Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, ки вобаста ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи феврал раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тарки мақом кунанд.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати нокомии ҳизбаш дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба Маҷлиси намояндагон аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ӯ афзуд, «ман тақрибан панҷ сол пеш, баъд аз интихоботи парлумонии пештара ҳам гуфта будам, ки агар баъди интихоботи соли 2015 ҳизбамон парлумонӣ нашавад, аз раисии ҳизб истеъфо медиҳам.»

Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, дар ҳоли озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот даҳҳо тан аз сотсиал-демократҳо соҳиби мандати вакили Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ мешаванд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои давлатӣ дар ин роҳ ҳатман монеъа эҷод хоҳанд кард. Маҳз ба ҳамин хотир раҳбари сотсиал-демократҳо тасмим гирифтааст, ки дар рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон ному насаби худи ӯ на дар садри рӯйхат, балки дар хатти охир бошад. Қарор аст, ки рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намоядагон рӯзи 17 декабр, дар анҷумани ҳизби сотсиал-демократ тасдиқ карда шавад.

Раҳматулло Зоиров умедвор аст, ки истеъфояш аз мақоми раҳбари ҳизб ба фаъолияти ояндаи ин созмони мухолиф таъсире нахоҳад гузошт, зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳадди ақал чаҳор-панҷ нафаре ҳастанд, ки метавонанд раҳбарии ҳизбро бар ӯҳда бигиранд. Аммо ӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз «ажиотажи беҳуда» ва тавтеъаҳо аз ифшои ному насаби ин афрод сарпечӣ кард.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

«Аз мақоми раиси ҳизб рафтани ман маънои аз ҳизб рафтанамро надорад ман дар паҳлӯи раҳбарони нав хоҳам монд ва ба онҳо машварат хоҳам дод,» - мегӯяд Раҳматулло Зоиров.

Гуфта мешавад, ки интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда барои ҳадди аққал ду ҳизби дигари сиёсӣ – ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва ҳизби коммунист ҳам имтиҳони ҷиддиву сарнавиштсоз хоҳад буд. Таҳлилгарон тағйири ҷиддии кадрӣ дар ин ду ҳизб ва дар сурати нокомӣ дар интихоботи парлумонӣ ҳатто аз мақом рафтани роҳбаронашонро пешгӯӣ мекунанд. Ин ҳадсзаниҳо ба он рабт мегиранд, ки чанд моҳ баъд аз интихобот мӯҳлати кунунии раёсати Муҳиддин Кабирӣ дар мақоми раиси ҳизби наҳзати ислом анҷом меёбад ва гурӯҳҳое дар дохили ҳизб аз «сиёсати мулоим»-и ӯ нисбат ба ҳукуматдорон норозиянд.

Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки воқеъан ҳам гурӯҳе аз нармии бархӯрди раҳбари ҳизб бо ҳукумат пинҳону ошкор интиқод мекунад, аммо шумораи ин афрод он қадар зиёд нест, ки тавони «ошӯб» алайҳи Кабириро дошта бошанд. Аммо ӯ дар рӯ ба рӯи имтиҳони сангин қарор доштани наҳзатиҳоро иқрор мекунад ва мегӯяд, баъд аз ин ҳама борони «сиёҳкуниҳо» аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва телевизиони тоҷик, ки ду сол боз идома дорад, дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешрафти назаррасе доштани ҳизб аз эҳтимол дур ба чашм мерасад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви раёсати ҳизби наҳзати ислом дар сӯҳбат бо Озодӣо вуҷуди афроди норозӣ дар ҳизбро рад накард ва аммо гуфт, ки «на дар дохил ва на дар беруни ҳизб ҳарфе дар бораи истеъфои Кабирӣ набуд ва нест.»

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки моҳи сентябри соли оянда анҷумани ҳизб ба Ойиннома тағйироти хело муҳим ворид хоҳад кард. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода аз ошкор кардани ин тағйирот худдорӣ кард, аммо ҳадс зада мешавад, ки он ба раҳбари ҳизб дахл хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аз ҳизбҳои мухолиф нукта мегиранд, ки дар асноди онҳо дар бораи мӯҳлати раёсати раҳбаронашон чизе гуфта нашудааст, дар ҳоле ки ин аҳзоб аз раҳбарии тӯлонии раисиҷумҳур ваё бархе аъзои ҳукумат интиқод мекунанд.

Ҳамин тавр, дар арафаи интихоботи парлумонӣ ҳизби коммунист вориди моҷарое шудааст, ки метавонад монеи комёб шуданаш дар ин маъракаи сиёсӣ шавад. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунист, чанд рӯз пеш бидуни машварат бо Кумитаи Марказӣ интихоб шудани раҳбари бахши вилоятӣ дар Суғдро чун “талоши ҷудоиандозӣ дар ҳизб” арзёбӣ намуд ва гуфт, “як гурӯҳи алоҳида, ки ҳизбро тарк карда буданд, мехоҳанд раҳбарии ҳизбиро ба дасти худ бигиранд ва байни аъзои ҳизби коммунист ҷудоӣ андозанд.” Ӯ афзуд, “мақсади асосии гурӯҳ раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов аст, ба назари онҳо, гӯё кор карда натавониста истодааст ва бояд ба истеъфо равад.”

Бархе аз таҳлилгарон, “ҷудоиандозӣ” дар сафҳои ҳизбро “тавтеъа” ба хотири аз раҳбарият дур кардани Шодӣ Шабдолов мехонанд, ки зимнан, яке аз вакилони фошгӯи порлумон маҳсуб мешавад.

Аммо Заррагул Мирасанова, котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунист мегӯяд, ки ин моҷаро “дохилиҳизбӣ”-ст ва дар чаҳорчӯби ойинномааш ҳаллу фасл хоҳад шуд. “Албатта, раҳбар ба ҳама маъқул буда наметавонад, зеро ҳамаро қонеъ карда наметавонад,” - мегӯяд хонум Мирасанова ва меафзояд, интихоби раҳбари ҳизби коммунист ваколати анҷумани ҳисоботии ҳизб аст, ки қарор аст, баъд аз се соли дигар баргузор шавад.

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Ба гуфтаи Заррагул Мирасанова, дар анҷумани ғайринавбатӣ, ки рӯзи 27 декабр доир хоҳад шуд, асосан рӯйхати номзадҳои ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагон баррасӣ хоҳад шуд. Мусоҳиби мо мутмаин аст, ки ҳадди аққал чаҳор-панҷ нафар аз коммунистҳо соҳиби мандати Маҷлиси намояндагон мешаванд. Ин ҳизб дар ҳоли ҳозир дар порлумон танҳо 2 курсӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, анҷумани комунистҳо “доғ” ва пурмоҷаро хоҳад шуд, зеро гурӯҳе аз он норозиянд, ки солҳои боз рӯйхати ҳизб ба Маҷлиси намояндагон тағйир наёфтааст ва фақат раиси ҳизбу муовини ӯ узви парлумон мешаванд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, ба истеъфои раҳбарони аҳзоб ҳатто дар сурати ба порлумон роҳ наёфтани ҳизбҳояшон бовар надорад. Ӯ мегӯяд, ки “дар шароити нави сиёсӣ чун дар замони шӯравӣ шоҳиди «мудомулумр» будани раҳбарони бештари раҳбарон, аз ҷумла, раҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мебошем.”

Аз сӯи дигар, аз нигоҳи таҳлилгар, дар парлумон ҳузур доштан ё надоштани ҳизбҳои сиёсии матраҳи Тоҷикистон аз ҷаҳду талошашон дар маъракаи интихоботӣ тақрибан бастагие надорад ва сарнавишти онҳо аз «боло» таъин мешавад. Раҳбарони ҳизбҳо низ «ҷойгоҳ»-и худро хуб медонанд, аз ин рӯ, тайи панҷ сол аз интихобот то интихобот ҷавлонгоҳи онҳо фақат пойтахт аст ва он ҳам дар остонаи баргузории ин ё он маъракаи сиёсӣ. Қосими Бекмуҳаммад меафзояд, ки сарони аҳзоб дар мавзӯъҳои сиёсӣ боэҳтиёт изҳори назар мекунанд, то ки «бо матраҳ кардани мавзӯи роҳ ёфтани теъдоди бештаре аз аъзояшон ба парлумон ҳадди аққал курсиҳоеро, ки ҳоло дар ихтиёр доранд, дар оянда ҳифз кунанд.»

Дар ҳар сурат, касе бовар надорад, ки интихоботи моҳи феврал битавонад таносуби курсиҳо дар порлумонро ба таври ҷиддӣ дигар кунад. Тағйироте ҳам агар сурат бигирад, хеле ҷузъӣ хоҳда буд, мегӯянд мусоҳибони мо. Дар ҳоли ҳозир, 55 курсӣ аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон дар дасти ҳизби ҳокими халқии демократӣ буда, 4 ҳизби дигар – наҳзати ислом, коммунист, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ – дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ҳар кадом ду мандатӣ доранд.

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар, яке аз фаъолони ҳизби сотсиал-демократ ҳам мегӯяд, дар Тоҷикистон ягон раҳбар, аз ҷумла, раҳбари ҳизби сиёсӣ бо ихтиёри худ мақомашро тарк намекунад, зеро намехоҳад ба “гастарбайтер” табдил шавад. Раҳбари ҳизб дар ин кишвар маъмулан, чун дар намунаи ҳизби сотсиалисту ҳизби демократ, дар натиҷаи “ошӯб”-и ҳамҳизбҳояш аз мақом меравад, вале мансабдори давлатӣ - бар асари норозигии раҳбари аввал ё тавтеъаҳову "бозиҳои дарборӣ".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG