Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти корҳои дохилӣ 3 донишҷӯйро бо гумони одамрабоӣ дастгир кардаанд. Онҳо ба дуздии ду кӯдаки ноболиғ ба хотири рӯёндани 200 000 доллар аз волидайни ин атфол гумонбар дониста мешаванд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал хабар дод, ки 3 донишҷӯи коллеҷҳои технологиву муҳандисии Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар рабудани 2 кӯдаки 10 ва 12-сола ба хотири рӯёндани 200 000 доллар дар ивази раҳоии онҳо аз волидайни ин ду тифл дастгир кардаанд.

Се донишҷӯ шоми 9-уми феврал фарзандони як тоҷири афғон -- Сафиаллоҳ Саидмуҳаммади 12-сола ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммади 10-соларо аз назди манзилашон дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рабудаанд. Дар роҳи ноҳияи Ҳисор мошини онҳо вайрон шудааст ва вақте ки одамрабоён ба тарими мошин машғул буданд, кӯдакон гурехтаанд.

Онҳоро шаби 9 ба 10 феврал Абдуҷаббор Алиқулов, як сокини 35-солаи пойтахт, ки аз Ҳисор ба Душанбе бармегашт, аз роҳ гирифта ба назди волидонашон расондааст.

Абдуҷаббор мегӯяд, вақте дар нимашабӣ ду кӯдакро дар сари роҳ дид, нахуст фикр кард, ки кӯдакон аз хонаи худ гурехтаанд ва барои ҳамин нахост, онҳоро бо худ гирад: «бегоҳии рӯзи 9-уми январи соли равон бо ду нафар ҳамсинфонам барои табакахурӣ ба Қалъаи Ҳисор рафтем. Баъдан соатҳои тахминан 10-и шаб аз онҷо ба Душанбе баргаштани шудем. Дар роҳ ду кӯдак мошини моро манъ карданд ва гуфтанд, ки онҳоро ба пойтахт назди падару модарашон барем. Мо аввал пурсидем, ки шумо аз куҷо омадед дар ин ними шаб куҷо меравед? Кӯдакҳо аввал ба мо дуруғ гуфтанд. Онҳо гуфтанд, ки хонаи холаашон омадани буданд, аммо тангем онҳоро ҷойи дигар фаровардааст. Мо онҳоро ба мошин савор кардем. Вақте дубора пурсидем, ки чаро инҷо омадед, кӯдакҳо гуфтанд, ки онҳоро се нафар дуздиданд ба ин тараф овардан ва вақте ки мошини онҳо вайрон шуд моро партофта худашон гурехтанд».

Абдуҷаббор ба ин суханон замоне бовар кард, ки анбӯҳи милисаҳоро дар назди хонаи ин кӯдакон дид. Вай мегӯяд, ӯ ва ду нафар ҳамроҳонаш, ки кӯдаконро ба назди волидонашон оварданд, маҷбур шудаанд, то поси шаб дар шӯъбаи пулис ба пурсишҳо посух диҳанд ва баёнот нависанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки акнун аз боздошти 3 донишҷӯйи тоҷик бо гумони одамрабоӣ хабар додааст, мегӯяд онҳо, барои баргардондани ин ду кӯдаки ноболиғ 200 ҳазор доллар талаб кардаанд. Ин гурӯҳ аз ду донишҷӯи Коллеҷи технологии Тоҷикистон Искандаршо Камолови 19-сола ва Улуғбек Нурови 17-сола ва донишҷӯи Коллеҷи муҳандисии №30 Ҳусниддин Давлатови 17-сола иборат буда, ба он Камолов сарварӣ мекардааст.

Нақшаи ҷиноятро низ Искандаршо Камолов кашидааст, ки бо падари ҷабрдидаҳо -- шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад шиносоӣ дошта, дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи ӯ кор кардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ муайян кардааст, Искандаршо ва Ҳуснидддину Улуғбек "бо мақсади таҳдид ба кӯдакон, аз мағозаи маркази савдои «Гулистон» таппончаи бозичагиро харида, ба рӯй ниқоб кашида, ба одамрабоӣ даст задаанд. Онҳо Сафиаллоҳ ва Лемаро бо автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», шумораи давлатиаш 26-02 РТ 01 ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд ва тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 000 доллари амрикоӣ талаб намудаанд. Аммо пас аз 3 соати ҳодиса кормандони раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ин хабар огоҳ шудаву кӯдаконро озод ва ин се нафарро дастгир кардаанд." Вале ин ривоят ба гуфтаҳои шаҳрванде, ки кӯдаконро ба манзилашон расондааст, мутобиқат надорад.

Ҳамсояҳои тоҷири афғон мегӯянд, фарзандони ӯ мисли дигар кӯдакон дар кӯча зиёд намудор намешуданд. Аммо иттифоқан, онҳо дар ҳоле рабуда шудаанд, ки дар он лаҳзаҳо кӯдаки зиёде дар кӯча машғули бозӣ буд.

Ҳурматулло Саидов, яке аз ҳамсояҳои ин ду кӯдаки рабудашуда дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «дар поёни ҳамин бино, падари ин ду кӯдак, ки шаҳрванди Афғонистон аст, супермаркет дорад. Ин дуздҳо ҳам фикр карданд, ки пули падарашон бисёр аст ва барои ҳамин онҳоро дуздиданд».

Искандар Эрназаров, яке дигар аз ҳамсояҳо гуфт, шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад солҳои зиёд аст, ки дар инҷо ба сар мебарад. «Дар аввал як посбон буд инҷоро назорат мекард, баъд вай рафт. Ман ки худам касал ҳастам, бештари вақт дар ҳамин берун бекор мешинам. Кӯдакон ҳам бепарво дар кӯча бозӣ мекунанд. Лекин бачаҳои Муҳаммадфазл дар кӯча зиёд бозӣ намекарданд. Падари ин кӯдакон хуҷаини ҳамин супермаркети якум ошёнаи ин бино аст. Дар ҳамин бинои мо се оилаи афғон зиндагӣ мекунанд. Онҳо оилаҳои ором ҳастанд кӯдаконашонро дар кӯча бисёр намебинед»-афзуд ӯ.

Аммо талоши мо барои сӯҳбати рубарӯ бо волидон ва худи кӯдакони рабудашуда бенатиҷа анҷом ёфт. Модари ин ду наврас дар сӯҳбати бидуни микрафон фақат гуфт, ки сиҳатии фарзандонаш хуб аст ва онҳо дар мактабанд. Ин дар ҳолест, ки хабари рабуда шудани ду тифл тарсу ҳароси сокинони пойтахт, хусусан маҳаллаи Борбади ноҳияи Фирдавсиро ба авҷ расондааст. Онҳо мегӯянд, пас аз ин ҳодиса ба кӯдакони худ иҷозати берунбароӣ намедиҳанд. Шаҳдия, як сокини ин маҳалла мегӯяд: «ман баъди ин хабару ҳодиса бовар кунед, худам кӯдаконамро як соат, ним соат берун мебарорам боз медароянд. Дигар одам метарсад. Тасаввур кунед, ки ин дуздҳо 200 ҳазор доллар талаб карданд, ин қадар пул аз кучо?».

Хабари боздошти одамрабоён дар лаҳзаи аввал бисёриҳоро ба ёди Сабина ва Малика Араловаҳо андохт, ки моҳи марти соли гузашта аз назди хонаашон нопадида шуданд ва баъд аз чанд моҳ мақомот ин ҳодисаро одамрабоӣ унвон карданд. Бо вуҷуди тамоми талошҳо аз Сабина ва Малика хабаре ба даст наомадааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар як соли охир 95 ноболиғ гум шуда, вале кормандони милиса 81 нафари онҳо пайдо кардаанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG