Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминро кӣ фурӯхт - раис ё "рафиқонаш"?


Ҳудуди 20 сокини Хуҷанд, ки дар як муомилаи заминфурӯшӣ зарар дидаанд, аз раисиҷумҳур, додситони кулл ва раиси Додгоҳи олӣ хостаанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Аммо раиси идораи заминсозии Хуҷанд гирифтани ришва ва даст доштанаш дар харидуфурӯши заминро рад кард.

Ҳоло дар Додгоҳи Хуҷанд парвандаи ҷиноии як корманди Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҳукумати ин шаҳр Хуршед Уматқулов ва сокини маҳаллӣ Муин Мансуров баррасӣ мешавад. Додгоҳ мегӯяд, ки ин афрод барои "қаллобӣ бо расондани зарари махсусан калон", "тақаллубкории санадҳо" ва "заминфурӯшӣ" айбдор мешаванд. Муин Мансуров гӯё байни кормандони бахши заминсозӣ ва корафтодҳо миёнарав будааст. ​

ҶАБРДИДАҲО АЗ ЧӢ ШИКОЯТ ДОРАНД?

Фурқат Камолов, як тан аз ҷабрдидаҳо, 11 август ба Озодӣ гуфт, ба далели риоят нашудани адолати судӣ дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, онҳо маҷбур шудаанд ба ин мақомот шикоят баранд. "Бояд парвандае, ки ҳозир дар суд муҳокима мешавад, ба тафтиши иловагӣ баргардонда шавад. Зеро дар суд айбдоршавандаҳо гуфтанд, ки мо аз мардум пул гирифта ва ба дасти Мирзоев Сӯҳробу Ёрматов Халил додем. Ин ду нафар ҳам бояд ба курсии айбдорӣ шинанд," - гуфт ӯ.

Ҷабрдидаҳо иддао доранд, ки дар асл Халил Ёрматов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд ва Сӯҳроб Мирзоев, масъули бахши сертификатсозии ин ниҳод низ бояд дар баробари додгоҳ ҷавоб диҳанд. Фурқат Камолов иддао дорад, ки ин ду нафар бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи наздиҳавлигӣ аз 33 нафар ба миқдори 460 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.

Худи Камолов мегӯяд, шахсан худаш барои ду қитъаи замин 25 ҳазор доллар додааст ва ҳоло мехоҳад ин маблағро бозпас гирад. Даврон Пӯлодов, дигар аз ҷабрдида мегӯяд, барои соҳиби қитъаи замин шудан 14 ҳазор доллар пардохт карда ва ҳоло маълум нест, ки ин пулро бозпас мегирад ё на.

Файзинисо Воҳидова.
Файзинисо Воҳидова.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи ҷабрдидаҳо, 11 август дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷабрдидаҳо борҳо ба қабулгоҳи додситони вилояти Суғд рафта, аммо додситон бо ҳар баҳона аз қабул ва шунидани шикояти онҳо худдорӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, ин афрод маҷбур шудаанд, ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шикоят баранд.

ЁРМАТОВ РАД МЕКУНАД

Дар ҳамин ҳол, Халил Ёрматов, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезии шаҳри Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, ки дар қазияи гирифтани ришва ба ҳангоми ҷудо кардани замин шарик нест ва иддаоҳо дар ин замина тӯҳмат аст. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 11 август тамоми масъулияти ин моҷароро ба Муин Мансуров бор кард ва иддао намуд, ки гӯё тамоми муомилаҳои ғайримуҷози пулиро ҳамин шахс анҷом додааст ва худи ӯ бегуноҳ асту ҳатто аз номи ӯ истифода шудааст.

Ҷабрдидаҳо иддао доранд, ки дар асл Халил Ёрматов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд ва Сӯҳроб Мирзоев, масъули бахши сертификатсозии ин ниҳод низ бояд дар баробари додгоҳ ҷавоб диҳанд.

Вай гуфт: “Муин Мансуров бо коргари собиқи Кумитаи заминсозӣ Хуршед Уматқулов одамонро ба беруни шаҳри Хуҷанд бурда ва ваъда мекунад, ки ба онҳо замин медиҳад. Аз онҳо пул гирифта ва мегӯяд, ки ман бо раис рафиқ ҳастам ва ба шумо замин медиҳам. Ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ медиҳанд, ки дар он имзои раиси Кумитаи заминсозӣ, архитектура ва ҳукумати шаҳр нест. Мӯҳрро онҳо тавассути сканнер гузоштаанд. Вақте ҷабрдидаҳо даъво карданд, маро ба милитсия даъват карданд. Аммо на Мансуров, на ҷабрдидаҳо наомадаанд. Дар суд ҳам бегуноҳии мо исбот шуд”.

Ёрматов гуфт, ҷабрдидаҳо ба додситониҳои шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва додситонии кулл, Оҷонсии мубориза бо фасод аз ӯ шикоят карда, вале дар ҷараёни тафтишот фактҳо тасдиқ нашудаанд. Ҳоло, ки Хуршед Уматқулов ва Муин Мансуров дар боздошт ҳастанд, мавқеи онҳо барои матбуот маълум нест.

ДОДСИТОНӢ ХАБАР НАДОРАД

Аз дафтари матбуоти додситонии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар мавриди шикояти дастҷамъии ҷабрдидаҳо дар қазияи заминфурӯшӣ, хабар надоранд. Ин манбаъ гуфт, ки маъмулан шикоятҳо ба таври хаттӣ сурат мегирад ва то ҳол чунин як номаи шикоятӣ ба додситонӣ нарасидааст.

Файзинисо Воҳидова мегӯяд: “Барои таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ бояд ин парванда ба тафтишоти иловагӣ баргардонда шуда ва ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳамчунин, барои барқарор кардани зарари моддӣ чораҳо андешида шавад.”

Ин вакили мудофеъ ибрози умедворӣ кард, ки пас аз муроҷиат ба президент, додситони кулл ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мумкин аст парвандаи қаллобӣ дар тақсими қитъаи замин ҳамаҷониба баррасӣ шуда ва афроди масъули дигаре, ки дар вақти омода кардани санадҳои тақаллубӣ ва мӯҳру имзоҳо ширкат доштанду мардумро фиреб додаанд, ба маҳкама кашида шаванд.

Ҳабибулло Воҳидов.
Ҳабибулло Воҳидов.

Ҳабибулло Воҳидов, доситони вилояти Суғд, дар як нишасти матбуотии моҳи гузашта аз мавридҳои тақаллуб ва қонунвайронкунӣ ба ҳангоми тақсими қитъаи замин бештар умумӣ сӯҳбат кард.

Вай гуфт: “Бигзор шаҳрванде, ки бо қаллобӣ заминро мефурӯшад ё мақомот қарори нодуруст бароварда бошанд, агар эътироз оварданд, бекор карда мешавад. Ин бештар ба қарорҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бораи ҷудо кардани замин рабт мегирад, ки мо эътироз овардем ва қарорҳо бекор карда шуданд. Аз ҷумла, 4 ҳазору 170 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд”.

БАҲСҲОИ ДОҒ БАРОИ МАНЗИЛ

Дар Тоҷикистони камзамин баҳси дастрасӣ ба қитъаҳои замин солҳои охир доғ мешавад ва бештарини баҳсҳои додгоҳӣ ҳам маҳз марбут ба ҳамин масъала аст. Шумори ин парвандаҳо ба садҳо адад мерасад.

Мақомоти тафтишотӣ дар бораи ошкор ва боздошт шудани афроди дахил дар қазияҳои заминфурӯшӣ пайваста гузориш медиҳанд, вале бархе сокинон мегӯянд, ки дар ин муомилаҳо на танҳо нақши даъвогарони замин, балки афроди масъул ҳам муҳим аст.

XS
SM
MD
LG