Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти нави атрофи гурӯҳи кӯдакрабо. ВИДЕО


Акс ба рӯзномаи Имрӯз Нюс тааллуқ дорад.

Акс ба рӯзномаи Имрӯз Нюс тааллуқ дорад.

Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор ва боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе машғул будаанд.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, се нафар аз аъзои ин гурӯҳ рӯзи чоршанбеи 20-уми июл замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо бо номи Ф.Б дуздиданӣ буданд.

Ба иттилои ин манбаъ, ин ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзее рӯй додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳои 5-сола ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд.

Титбқи иттилои манбаъ, Ф.Б.-7-сола, ки бо талошҳои кормандони фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд, сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст.

Ҳамакнун аз роҳбар ва ташкилотчии рабудани Ф.Б.-и ноболиғ Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, ном бурда шуда мешавад. Ба иттилои яке аз ҷабрдидаҳо, Аҳмедова муассиси як маркази маҳсгарии "Маҳдия" воқеъ дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин

Акси дигари Матлуба Аҳмедова

Акси дигари Матлуба Аҳмедова

марказ 12 намуди маҳси бадан пешниҳод мешавад. Рӯзи 25 июл дарҳои ин марказ баста буд ва ҳеҷ хадамоте аз ҷониби ин муассиса пешниҳод намешуд. Матлуба Аҳмедова соҳиби фарзанд ва ду набера буда ҳанӯз чанд моҳи пеш дар биное зиндагӣ мекард, ки дар он хонаводаи Араловҳо ба сар мебурданд. Тахминан ду моҳи пеш ӯ макони зисташро нав кардааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ муайян кард, ки як узви дигари ин гурӯҳ - корманди тиб Ғиёсов Раҳмоналӣ Эмомалиевич мебошад. Дар Маркази тибби шаҳрии воқеъ дар маҳаллаи Советскии шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин нафар воқеан ҳам корманди маркази тиббии онҳо мебошад. Ба гуфтаи масъулин, Раҳмоналӣ Ғиёсов ба ҳайси бародари шафқат (медбрат) дар ин муассиса кор мекард ва бори охир дар маҳалли кораш рӯзи 12 июл ҳозир шудааст. Ба гуфтаи масъулон, он рӯз Ғиёсов дар ин муассиса навбатдор буда ва пас он дигар дар ҷои кор пайдо нашудааст. Масъулони Маркази шаҳрии тиббӣ дигар ҷузъиёте дар бораи ин пизишк надодаанд, танҳо гуфтанд, ки ӯ соли 1992 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Баъзе ҳамкорони Ғиёсов гуфтанд, ки дар бораи боздошт шудани ӯ хабар ёфтаанд, вале гумонбар дар содир кардани ҷиноят будани ӯро "бо ҳайрат" қабул кардаанд.

Тафтишот маълум кардааст, ки ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри

Малика ва Сабина Араловаҳо

Малика ва Сабина Араловаҳо

Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шуданаш бояд ба он манзил мебурданд. Ҳангоми кофтуков аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандоруи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, модари Ф.Б.-и 7–сола дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Матлуба Аҳмедоваро мешиносад ва қаблан ҳам муносибати хуб доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Матлуба Аҳмедова ҳамчун роҳбар ва ташкилотчии гурӯҳи одамрабо дониста мешавад ва боздошт шудааст.

Сӯҳбати модари духтари ҳафтсолае, ки аз ҷониби гурӯҳи одамрабо дуздида, вале баъди 20 дақиқа раҳо карда шуд:

Ба ин тартиб, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, риштаи тафтишот даст доштани афроди гумонбар ба одамрабоиро ба қазияи хоҳарони ноболиғ Сабина ва Малика Араловаҳо, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъди нопадид шуданаш ҷасадашро дар Ҳисор пайдо карданд, наздик мебарад.

Наздикони Араловаҳо гуфтаанд, айнан ҳамин зан барои пурсидани Маликаву Сабина бо боғча рафта буд, аммо он замон рӯймол мебаст. Модари Осия ҳам ин занро шинохтааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир нисбати Матлуба Ахмедова ва ду тани дигар, ки гуфта мешавад, шарикони ин зан будаанд, бо моддаи 130-и қонуни ҷиноӣ, яъне одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ ҷараён дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG