Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шайхи Ал-Азҳар: Терроризм аз Ислом барои худ сипар сохтааст


Раҳбари яке аз марказҳои мӯътабари Исломи суннӣ гуфт, созмонҳои террористӣ аз номи дин ба ҳайси сипар сӯиистифода мекунанд, вале дар асл рабте ба “Исломи асил” надоранд.

Шайх Аҳмад ал-Тaйиб, шайх ё имоми кабири донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира, яке аз мӯътабартарин марокизи фиқҳиву таълимии Исломи суннӣ гуфт, “терроризм балоест, ки мазҳабро ҳамчун сипар сӯиистифода мекунад.” Ба ақидаи шайхи Ал-Азҳар, ба номи Ислом бастани ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи Порис дуруст нест.

Шайх Аҳмад Ал-Тайиб, ки рӯзи 21 ноябр дар Шӯрои уламои исломии Миср суханронӣ мекард, ҳамлаҳои хунини Порис ва ҳамлаи низ хунини ҷангиёни исломгаро ба меҳмонсарое дар пойтахти кишвари африқоии Малиро маҳкум кард. Дар ҳамлаҳои Порис, ки масъулияташро созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, 130 нафар ва дар Бамако аз сӯи ҷангиёни марбут ба шабакаи Ал-Қоида 21 нафар кушта шуданд.

Шайхи Ал-Азҳар аммо гуфт, ин ҳамлаҳо рабте ба “Исломи асил” надоранд: “Набояд танҳо барои онки ҳамлагарон ҳангоми анҷоми ин ваҳшоният “Аллоҳу Акбар” нидо мекунанд, ин ҷиноятҳои бомбгузорӣ ва харобкориро ҳоло ба Ислом рабт диҳем.”

Ӯ терроризмро, ки пайравонаш барои гӯё “шаҳодат” омодаанд, фалсафае номид, ки маҳсули ҳеҷ кадоме аз мазоҳиби Иброҳим Халилуллоҳ нест. Ба ақидаи шайхи Ал-Азҳар, терроризм бештар “як фалокати зеҳниву равонист, ки мазҳабро ҳамчун сипар истифода мекунад.”

Шайх Аҳмад ал-Тайиб ҳамзамон онҳоеро, ки дар Ғарб китоби “Қуръон” ва масҷидҳоро оташ мезананд, маҳкум кард ва гуфт, онҳо низ “террорист” мебошанд ва бо чунин аъмоли худ ба оташи адовати ҷангиёни исломгаро равғани бештар мерезанд.

Фаридуни Ҳодизода

Фаридуни Ҳодизода

Фаридуни Ҳодизода, исломшиноси тоҷик мегӯяд, асосан онҳое фирефтаи ин “фалсафа”-и террору маргталабӣ мешаванд, ки зиндагии хуб надоранд ва ба ин далел ба осонӣ розӣ мешаванд, ки худро қурбони аҳдофу ғаразҳои гурӯҳҳои тундрав кунанд: “ Хоҷа Ҳофиз як байт дорад ки :

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Инҳое ҳам, ки роҳи террору маргталабиро пеш мегиранд, аз ҳамин ҷумлаанд, ки “чун надидан ҳақиқат, раҳи афсона заданд.” Вақте одам роҳи ҳақиқатро наёфт, пой ба роҳи каҷ мегузорад. Дунёи Ислом дар ҳоли ҳозир ҳамон марҳалаеро тай мекунад, ки Аврупо, яъне ҷаҳони Масеҳият дар асрҳои миёна пушти сар гузоштааст. Афсӯс ки мо ин роҳи каҷро нав гузашта истодаем. Ва алтернативаи ин танҳо як чиз аст – таъмини зиндагии хуб барои мардум, ки дигар фирефтаи ҳар ақидаву гурӯҳҳои ғаразманд нашаванд.”

Ба ақидаи ин таҳлилгари тоҷик, ширкати ҷавонони мусалмон дар ҳамлаҳои террористӣ дар ниҳояти амр Ислом ва мусалмононро бадном ва мардумони дигарро нисбат ба ин дин ва пайравонаш бадбин мекунад.

Бо ин ҳол, ҳамлаҳои Порис зоҳиран ҷомиаи ҷаҳониро ба зарурати набард бо таҳдиди терроризм ва созмонҳое, чун “Давлати исломӣ” бештар мутақоид кардааст.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 20 ноябр бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он 15 узви ин Шӯро ҳамлаҳои террористии “Давлати исломӣ”-ро “таҳдиди ҷаҳонӣ ва бесобиқа ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ” ном бурдаанд. Дар ин қатънома аз ҷумла ҳамлаҳои террористии ҷангиёни исломгаро дар Суси Тунис, Анкараи Туркия, Бейрути Лубнон, Пориси Фаронса ва суқути ҳавопаймои мусофирбари Русия дар нимҷазираи Синайи Миср ҳамчун намунаҳои аъмоли ғайриқобилиқабули ин гурӯҳи тундрав номбар шудаанд.

Баъди ҳамлаҳои Порис

Баъди ҳамлаҳои Порис

Шӯрои амнияти СММ бо ҳушдор аз омодагии “Давлати исломӣ” ба анҷоми ҳамлаҳои бештари монанд ба ҳамлаҳои Порису Бейрут аз ҳамаи кишварҳои дунё даъват кардааст, то ҷиҳати набард бо терроризм дар манотиқи таҳти назорати “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигаре, назири “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар Сурияву Ироқ ва маҳрум кардани ин гурӯҳҳо аз ҳар навъ пойгоҳу паноҳгоҳ тамоми кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом диҳанд. СММ ҳамчунин аз давлатҳо хост, то талошҳои худ ҷиҳати гирифтани пеши роҳи таъмини молии террорзм ва сели ҷангиёнеро, ки ба Сурияву Ироқ мерезанд, афзоиш бидиҳанд ва онҳоеро, ки дар ҳамлаҳои террористӣ ва нақзи ҳуқуқи инсону бадрафториҳо даст доранд, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Шӯрои амният ҳамин тавр, тахрибу ғорати мероси фарҳангӣ аз сӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёнаро ҳамчун “як амали барбарӣ” маҳкум кардааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз Сурияву Ироқро тасарруф ва дар ин манотиқ як режими шадидеро ҷорӣ кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани онҳо ном баровардааст. “Давлати исломӣ” аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил карда шудааст.

Як эътилофи кишварҳои Ғарбу Араб ба раҳбарии Амрико аз августи соли 2014 алайҳи мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ва Русия ба сари худ аз моҳи сентябр дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд.

Ин созмон масъулияти чандин ҳамлаи хунини террористӣ, аз ҷумла масъулияти суқути ҳавопаймои Русия бо 226 мусофираш дар нимҷазираи Синай ва ҳамлаҳои Порису Сус ва Анкараро бар ӯҳда гирифтааст.

Дар пайи ҳамлаҳои Порис ҷавонони фаъоли мусалмон тавассути Интернет маъракаеро таҳти унвони “ISIS, not in my name” (“Давлати исломӣ, на аз номи ман”) ба роҳ андохтанд, ки то имрӯз алакай даҳҳо ҳазор нафар ба он пайвастаанд. Пайравони ин гурӯҳ акси худро бо ин навишта - “Not in my name” – дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд ва бо ин ба созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” паём мефиристанд, ки дар ҳамлаҳои худ аз номи онҳо, яъне аз номи мусалмонон, сӯиистифода накунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG