Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти зидди раҳбари эҳтимолии ҳамлаҳои террористӣ дар Порис


Дар шаҳраки Сан-Дени дар шимоли Порис, пойтахти Фаронса аз субҳ амалиёти вижа алайҳи гумонбарони ҳамлаҳои хунини рӯзи 13 ноябр идома дорад.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои вижаи пулиси Фаронса дар шаҳраки Сан-Дени дар шимоли Порис амалиёти вижаеро ба роҳ андохтаанд, ки ба ҳамлаҳои хунини ҳафтаи гузашта дар пойтахти ин кишвар рабт дорад. Аз маҳалли амалиёт садои тирпарронии шадид ба гӯш мерасад.

Бино ба гузоришҳо, афроди гумонбар дар ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябр баъди задухӯрд бо нирӯҳои пулиси зиддитеррор дар як манзил дар минтақаи Сан-Дени паноҳ бурдаанд. Амалиёт дар ин минтақа субҳи барвақти 18 ноябр шурӯъ шудааст.

Аз ин маҳал дар бораи дастикам як таркиш гузориш шудааст. Бино ба гузоришҳо, 7 гумонбар дастгир ва дуи дигар, бо шумули як зане, ки худро бо камарбанди маргталабона тарконд, кушта шудаанд. Се афсари пулис низ ҷароҳат бардоштаанд.

Абдулҳамид Абуоуд

Абдулҳамид Абуоуд

Манобеъ дар пулиси Фаронса мегӯянд, ҳадафи асосии ин амалиёт Абдулҳамид Абуоуд, ки ташкилкунандаи ҳамлаҳои хунини 13 ноябр ном бурда мешавад, мебошад. Ин марди 28-солаи зодаи Марокаш, ки бо лақабҳои Абӯумар Сусӣ ва Абӯумар Ал-Белжикӣ низ маъруф аст, ба бовари мақомот, дар таҳия ва иҷрои ҳамлаҳои Порис нақши умда доштааст.

Мақомоти Фаронса қаблан мегуфтанд, дар ҳамлаҳои шаби ҷумъа дар пойтахти Фаронса, ки 129 нафар кушта ва беш аз 350 захмӣ ба ҷо гузошт, дастикам 8 ҳамлагар ширкат доштанд. Аз он шумор 6 нафар бо камарбандҳои маргталабона худро мунфаҷир карданд ва якеи дигар дар задухӯрд бо нирӯҳои пулис кушта шуд.

Вале ҳоло мақомот мегӯянд, таҳқиқи наворҳои видеокамераҳои назоратӣ зоҳиран вуҷуди ҳамлагари нӯҳумро ошкор кардааст.

Масъулияти ҳамлаҳои Порисро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳ дар соли гузашта қисматҳое аз Сурияву Ироқро ба даст оварда, дар ин сарзаминҳо эълони “хилофати исломӣ” кардааст. “Давлати исломӣ” бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.

Як гурӯҳи марбут ба “Давлати исломӣ” қаблан масъулияти суқути ҳавопаймои мусофирбари Русия дар нимҷазираи Синай дар таърихи 31 октябрро , ки бар асари он 224 нафар, бо шумули 17 кӯдак кушта шуданд, ба дӯш гирифта буд. Русия рӯзи 17 ноябр эътироф кард, ки ҳавопаймояш дар воқеъ бар асари амали террористӣ суқут кардааст.

Ҳам Русия ва ҳам Фаронса алайҳи мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Ҳарду кишвар гуфтаанд, ин ҳамлаҳои худро идома хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG