Пайвандҳои дастрасӣ

"Давлати исломӣ" акси бомбаи худсохтро мунташир кард


Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” як акси бомбаи худсохтро мунташир кард, ки гуфта мешавад тавассути он ҳавопаймои Русия дар фазои Миср мунфаҷир шуда буд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" як акси бомбаи худсохтро мунташир кард, ки гуфта мешавад ҳавопаймои Русияро дар фарози Синойи Миср бо истифода аз ҳамин бомба таркондаанд. Дар ин акс банкаи нӯшобаи Schweppes Gold бо таҳрикдиҳанда ё детонатор бо нишонҳои “рӯшан” ва “хомӯш” ба чашм мехӯрад. Ҳамчунин, дар паҳлӯи ин ашё шиносномаи яке аз қурбониён ҳамчун “ғанимат” дида мешавад.

То ҳол асл ё сохта будани ин акс рӯшан нашудааст.

Рӯзи 16 ноябр Хадамоти амнияти миллии Русия расман инфиҷори бомбаро аз иллати аслии суқути ҳавопаймои А321-и Русия дар фазои нимҷазираи Синойи Миср унвон кард. Ба гуфтаи Александр Бортников, раҳбари ин хадамот, ин бомбаи худсохт 1 килограмм маводи таркандаи тротил доштааст.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Дар ҳудуди нимҷазираи Синой гурӯҳи терорристии “Вилоят Синой” фаъолият мекунад, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” байъат кардааст. Дар соли 2014 фаъолияти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар Русия мамнӯъ эълон шудааст.

Бори нахуст Дэвид Кэмерон, нахуствазири Британия, зимни дидор бо Владимир Путин дар рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ аз имкони коргузорӣ шудани бомба дар ҳавопаймои русӣ сӯҳбат карда буд. Ҳамчунин, ниҳодҳои истихборотии кишварҳои хориҷа ба истинод ба гуфтугӯҳои масъулони гурӯҳи "Давлати исломӣ” бо ҷангиёни нимҷазираи Синой суқути ҳавопаймои Русияро ба инфиҷори бомба дар дохили он рабт дода буданд.

XS
SM
MD
LG