Пайвандҳои дастрасӣ

Дояҳои Осиёи Марказӣ дар Русия мегӯянд, ки эътимоди мардуми рус ба онҳо дар зери сояи куштори кӯдаки чаҳорсола аз тарафи як шаҳрванди Узбакистон хиратар мешавад.

Маликаи Хубон, хидматгори як хонаводаи рус дар Маскав мегӯяд, ки аз ҳодисаи кушта шудани бачаи чаҳорсола аз дасти як зани ӯзбакистонӣ ба ваҳшат афтодааст ва бовар дорад, ки ин ҳодиса ба занҳои мусалмон дар Русия бетаъсир намемонад. Маликаи Хубон мегӯяд, ки даромади хонаводааш аз пешаи ӯст ва агар корашро аз даст бидиҳад, хонаводааш зарар хоҳад дид. "Баъди дидани ин хабар дар телевизор ваҳшатам гирифт. Ин ҳодиса дар маҳалле ба вуқӯъ пайвастааст, ки ман он ҷо зиндагӣ мекунам. Замоне, ки аз метро берун мешудам, дидам нигоҳи атрофиён тағйир ёфтааст. Барои онҳо ҳар кӣ сиёҳ пӯшиду мӯи сиёҳ дошт, мансуб ба як миллат дониста мешавад: хоҳ арманист, хоҳ гурҷист, хоҳ ӯзбак аст ё тоҷик. Мо барои мардуми таҳҷоӣ ҳама “сиёҳ” ҳастем", - гуфт Маликаи Хубон.

Шаҳрванди Ӯзбакистон Гулчеҳра Бобоқулова, ки таи якуним соли охир дар як хонавода ба ҳайси дояи духтари чорсолаи онҳо хидмат мекард, рӯзи 29 феврал сар аз тани кӯдак ҷудо кард ва сари бе тан дар даст, дар назди яке аз истгоҳҳои метрои пойтахти Русия пайдо шуд. Ӯ дар пурсиши аввал ба гуноҳи худ иқрор шуд ва гуфт, ки ин ҷиноятро бо "амри Аллоҳ" содир кардааст.

Ҳарчанд ин ҷинояти мудҳишро як нафаре содир кардааст, ки ба гуфтаи бархе аз мақомоти Русия шояд рӯҳан бемор бошад, аммо сояи он ба рӯи ҳазорҳо зани муҳоҷир меафтад, ки дур аз хонаводаҳои худ дар Русия заҳмат мекашанад. Малика мегӯяд, занони Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ мавриди эътимоди русҳо буданд ва онҳо бо итминон парастории кӯдакон ва пирони барҷомондаи худро ба занҳои Осиёи Марказӣ месупурданд. Вале ҳодисаи ахир метавонад эҳсоси бегонаситезиро дар замири русҳо дубора бедор кунад.

"Ин зан обурӯи моро резонд. Боварӣ ба мусулмонҳо бештар буд. Моро русҳо ба тарзи дигар мепазируфтанд, ҳамчу занҳои хушахлоқ, баобурӯ ва дилсоф медонистанд. Баъди ин ҳодиса мушкил мешавад. Рақобат

Гулчеҳра Бобоқулова барои куштори ваҳшиёнаи кӯдак гунаҳгор мешавад

Гулчеҳра Бобоқулова барои куштори ваҳшиёнаи кӯдак гунаҳгор мешавад

шадидтар хоҳанд шуд", - мегӯяд Маликаи Хубон.

Саёҳат, як зани дигар аз Тоҷикистон парастори кӯдакони як хонаводаи русу фаронсавист. Ӯ нахост, ки чеҳраашро навор бигирем, зеро метарсад, ки сабти ошкоро ба кори ӯ зарар мерасонад. Сӯҳбати мо бо Сайёра атрофи ҳодисаи даҳшатбори марбут ба дояи узбакистонӣ аст. Ӯ низ аз шунидани ин хабар ҳанӯз ба худ наомадааст ва мегӯяд, ин ҷиноят тасаввурнопазир аст ва дарки ин ҳам душвор аст, ки чӣ кас ё ҳолате Гулчеҳра Бобоқуловаро ба ин ҷиноят тела дод. Ҳарчанд Саёҳат бовар дорад, ки ҳодисаи мазкур ба муносибати ӯ бо волидайни кӯдакони зери парасториаш таъсир намегузорад, аммо шубҳа надорад, ки ин воқеа шарту шароити кории ӯро дар Русия сангинтар мекунад.

Гулинор Иброҳимова, як дояи маҳаллии тотортабор, ки панҷ сол боз кӯдакбонӣ мекунад, ҳайрон аст, ки чӣ тавр ҳамкасби ӯзбакистонии ӯ, ки рӯҳан мариз менамояд, тавонист парастори кӯдакон шавад. Гулинор Ироҳимова мегӯяд: "Ба назари ман, дояҳо бояд аз миёни наздикон ва хешутабор интихоб шаванд, ё аз миёни дӯстоне бошанд, ки дер боз бо онҳо рафтуомад доранд, то бо боварӣ тақдири кӯдаки худро ба дасти онҳо бисупоред".

Хамзамон Гулинор аз эҳтимоли шадидтар шудани конунгузорӣ нисбат ба фаъолияти муҳоҷирзанон дар риштаи доягӣ истиқбол мекунад. Ба гуфти ӯ ҳодисаи даҳшатбор талабот ба хизматрасонии дояҳоро дар Русия бештар хоҳад кард.

Рӯзи 2 март як вакили Думаи давлатии Русия дар доираи баҳсҳо атрофи ҷинояти Гулчеҳра Бобоқулова, масъалаи ҷорӣ кардани литсензия ё муҷаввиз барои фаъолияти доягиро матраҳ кард ва ба назар мерасад, ки қонуни нав дар пасманзари қатли кӯдак бидуни мамоният қабул мешавад. Дар сурати қабули ин қонун, сафи дояҳо аз Осиёи Марказӣ, ки ҳоло ба ҳазорҳо мерасад, ба таври чашмгир коҳиш хоҳад ёфт ва ҷои онҳоро занҳо аз худи Русия ишғол хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG