тахриб карданд, бастанд боз ҳам шаккокон гуфтанд, ки ин ҷо ҳатман байни наҳзат ва ҳукумат машварате ҳаст. Натиҷаи интихоботро ба ин ҳадди дурӯғ таққалуб карданд ва бубинед, ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам баъзеҳо мегӯянд, байни мову мақомоти давлатӣ боз чӣ тиҷорате ҳаст. Ҳеҷ тиҷорате нест! Мо ҳама корамон шаффофу ошкор аст. Агар чунин ният дошта бошем, ошкор машварат мекунем ва касеро ҳам барои муколама рад нахоҳем кард.

Тактикаи ҲНИТ ҳамон сабр ва тамкин мемонад?

Радиои Озодӣ: Шумо ки аз сабр ва таҳаммул ҳарф задед, Сайидумари Ҳусайнӣ дар суханронии ахираш гуфт, бояд дид, ки оё сабри зиёд ҳам дар қонунҳои Қуръон боз куфр набошад? Ин гуфтаҳо ба он маънӣ нест, ки ҲНИТ «тактика»-и худро дигар мекунад?

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳоло бисёриҳо ба сиёсати сабру таҳаммули мо бо шак нигоҳ мекунанд. Ва ҳатман дар дохил ва атрофи ҳизб интиқодҳо дар оянда бештар хоҳанд шуд. Мо на танҳо бояд дар ин марҳилаи оянда номардии рақибон, балки интиқоди рафиқонро низ таҳаммул кунем. Вале ин тасмими шахсии ман аст ҳамчун масъули имрӯзаи ҲНИТ ва агар тамоми дунё алайҳи ман бишӯрад, аз роҳам бар нахоҳам гашт. Чун оини раҳбарӣ инро тақозо мекунад, ки бояд оммаро аз қафои худ бурд, на ин ки тобеъи раъйи омма шуд. Албатта, ба раъйи мардум бояд арҷ гузошт ва гӯш кард, вале тасмимро бояд худи масъул бигирад. Албатта, аъзои ҷавони мо ноумед шудаанд ва як идда аз коршиносон ё доираҳое, ки байни наҳзат ва ҳукумат қарор доранд, ки аз бисёр чизҳо розӣ нестанд, вале ҷасорату тавони рӯёрӯӣ бо ҳукуматро надоштанд ва надоранд. Онҳо мунтазиранд, ки нерӯе мисли наҳзат ба ҷои онҳо бо ҳукумат бархӯрд кунад, агар наҳзат муваффақ шуд, мегӯянд, мо ҳам оппозитсия ҳастем ва агар баръакс муваффақ нашуд, мисли солҳои 90 ҳама чизро ба дӯши наҳзат мепартоянду худашон дар Ню-Йорк ва ё Маскав макон хоҳанд гирифт. Вале наҳзат дигар он наҳзате нест, ки фиреби ин гуна коршиносони фурсатталабро бихӯрад.

Радиои Озодӣ: Ин ақида ҳам ҳаст ки шикаст дар интихобот поёни наҳзат аст. Шумо худ чӣ фикр доред?

Муҳиддин Кабирӣ: Онҳо, ки чунин мегӯянд, наҳзатро ҳанӯз нашинохтаанд. Наҳзат аз дигар нерӯҳои сиёсӣ бо он фарқ мекунад, ки нерӯи ақидатӣ аст. Шахсиятҳо аз байн мераванд, шояд Кабириву раҳбарияти имрӯзаи он набошад ва мумкин наҳзат дар ҳамин сохтору формат дигар набошад, аммо арзиш аз байн намеравад ва ҳатман дар шакл, ҷой ва вақти дигар ҳатман сар хоҳад зад. Аммо мо мехоҳем, ки ин арзишҳо дар дасти одамони солим, мантиқӣ ва мӯътадил бошад. Худое накарда агар ин арзишҳо ва шиорҳо ба дасти тундгароён биафтад, ҳатман ин риск аст. Бахусус баъд аз ин гуна интихоботҳои пуртақаллуб эҳтимоли гароиши ҷавон ба тарафи тундгароӣ бештар шуд ва ин иштибоҳи бузурге буд, ки мақомоти давлатӣ карданд. Худо кунад, ки аз ин ба баъд иштибоҳ накунанд. Чун эҳтимол дорад, ки барои пӯшонидани ин иштибоҳ бо саросема ва асабӣ шаванд ва иштибоҳҳои баъдиро такрор кунанд, ки он дигар барои миллат бисёр фоҷеабор хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Шумо дар баёнияи худ изҳор доштед, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надоред ва аз роҳи қонунӣ амал хоҳед кард. Агар Шумо ба додгоҳ муроҷиат карданӣ бошед, оё далелҳои мушаххасеро, ки тақаллубро собит мекунад, дар даст доред?

Муҳиддин Кабирӣ: Мо ба додгоҳ ва ё ҳеҷ ниҳоди дигари давлатӣ муроҷиат нахоҳем кард, чун таҷрибаи гузашта нишон дод, ки ин сарфи беҳудаи вақт ва нерӯ ҳаст. Вале талошро барои барқарор кардани ҳаққи мардум идома хоҳем дод. Мо ҳоло ва дар оянда низ аз мақомоти давлатӣ тақозо хоҳем кард, ки аз ин ба баъд дигар фишору маҳдудиятҳоро болои мардум, бахусус тарафдорони ҲНИТ кам кунанд. Чунки идомаи ин фишорҳо ва таҳдидҳо оқибати хуб надорад. Чун намешавад ҳамаро зиндонӣ кард, моликияти ҳамаро гирифт ва ҳамаро тарсонд. Имкон надорад, ки шумо як миллатро доимӣ ва таври саросарӣ битарсонеду фишор биёред. Ҳукумат набояд аз мардумаш битарсад. Мутаассифона, имрӯз кор ба ҳадде расидааст, ки тамоми талоши ҳукумат барои тақвият кардани нерӯҳои мусаллаҳ, амният, пулис ва он ҳам ба хотири муқобала бо ягон душмани бегона нест, балки барои муқобала бо мардуми худ, бо гуногунандешон, бо ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф. Пешниҳоди мо ин аст, ки ба худ биёянд, ҳар натиҷае, ки мехостанд, гирифтанд, мо онҳоро қабул надорем ва ба додгоҳ ҳам бурданӣ нестем. Аз як тараф, шояд хуб ҳам шуд, ки аз ин парлумон ва қолабҳои сохтаву сунъӣ наҳзат каме озод шуд ва дар оянда бештар дунболи корҳои фикрӣ меравад.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед ин талаби шумо қобили иҷро хоҳад буд?

Муҳиддин Кабирӣ: Мо ба ҳар гуна эҳтимолиятҳо омода ҳастем. Дар бадани ҳокимият ин уқобҳое ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамеша дар як фазои бархӯрду низоъ фаъолият кунанд, чун дар фазои ором худро нишон додан наметавонанд. Бино бар ин онҳо манфиатдоранд, ки ин ҳолати низоъ бошад. Вале боз ҳам як умеде вуҷуд дорад, ки ақли солим ба хотири манфиатҳои давлату миллат боло мегирад. Чун дар бадани ҳокимият, Худоро шукр, ақлҳои солим ҳастанд, агарчанде хеле кам мондаанд ва беҷуръат ҳам ҳастанд. Ҳоло байрақ дар дасти касоне ҳаст, ки бисёр аз нигоҳи қудрату қувват сӯҳбат мекунанд ва иштибоҳи асосиро низ онҳо мекунанд. Вале мо ҳеҷ гоҳ аз сиёсати интихобкардаи худ ки сабру таҳаммул аст, берун нахоҳем рафт, аммо пеши касе ҳам сар хам нахоҳем кард ва хушомад ҳам нахоҳем гуфт. Ва бо ҳамон оромишу субот фаъолиятамонро дар ватани худамон ва бо мардум идома хоҳем дод.

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи Шумо, бенасиб мондани ҲНИТ аз курсӣ дар парлумон бештар сабабҳои объективӣ дошт ва ё суъективӣ?

Муҳиддин Кабирӣ 20 июли соли 1965 дар қишлоқи Қасамдараи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1983 техникуми статистикии (омори) ш. Орҷоникидзеободро хатм намуда, дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда кор кардааст. Аз соли 1983 то 1985 дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кард. Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда фаъолият дошт. Соли 1987 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси коромӯз дар Ҷумҳурии Яман будааст. Соли 1993 ба академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро хатм намуда, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мегардад. Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси президенти Маркази фарҳангии «Сино» (ш. Москва) ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» (ш. Москва) фаъолият намудааст. Соли 1997 ба вазифаи ёрдамчии раиси Комиссияи Оштии Миллӣ таъйин шуда, соли 1999 узви КОМ дар зеркомиссияи оиди масъалаҳои сиёсӣ фаъолият кардааст. Соли 1999 узви Раёсати Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад ва соли 2003 дар Анҷумани навбатии ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шудааст. Соли 2000 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис додааст. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст. Соли 2006 пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳ Нурӣ раҳбари ҲНИТ интихоб шуд. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, оиладор соҳиби 6 фарзанд.

Муҳиддин Кабирӣ: Бештар субъективӣ. Ҳеҷ кас ба натиҷаҳои дурӯғини интихобот бовар ҳам надорад. Ман медонам, ки ҳатто дар лагери муқобил ҳолати хиҷолату шармсорӣ ҳаст. Мардум аллакай мавқеи худро муайян кард. Пойинтарин рақаме, ки ба дасти мо аз протоколҳову баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ аз 25 дарсад боло аст ва то 40 ва 50 дарсад ҳам натиҷа дорем. Дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Ваҳдат вақте натиҷаҳои пешакиро эълон карданд, ки бештар аз 50 дарсад ҳам номзад ва ҳам ҳизби мо раъй дошт, дар як ҳолати шок буданд ва сандуқро бардоштанду гуфтанд, ки бояд ҷамоат бубаранд. Ба ҳамин сандуқро бурданд ва нозирону номзади мо то бегоҳ мунтазир буданд, аммо дигар он пайдо нагашт.

Радиои Озодӣ: Пас чаро ин дафъа аз ҳамин ду курсие ҳам, ки наҳзат дар парлумон дошт, бенасиб шуд?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин курсиҳоро на танҳо аз ҳизби наҳзат, балки аз коммунистҳо низ гирифтанд. Вақте ки ҳатто Шабдолов ҳам, дигар ба парлумон роҳ наёфт, дигар масъала масъалаи идеологӣ нест. Агар мо бо риш ва салла ҳам дар парлумон мешиштем ва таъриф мекардем, хушомад мегуфтем, ҳатман дар он ҷо ҷой пайдо мекардем. Маълум шуд, ки аз истиқлолияти вакилон нигарон ҳастанд, ки дар парлумон бояд вакили мустақил набошад, ки битавонад ҳарфи худро бигӯяд .

Радиои Озодӣ: Баъзе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки роҳ наёфтани ҳизби наҳзат ба парлумон метавонад фаъолон ва аъзои онро ба фаъолиятҳои пинҳонӣ таҳрик бидиҳад. Шумо дар ин замина чӣ мегӯед?

Муҳиддин Кабирӣ: Мо талоши худро хоҳем кард, ки дар зеҳни ҳеҷ як аз аъзои наҳзат андешаи баргаштан ба кори пинҳонӣ ба вуҷуд наояд. Чун ин на ба нафъи кишвар ва на ба нафъи наҳзат нест. Вале вақте фишорҳо зиёд шуданд, фазо тавре мешавад, ки як гурӯҳ вақте дигар натавонанд дар чорчӯби қонун фаъолият кунанд, шояд пайванданд ба нерӯҳои дигар. Аммо ҲНИТ дигар ба кори пинҳонӣ барнамегардад, чун мо ин марҳиларо гузаштем ва бовар дорам, ки кор то ба ин ҳад намерасад.

Айни сӯҳбати Кабириро дар Ютюб инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG