Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: Аҳмедова ба ҳодисаҳои кӯдакрабоӣ дар гузашта даст надорад. ВИДЕО


Масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар паи таҳқиқи аввалияи қазияи кӯдакрабоӣ дар таърихи 20 июл ба хулосае омаданд, ки гумонбари асосӣ Матлуба Аҳмедова ба ҳодисаҳои ҳамсон дар солҳои пеш рабте надорад.

Масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи аввалияи қазияи кӯдакрабоӣ дар таърихи 20 июл ба хулосае омаданд, ки гумонбари асосӣ Матлуба Аҳмедова ба ҳодисаҳои ҳамсон дар солҳои пеш рабте надорад.

Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи рабудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе дар заминаи хусумати шахсии ӯ бо модари ноболиғ сурат гирифтааст ва ин зан хостааст барои таҳдид кӯдаки ноболиғро гаравгони бигирад. Дар як ҳодиса вақте сейф ё сандуқи пулҳои Матлуба Аҳмедова гум шудааст, Аҳмедова ба Фарангис Бадалова, модари тифл таҳдид карда гуфтааст, ки духтарашро нобуд мекунад. Фарангис Бадалова дар маркази масҳ ё массажи зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова як муддат ба унвони мудир ё администратор кор кардааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазрати корҳои дохилии

Матлуба Аҳмедова дар боздошт аст

Матлуба Аҳмедова дар боздошт аст

Тоҷикистон рузи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби Матлуба Аҳмедова ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ рабт дорад. Вай гуфт, ин зан "ба хотири фишор болои Бадалова ноболиғро гаравгон гирифтааст". Вай гуфт, ин зан ва ин ҳодиса ба ҳодисаҳои дигари нопадид шудани ноболиғон дар гузашта рабт надорад, вале, ба қавли ӯ, ҳоло тафтишот идома дорад ва Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) хулосаҳои худро натиҷагирӣ накардааст. Ин хулосаҳо дар натиҷаи тафтишоти аввалияи қазияи боздошти Аҳмедова ба даст омадааст, гуфт ӯ.

Фарангис Бадалова, модари навраси рӯзи 20 июл рабудашуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рузи 17 июл, яъне як моҳ баъди гум шудани сейф аз маркази масҳи зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова, ин зан ба вай занг зада ба забони русӣ таҳдид кардаст. Бадалова иддао дорад, ки Аҳмедова занг зада ба ӯ гуфтааст: “ман туро ва духтаратро нобуд мекунам". Ман пурсидам, ки "ин таҳдид аст?", вай дар ҷавоб гуфт, ки "ин огоҳӣ аст”.

Аз рӯи иттилои Бадалова, дар дохили сандуқ як миқдор пул ва санадҳои Аҳмедова нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 16 июн сандуқи пули марбут ба Аҳмедова аз ин маркази масҳ нопадид шуд ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Бадаловаро ҳамчун гумонбари аслӣ ба бозпурсӣ даъват карда аз соати 9 субҳ то 9 шом ба ӯ саволҳо додааст. Ба қавли Бадалова, баъди он ки полис ба бегуноҳии ӯ бовар карда ӯро дигар дар ин қазия "гумонбар" арзёбӣ накард, 17 июл Матлуба ба ӯ занг зада нахуст таҳдид ва рӯзи 20 июл дуздии духтарчаашро ташкил кард.

Бо зикри ин тафсилот, Ҷалолиддин Садриддинов гуфт, феълан аз пахши ҷузъиёти дигари ин парванда ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Имрӯз-Нюс" рӯзи 26 июл навишт, ки Кароматулло Маҷидов, нафаре, ки гуфта мешавад, дар ин гурӯҳи сенафара гӯё нақши таксиронро иҷро мекард, дар асл сабабгори фош

Акси Кароматулло Маҷидов аз оҷонсии "Имрӯз Нюс"

Акси Кароматулло Маҷидов аз оҷонсии "Имрӯз Нюс"

​шудани ҷиноят шудааст. Маҷидов дар баробари кор дар ВКД Тоҷикистон, гоҳ-гоҳ ба ҳайси ронандаи таксӣ ҳам кор мекардааст. Маҷидов гуфтааст, ки бо сабаби доштани қарзи бонкӣ дар вақтҳои холӣ таксиронӣ мекунад ва ҳамин кор ҳам сабаб шуд, ки ду сол пеш бо Аҳмедова шинос шуд.

Маҷидов, аз рӯи арзёбиҳои тафтишоти муқаддамотӣ, рӯзе аз Аҳмедова супориш мегирад, ки духтарчаи ҳафтсолаеро, ки аксашро ҳам ба ӯ ин зан нишон додааст, аз минтақаи "Садбарг" гирифта, то ба маҳаллаи "Зарафшон" биёрад. "Бар ивази ин ба ронанда 2000 доллар пул ваъда шудааст". Маҷидов, ба қавли полис, ниятҳои ҷиноятпешаи ин занро пай бурда, сари вақт ба раҳбарияти худ дар вазорат ин ҳодисаро нақл кард ва баъдан худ, ба ҳайси иҷрокунандаи супориши Аҳмедова, вале дар асл ходими милиса, дар боздошти ин зан ширкат кард. Оҷонсии "Имрӯз-Нюс" мегӯяд, ин маълумотро аз манобеи тафтишотӣ дастрас кардааст.

Дар ҳоле, ки тафтишот идома дорад ва ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълум нест, ба назар мерасад, ки мақомот мехоҳанд хабари рӯзе аз ин пеш дар матбуот нашршуда оид ба боздошти эҳтимолии гурӯҳи қочоқии кӯдакон дар Тоҷикистонро носаҳҳеҳ арзёбӣ кунанд.

Рӯзи 25 июл матбуот аз ошкор шудани як гурӯҳи муташаккили ҷиноие хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе машғул будаанд. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл ҳам ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кар ва гуфт, се нафар аз аъзои ин гурӯҳ рӯзи чоршанбеи 20-уми июл замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо бо номи Ф.Б дуздиданӣ буданд. Ба иттилои ин манбаъ, ин ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзее рӯй додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳои 5-сола ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд. Ин ду ҳодисаи мудҳиш бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз назари набуди амнияти кӯдакон дар кишвар шокӣ ва нигарон кард.

Титбқи иттилои манбаъ, Ф.Б.-7-сола, ки бо талошҳои кормандони фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд, сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки раҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ ​Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе ва муассиси маркази масҳи "Маҳдия" дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе мебошад. Як узви дигари ин гурӯҳ - корманди тиб Ғиёсов Раҳмоналӣ Эмомалиевич, бародари шафқати маркази тибби шаҳрии воқеъ дар маҳаллаи Советскии шаҳри Душанбе мебошад. Тафтишот маълум кардааст, ки ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри ​ Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шуданаш бояд ба он манзил мебурданд. Ҳангоми кофтуков аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандоруи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст. Нисбати Матлуба Аҳмедова ва аъзои ин гурӯҳ бо моддаи 130-и қонуни ҷиноӣ, яъне одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда таҳқиқ идома дорад.

Сӯҳбати модари духтари ҳафтсолае, ки аз ҷониби гурӯҳи одамрабо дуздида, вале баъди 20 дақиқа раҳо карда шуд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG