Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои куштори кӯдакро аз ТВ-ҳо пахш намекунанд


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Дар Кохи Кремли Маскав аз тасмими шабакаҳои телевизионии Русия дар бораи нашр накардани хабарҳои куштори бераҳмонаи духтарчаи чаҳорсола ҷонибдорӣ карданд. Гулчеҳра Бобоқулова-шаҳрванди 38 солаи Узбакистон ин кӯдакро дар ҳамин рӯзҳо дар Маскав сар буридаааст.

Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия хабарҳоро дар бораи ин, ки ба шабакаҳои телевизионӣ ҳамин гуна пешниҳод расида бошад, рад кард.

Вай гуфт: “Чунин нест. Худи шабакаҳо аз пахши ин гуна хабарҳо худдорӣ кардаанд. Вале мо аз ин кори онҳо ҳимоят мекунем”.

Пештар ду корманди шабакаҳои мухталифи телевизионӣ ба нашрияе гуфтанд, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки аз пахши хабарҳо дар бораи ин куштор худдорӣ кунанд, то ба хусуматҳои миллӣ доман зада нашавад.

XS
SM
MD
LG