Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои таҳқиқи ришвахорӣ дар тақсими замин ва ислоҳи онҳо комиссияи корӣ таъсис додааст.

Шариф Шарифзода, раиси ҳукумати шаҳри Хуҷанд гуфт, ин комиссия, ки ба он мақомоти ҳукумат ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ шомиланд, ба таҳқиқи камбудӣ ва хатоиҳои рухдода, ислоҳи онҳо ва дар оянда роҳ надодан ба ингуна камбудиҳои ҷиддӣ машғул аст. Вай афзуд:

“Мутассифона, собиқ кормандони кумитаи заминсозӣ ба қонуншиканиҳо ду-се сол пеш даст задаву ҳоло ошкор карда шудааст. Ин комиссияи корӣ пурра омӯхта истодаааст ва зимни омӯзиш ва муроҷиати шаҳрвандон ҳамин камбудиҳо ошкор карда шуд. Ин камбудиҳо дар ҷаласаи кории назди раиси шаҳр баррасӣ карда шуданд.”

Баъд аз ошкор шудани мавориди ришвахорӣ дар додани замин барои сохтмони манзил ба сокинон тамоми мансабдороне, ки дар ин кор даст дошта, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ба шумули яке аз муовинони раиси шаҳр аз вазифаҳои худ сабукдӯш карда шудаанд. Ҷои онҳо тими нав сари кор омадааст, ки ба таъкиди Шариф Шарифзода, "бо дасту дили соф адои вазифа хоҳанд кард":

“Ҳар кадомашон огоҳ карда шуданд, ки дигар набояд ба чунин камбудиҳо роҳ диҳанд. Лекин масъалаҳое, ки ошкор карда шудаанд, мавриди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Хулосаи ниҳоиро онҳо мебароранд ва ҳар касе, ки ҷиноят содир кардааст, назди қонун ҷавоб мегӯяд.”

Шариф Шарифзода охири моҳи марти соли ҷорӣ бо амри раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид ва яке аз нахустин дастурҳои ӯ ба кумитаи заминсозии Хуҷанд ин буд: “сохтмонҳои ғайриқонунӣ бунёдшаванда ба ҳолати аввала баргардонида шаванд.”

Ҳодисаи заминфурӯшии гурӯҳе аз мансабдорони Хуҷанд баъди он ошкор шуд, ки Муин Мансуров, миёнарав байни кормандони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд ва корафтодаҳо рӯзи 29 январи соли ҷорӣ ҳини гирифтани 2 ҳазор доллар ришва аз як сокин барои бенавбат додани қитъаи замин барои хона аз сӯи Раёсати умури дохилии вилоят дар пушти бинои СИЗО-и шаҳри Хуҷанд боздошт шуд. Зимни таҳқиқи ин парванда 33 сокин бо ин роҳ фиреб хӯрдани худро ба мақомоти тафтишотӣ маълум кардаанд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи чанде аз ҷабрдидаҳо мегӯяд, тафтишот бар пояи шикояту аризаҳои ҷабрдидаҳо маблағи аз мардум гирифтаи ин афродро ҳудуди 460 ҳазор доллар мушаххас кардааст. Ҷабрдидҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки чанд нафар аз масъулони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд “онҳоро бо санадҳои дар компютер нусхабардоришуда фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор долларашонро гирифтанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд.” Ба навбати худ, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи ҷабрдидаҳо мегӯяд, айбдоршавандаҳо дар вақти рӯбарӯ кардан бо зерҳимояҳояш ба гуноҳи худ иқрор шуда ва эътироф кардаанд, ки як қисми ками маблағҳоро барои худ гирифтаанд ва боқимондаро ба масъулони идораҳои зидахл додаанд.

Даврон Пӯлодов, яке аз ҷабрдидаҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте санадҳои ду қитъаи заминро ба ӯ пешниҳод кардаанд, чаҳор нафар - Сӯҳроб Мирзоев, масъули шӯъбаи сертификатсозии Кумитаи заминсозии шаҳр, Хуршед Умматқулов, директори Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, Ҳаким Исмоилов ва Муин Мансуров худро ҳамчун намояндагони кумитаи заминсозӣ муаррифӣ намуда, ваъда доданд, ки бар асоси қонун қитъаҳои заминро дар ивази 7 ҳазор долларӣ дар ихтиёраш мегузоранд.

Вай гуфт, аммо то ҳанӯз соҳиби қитъаи замин нашудааст ва акнун мехоҳад аз ин афрод 14 ҳазор долларашро бозпас бигирад.

Даврон Пӯлодов мегӯяд, ки ҳамин афрод аз ҳамсояааш Фурқат низ бо ваъдаи додани қатъаи замин пул гирифтанд, аммо ба ӯ на замин доданд ва на маблағашро бозпас гардониданд.

Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои додгоҳи Хуҷанд, танҳо ду нафар - Хуршед Умматқулов ва Муин Мансуров, ки байни кормандони шӯъбаи замин ва корафтодаҳо миёнаравӣ мекарданд, дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Онҳо бо моддаи 247, қисми 2, банди ”б” (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон), моддаи 340 (тақаллубкории санадҳо), моддаи 338, қисми 2 (заминфурӯшӣ) айбдор дониста мешаванд.

Вале мақомоти тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд парвандаҳои ҷиноии чанд мансабдори ҳукумат ва миёнаравҳоеро, ки аз мардум барои додани қитъаҳои замин ришва ситонидаанд, бар пояи қонуни афви соли 2014 қатъ карда, онҳоро аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ, рӯзи 26 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим боиси хашми ҷабрдидаҳо шуда, онҳо аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд тақозо кардаанд, он парвандаҳо ба таври иловагӣ баррасӣ шаванд. Вай афзуд : “11 тан аз ҷабридидаҳо ба таври хаттӣ ба додраси додгоҳи Хуҷанд - Акмал Савриддинзода, ки мурофиаи парвандаи фурӯши заминро бар ӯҳда дорад, муроҷиат намуда хоҳиш карданд, ки нисбати бархе мансабдорон ва миёнаравҳо тафтишоти иловагӣ бурда шавад.”

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло ба хотири ҳамаҷониба баррасӣ шудани парванда ва барои ҷалби афроди масъули дигаре, ки дар вақти омода кардани санадҳои тақаллубӣ ва мӯҳру имзоҳо ширкат карда ва мардумро фиреб додаанд, ба Додситонии кулл ва раисиҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол дошта ва дархост мекунад, ки дар ҳалли ин қазия мусоидат намоянд.

Дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 7 дар сади масоҳаташ замин асту боқӣ кӯҳистон, таъмини сокинон бо қитъаҳои замин барои бунёди манзил аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Мушкилоти тақсими замин дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ки ҳудуди 200 ҳазор аҳоливу дигар тақрибан замини холӣ надорад, доғтар аст. Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст. Ҳамзамон даҳҳо сокинони оддӣ - табибон, муаллимон, рӯзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Хуҷанд аз масъулон бо миннатдорӣ ёд мекунанд, ки ба онҳо бепул ва беминнат аз рӯи навбат қитъи замин ва сертификат доданд.

Бино ба иттилои кумитаи замини вилояти Суғд, аз соли 2012 то ҳол ба 4 ҳазору 357 сокини шаҳри Хуҷанд 6 сотихӣ қитъаи замин барои бунёди манзил дода шудааст. Чор ҳазору дусад нафари онҳо сертификати замини худро низ гирифтаанд ва 1 ҳазору сесад нафар дар заминҳои худ манзил сохтаанд. Афзун бар ин, беш аз 5 ҳазор сокини дигар дар навбати гирифтани замини наздиҳавлӣ номнавис шудаанд.

Вале дар ин давра даҳҳо мавридҳои ришвагирии кормандони кумитаи замин аз сокинон бар ивази бенавбат додани қитъаи замин низ ҷой доштааст.

Додситонии Суғд мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон барои “ишғоли худсарона ва ғайриқонунии замин ” 635 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашид ва марбут ба қонуншиканиҳо дар истифодаву тақсими замин 138 парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ҳамчунин, ба 89 қарори раисони шаҳру навоҳии Суғд дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин эътироз намуд. Дар натиҷа, беш аз 4 ҳазор гектар заминҳои “худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда” ба ҳолати аввалаи худ баргардонида шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG