Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" яке аз фирориёнро "сарбози" худ хонд (ВИДЕО)


Акси Рамзуллохон Додохонов

Акси Рамзуллохон Додохонов

Гурӯҳи тундрави "Ҷамоати Ансоруллоҳ" Рамзуллохон Додохонов, маҳбусеро, ки баъди фирор аз зиндони Хуҷанд дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шуд, "сарбоз"-и худ хондааст.

Ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе гуфтааст, Рамзуллохон бо тахаллуси "Абу Муҳаммад" узви онҳо буд ва талош дошт, ки бо фирор аз маҳбас дубора ба саффи онҳо бипайвандад. Дар баёнияи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" гуфта шудааст, ки Рамзуллохон пас аз хатми мадрасае дар Покистон ба Тоҷикистон баргашта, ақидаҳои ин гурӯҳро ташвиқ мекард, вале соли 2013 боздошт шуд.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи шаҳри Исфара, бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ шоми 17 июн ҳамроҳ бо Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов тақрибан соати 20-45-и 17 июн аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд захмӣ кардаанд ва Алимамадов дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Дар задухӯрд бо зиндонбонҳо Мирзозариф Қаюмов кушта шуда ва Ҳабибҷон Юсуфов ҳини фирор захмӣ шуд ва ӯро билофосила дастгир карданд. Аммо Рамзуллохон Додохонов тавонист бо вуҷуди “зарари ҷисмонӣ бардоштан“ аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19 июн гуфт, ки Рамзуллохон Дододхонов дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд “базарар гардонда шудааст”.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат, “19.06.с.2016, соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд низ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки “Рамзуллохон Додохонов дар ҳудуди ҷамоати Ёва дар канори Хуҷанд пинҳон шуда буд. Вақте пинҳонгоҳаш ошкор шуд, Додохонов ба амри таслим шудан сар нафароварда, алайҳи мақомоти интизомиву амниятие, ки ӯро муҳосира карданд, оташ кушодааст. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ, Додохонов кушта шуд.”

Фирори ин се маҳбус аз зиндони рақами сеи Хуҷанд нахустин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Дар моҳи августи соли 2010 25 маҳбус, ки аксар ба даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат айбдор мешуданд, аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд.

Амалиёти таъқиби ин маҳбусони фирорӣ, ки дар байни онҳо аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, чанд моҳ тӯл кашид. Ин қазия дар ниҳоят сабаби барканории раиси Кумитаи амният Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинонаш шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG