Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихчаи фирори маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон


25 фирорие, ки соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карданд

25 фирорие, ки соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карданд

Танҳо дар се ҳафтаи охир ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон сабт шудааст. Чунин ҳаводис аз чӣ дарак медиҳанд? Аз заъфҳои мавҷуда дар низоми ҳифозатии маҳбусҳо ё аз вазъи тоқатфарсои зиндониён?

Дар се ҳафтаи охир, инак, бори дувум аст, ки аз Тоҷикистон дар бораи фирори маҳбусон гузоришҳо ба даст мерасанд. Шаби 7 ба 8 июл аз маҳбаси рақами 4, воқеъ дар маҳалли “1-ум Советская”-и шаҳри Душанбе ду маҳбус, ки яке бо иттиҳоми дуздӣ ва дувумӣ бо ҷурми авбошх пушти панҷара ба сар мебурданд, қасди фирор кардаанд. Вале ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ин талоши фирор ба нокомӣ анҷомида, ҳардуро дастгир кардаанд.

Аз ин пеш шоми 17 июн се маҳбус - Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд куштанд. Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

Рамзуллохон Додохонов

Рамзуллохон Додохонов

Дар пайи фирори Дадохонов дар саросари шаҳру Хуҷанду атрофи он ва ҳатто дар Душанбеву вилояти Хатлон ва вилояти бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон тадбирҳои шадиди амниятӣ ба роҳ андохта шуд ва Рамзуллохон Дадохоновро алакай рӯзи 19 июн дар канори Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирд карданд. Вазорати корҳои дохила хабар дод, ки “маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

Вале пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Шаби 22 ба 23 августи он сол маҳбусоне, ки бо ҷароими сангин ва асосан бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат дар боздошт қарор доштанд, барои хондани намози таровиҳи моҳи Рамазон аз ҳуҷраҳояшон берун оварда мешаванд. Вале маҳбусон, ки дар байнашон 4 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Русия ва ҳамин тавр, Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, 4 зиндонбонро кушта, бо мошинҳое, ки дар саҳни боздоштгоҳ ва кӯча ғасб карданд, фирор карданд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд. Вале се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим ҳарчанд дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, Кобул онҳоро ба Душанбе насупурд.

Аъзамшо Зиёев

Аъзамшо Зиёев

Охирин нафар аз ин 25 маҳбуси фирорӣ, ки моҳи ноябри соли 2011, баъди қариб 15 моҳ дастгир шуд, Аъзамшо Зиёев, мулаққаб ба “Панҷара”, яке аз бародарони фармондеҳи пешини мухолифин Мирзо Зиёев буд.

Ба ин тартиб, то имрӯз, танҳо сарнавишти як фирорӣ – зодаи Узбакистон Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зодаи Узбакистон, норӯшан боқӣ мемонад. Бар асоси баёноти фирориҳои дигар, гӯё ӯ дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои Мулло Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба “Алии Бедакӣ” дар водии Рашт ба қатл расида, ҷасадаш ба рӯдхона афтодааст.

Матбуоти маҳаллӣ фирори ин 25 маҳбусро “фирори аср” номид ва бо ишора ба исми расмии зиндонҳои кишвар - “муассисаҳои ислоҳӣ” – навишт, ки ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардани афрод, иҷрои вазифаи асосии зиндон – ислоҳи зиндониён ва ба ҷомиа баргардони инсони ислоҳшударо ғайримумкин мекунад. Матбуот навишт, дурнамои дар пушти панҷара гузаштани нисфи умрашон бархе маҳбусонеро, ки 25- у 30 сол ҳукми зиндон доранд, ба ҳамин роҳи фирор тела медиҳад.

Аксари онҳое, ки моҳи августи соли 2010 фирор карданд, дастикам 20 сол ҳукми зиндон доштанд. Аз онҳое, ки моҳи июн аз зиндони Хуҷанд қасди фирор карданд, Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бо ҷурми ифротгароӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Аммо ба фарқ онҳо, дуи охире, ки шаби 7 ба 8 июл мехостанд аз зиндони “1-ум Советская” гурезанд, барои дуздӣ ва авбошӣ, ки ҳукми зиёде надорад, дар боздошт қарор доштанд.

Сарнавишти 25 фирорие, ки моҳи августи соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карданд:

Кушта шуданд:

Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, таърихи таваллудаш 10 марти соли 1980, зодаи шахри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пас аз фирор дар кӯҳистони шарқи кишвар ба гурӯҳи Мулло Абдулло пайваст ва рӯзи 18-уми апрели соли 2011 дар амалиёти нерӯҳои давлат зидди Мулло Абдулло дар моҳи апрели соли равон кушта шуд.

Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2 марти соли 1960, зодаи ноҳияи Тоҷикобод. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҷумъа Иброҳимов ва як ҳамроҳи ӯ, ки узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст, аз тарафи нерӯҳои полис дар минтақаи Рашт кушта шуданд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар ин бора хабар дод ва навори видеои кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов ва ҳамроҳи ӯро намоиш дод.

Шаҳрванди 41-солаи Афғонистон, Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, 5-уми октябри соли 2010 дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд. Аз ӯ як мусалсали "Калашников" ва як туфангча мусодира гардид.

Сулаймонов Гусейн Шарипович, таърихи таваллудаш 5 октябри соли 1985, шаҳрванди Федератсияи Русия, рӯзи 28-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 26-уми сентябри соли 2010 дар даргирие дар наздикии деҳаи Чанорҳои ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таърихи таваллудаш 15-уми июли соли 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара, 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Худоёров Мазҳариддин Насриддинович, санаи таваллудаш 1985, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод, рӯзи 20-уми июни соли 2011 ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ дар дараи Гургонии ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт кушта шудааст.

Боздошт шуданд:

Низомӣ Абиев

Низомӣ Абиев

Абиев Низомӣ Русланович, санаи таваллуд 18 августи соли 1986, зодаи ноҳияи Табасарински Доғистони Русия. Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, санаи таваллуд 30 марти соли 1986, зодаи Доғистони Русия. Рӯзи сешанбеи 12-уми июл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 6-уми июли соли равон дар мавзеи Сугараки ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон маҳбуси фирорӣ Ҷабраилов Казбек ба ҳабс гирифта шуд. Ниҳодҳои интизомӣ аз Ҷабраилов силоҳу муҳимот мусодира кардаанд. Вазорат ҳамчунин иттилоъ дод, ки 12-уми июл дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Қирғизистон маҳбуси дигари фирорӣ Низомӣ Абиев дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шудааст.

Шаҳрвандони Русия -- Аҳмадов Магомед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15 октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буйнакски Доғистон ва Алиев Алӣ Магомедович, соли таваллудаш 5 сентябри соли 1983, ҳарду боздошт ва дубора муҳокима шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон ҳардуро барои 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳмадов рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Холматов Фурқат Тулаганович, таърихи таваллудаш 11 ноябри соли 1975, зодаи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканди Узбекистон, рӯзи 20-уми июни соли 2011 дар дараи Гургонӣ, ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт дастгир шуд.

Орифҷонов Баҳром Обидҷонович, санаи таваллудаш 2 октябри соли 1981, зодаи шаҳри Исфара, Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 8 июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ. Ҳарду рӯзи 19-уми декабри соли 2010 дар Тахори Афғонистон боздошт ва 27-уми декабр ба Душанбе истирдод шуданд.

Иброҳим Насриддинов

Иброҳим Насриддинов

Насриддинов Иброҳим Раҷабович, санаи таваллуд 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Рӯзи 2-юми сентябри соли 2010 дар маҳаллаи Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд.

Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16 январи 1977, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 ҳамроҳи Аҳмадови доғистонӣ дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таърихи таваллудаш 8 феврали соли 1979, сокини ноҳияи Панҷ, рӯзи 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара боздошт шуд.

Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд.

Абдурасул Мирзоев

Абдурасул Мирзоев

Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1 апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Ба таърихи 6уми сентябри соли 2010 дар ҳудуди ноҳияи Файзобод боздошт, дигарбора муҳокима ва маҳкум шуд.

Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зодаи ноҳияи Тавилдара, ба таърихи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд.

Зиёев Аъзамшо Аҳтамович, санаи таваллудаш 4 декабри соли 1969, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Аъзам Зиёев пас аз куштори мармузи Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 ҳамроҳ бо пайвандони дигари ӯ дар Тавилдара боздошт ва зиндонӣ шуданд. Аъзамшо Зиёев моҳи ноябри соли 2011 дастгир шуд.

Моҳи июни соли 2012 Додгоҳи олии Тоҷикистон Аъзамшо Зиёев, Ҷонибек Зиёев ва Казбек Ҷабраиловро дар бандитизм, куштор ва дигар "ҷиноятҳои махсусан вазнин" муҷрим шинохта шуда, ҳар кадоми онҳоро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Низомӣ Абиев ва Фурқат Холматов, барои 25 ва 20 сол маҳкум шуданд.

Абдурасул Мирзоев ва ду шаҳрванди Русия Алӣ Алиев ва Магомед Ахмедов ҳанӯз дар соли 2011 аз сӯи Додгоҳи олӣ ҳар кадом ба 30 соли зиндон, Иброҳим Насриддинов ва се тани дигар ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Ба Афғонистон рафтанд:

Шаҳрвандони Афғонистон - Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз истирдоди онҳо худдорӣ кард.

Сарнавишташ норӯшан:

Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зодаи Узбакистон, зинда ё мурда будани ӯ дақиқан маълум нест.

XS
SM
MD
LG