Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Исфара то Сурия: Роҳи Гуландом барои наҷоти шавҳараш (2 ВИДЕО)


Ёсинхон Эшонов

Ёсинхон Эшонов

Ҳамсари Ёқуб Эшонов, сокини Исфара, тавонистааст ҳамсарашро аз ҷанг дар Сурия берун кашад. Ӯ ба волидонаш гуфта, ки ҳоло дар Истанбуланд ва аз он ҷо ба Маскаву баъд ба Ватан меоянд.

Гуландом Эшонова, сокини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара, роҳи тӯлониеро аз Тоҷикистон то Туркия тай карда, сипас худро ба назди ҳамсараш – Ёқуб Эшонов, ки дар Сурия меҷангид, расондааст. Вале наздикони ӯ мегӯянд, қасди Гуландом аз ин сафар на ҳамроҳии шавҳараш дар ҷанги Сурия, балки берун кашидани ӯ аз ин “ботлоқ” будааст.

Ёсинхон Эшонов, падари Ёқуб, аз келини худ ситоиш карда, ӯро боҷуръату дилогоҳ номид, ки тавонистааст, ҳамсари худро ба тарки ҷанг ва бозгашт ба Ватан ризо кунад. Эшонов дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо аз Истанбул бо мо дар тамос шуданд, ки аз Сурия ба Туркия расидаанд. Ҳоло мехоҳанд аз роҳи заминӣ ба Маскав омада, сипас ба Ватан баргарданд.”

САФАРИ ПУРХАТАР

Ин сокини шаҳри Исфара нақл кард, арӯси хонадонро хабари аз Маскав ба ҷанги Сурия рафтани писараш дар моҳи июни соли ҷорӣ ба сафари тӯлонӣ, аммо хатарбор водор кардааст. Сафаре, ки ба қавли Ёсинхон Эшонов, метавонист келинашро ҳам ба доми ҷангиён афканда, ба ҷои он ки ба захмҳояшон марҳам бишавад, намак пошад. “Писарам моҳи июн, баъд аз як моҳи ба Сурия рафтанаш бо мо дар тамос шуд. Гуфт, дар Сурия асту дар ҳаққаш дуо кунем. Мо хеле зиқ шудем. Ҳамсараш гуфт, ман мераваму шавҳарамро аз таҳи замин ҳам бошад, ёфта меорам. Ҳарчанд гуфтем, он ҷо - ҷанг, мумкин баргашта омада натавонӣ. Аммо гапи моро қабул накард ва ба гапаш истоду рафт. Маҷбур ба Душанбе рафта, ӯро ба Истанбул гусел кардам”,-ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

ҶАНГ Ё ҶИҲОД?

Ёсинхон Эшонов, сокини деҳаи Чорқишлоқи ноҳияи Исфара, бемор ва маъюби дараҷаи дувум аст. Ӯ бар хилофи писараш иштирок дар ҷанги Сурияро “ҷиҳод” надониста, онро мусалмонкушӣ меномад: “Ҳар боре писарам телефон мекард, мегуфтам, ин корат хатост, баргард. Ин бачаҳои мо бо нияти шаҳид шудан ба ҷанг рафтаанд. Дар Русия душманон бо ҳарфҳои хубу ваъдаи шаҳид шудан ақли онҳоро дуздида, ба ҷанги Сурия фиристодаанд. Ба писарам гуфтам, ин фикрат хатост, ҷанг накун. Кас мусалмони мазҳаби дигарро кушад, магар мусалмон мешавад?”

Ҳоло наздик ба 20 ҷавони деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара дар ҷанги Сурия иштирок доранд. Ду нафари онҳо ҳамроҳи ҳамсару кӯдакони худанд ва ба наздиконашон гуфтаанд, алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, меҷанганд. Ин гуруҳи ҷавонон, ба гуфтаи ҳамдеҳагонашон, дар минтақаи назди Маскави Русия кор мекарданд ва дар тӯли на камтар аз як соли охир ба Сурия рафтаанд.

БОЗДОШТИ НАСИБА

Насиба Фаттоева, сокини дигари Чорқишлоқ, ки бо ду кӯдак дар дасту севумӣ дар батнаш роҳии Сурия буд, ахиран дар марзи Қирғизистон боздошт гардид. Як ҳамсояи ӯ гуфт, шавҳари Насиба аз Сурия ба мақомоти интизомӣ занг зада гуфтааст, ҳамсараш бегуноҳ аст, вале худи ӯ роҳи бозгашт аз “ҷиҳод” дар Сурияро надорад.

Ҳоло Насиба Фаттоева ҳамроҳи кӯдаконаш дар хонаи падарарӯсаш ба сар мебарад. Мо ӯро 23 сентябр, ҳангоми сафарамон ба деҳаи Чорқишлоқи Исфара дар саҳни ҳавлиашон дидем, аммо падари шавҳараш иҷоза надод, бо суҳбат кунем ва бипурсем, чаро назди шавҳараш рафтанӣ буд? Оё шавҳараш намехост ба Тоҷикистон биёяду аз ӯ хостааст ба назди вай равад? Ё мехост мисли ҳамдеҳааш – Гуландом ба Сурия назди шавҳараш рафта, ӯро барои омадан ба Ватан розӣ кунад?

НАЗАРИ ИМОМ-ХАТИБ

Садриддин Содиқов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Чорқишлоқ, мегӯяд, ҳоло ҳамсари ҷавононе, ки дар ҷанги Сурия қарор доранд, таҳти саробонии волидонашон ҳастанд. “Сарашон хам, шарм медоранд, лекин ночоранд. Мо умед мекунем, шавҳарони онҳо иштибоҳи худро дарк кунанду баргарданд. Ҳозир кӯшиш дорем, бо ҳар роҳу усул ба онҳо фаҳмонем, ки ҷанги онҳо дар Сурия “ҷиҳод” не. “Ҷиҳод”-и онҳо хидмат ба аҳли оила ва волидайнашон аст. Онҳо бояд баргарданд ва ҳамсару кӯдакон ва волидайни худро саробон шаванд. Фарзандонашонро нигоҳубин ва тарбият кунанд”,-таъкид кард имом-хатиб.

Вале ба гуфтаи Ёсинхон Эшонов, мусоҳиби аввалаамон, сокинони деҳаи Чорқишлоқи Исфара, ҳоло кори асосие, ки аз дасташон меояд, даъвати фарзанди худ тавассути телефон аз Сурия ба Тоҷикистон аст. Камтар падару модарон иҷоза медиҳанд, ки арӯсашон дар ҷустуҷӯву бозгардонидани шавҳар роҳи Сурия пеш бигирад ва ҷонашро дар хатар гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG