Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малика куҷо шуд? Сабинаро кӣ бурд? Чаҳор соли ҷустуҷӯи Араловаҳо


Акси Малика ва Сабина
Акси Малика ва Сабина

Наздикони Малика ва Сабина Араловаҳо, ки чаҳор соли қабл дар ҳамин рӯз дар наздикии фурӯшгоҳи маъруфи “Садбарг”-и пойтахти Тоҷикистон гум шуда буданд, ҳанӯз ба ҷустуҷӯяшон идома медиҳанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ахиран хабари гум шудани ин ду наврасро дар вебсайти расмияш бознашр ва аз мардум дубора даъват кард, ки барои пайдо намудани онҳо ёрӣ кунанд.

Падари Сабина мегӯяд, аз даст додани фарзанд ва он ҳам бидуни онки бидонӣ ӯ дар куҷост ва чӣ рӯз дорад, хеле сахту сангин аст.

"Барои дарёфт намудани хурдсолон аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд", - таъкид шудааст дар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Аралова Малика Тимуровна ҳоло нӯҳсола ва Аралова Сабина Улуғбековна ҳаштунимсола шудаанд, вале чаҳор сол боз хонаводаашон натавонистанд ҷашни зодрӯзи онҳоро баргузор кунанд. Улуғбек Аралов, падари Сабина, рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи ин ду наврас қатъ нашудааст ва то гирифтани хабаре аз онҳо пайгирӣ идома хоҳад кард. Вай гуфт, ҳамарӯза бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тамосанд, вале дар ин чаҳор соли гузашта хабаре дар бораи дар куҷо будан ва чӣ ҳол доштани онҳо нагирифтаанд.

Улуғбек Аралов
Улуғбек Аралов

"То имрӯз ягон чиз пайдо нашудааст. Мо бисёр умедворем, ки онҳоро пайдо мекунем. Дар давоми чор чизе наёфтем, вале умедро аз даст надодем. Насиб бошад, онҳоро пайдо мекунем. Ҷустуҷӯ қатъ нашудаст", - афзуд ӯ.

Падари Сабина мегӯяд, аз даст додани фарзанд ва он ҳам бидуни онки бидонӣ ӯ дар куҷост ва чӣ рӯз дорад, хеле сахту сангин аст. Як мақоми умури дохилӣ ҳам гуфт, ки ин қазия бо гузашти чаҳор сол аз мадди назари онҳо дур нашудааст ва дар сурати ба даст омадани хабар хонаводаи наврасонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 марти соли 2013, замоне ки аввалӣ 5 ва дувумӣ 4.5 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи “Садбарг” дар Душанбе гум шуданд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард ва як гурӯҳи сокинон ба унвони ёрӣ ба ин хонавода аксу хабари гум шуданашонро дар кӯчаҳо нашр ва паҳн карданд.

Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” унвон карда буд. Вай ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи варзишии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2013 аз масъулони Вазорати корҳои дохилӣ талаб кард, ки барои ҳарчи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, худи волидон Малика ва Сабина ба иддае аз экстрасенсҳо, аз ҷумла Турсуной Зокирова, ғолиби сабқати экстрасенсҳо дар Русия муроҷиат карданд. Бюрои тафтишоти Амрико низ эълон кард, ки дар ҷустуҷӯи онҳо кумак мекунад. Дертар аз наздикии хонаи онҳо Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола низ гум шуда, ҷасадашро аз шаҳри Ҳисор ёфтанд. Бештари коршиносон гуфтанд, ки ин ҳодисаҳо ба назар ҳалқаи як занҷир менамоянд ва мақомот бояд ин фурсатро барои пайдо кардани Сабинаву Малика аз даст надиҳанд.

Осия
Осия

Номи Малика ва Сабина Араловҳо моҳи июли соли гузашта ба дунболи боздошти як зан бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ дубора расонаӣ шуд. Рӯзи 25 июли соли гузашта матбуот аз ошкор шудани як гурӯҳ хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд ба кӯдакрабоӣ дар Душанбе машғул будааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда ва гуфта буд, аъзои ин гурӯҳ замоне боздошт шуданд, ки қасди дуздидани Ф.Б.-и 7-соларо доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт, дақиқан дар ҳамон мавзее рух додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Матлуба Аҳмедова ба ҳодисаҳои ҳамсон дар солҳои пеш рабте надорад.

Акси Матлуба Аҳмедова
Акси Матлуба Аҳмедова

Ҳоло иттилои тоза дар бораи теъдоди наврасони гумшуда дар Тоҷикистон дар даст нест. Дар бахши гумшудагони вебсайти расмии Вазорати умури дохилӣ фақат номи Давлатова Маҳбуба Садриддиновнаи 15-сола, сокини шаҳри Турсунзода, сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, ки Маҳбуба рӯзи 6 март аз хона баромада, бедарак шудааст.

Бар асоси иттилои соли 2013 дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо шудаанд.

XS
SM
MD
LG