Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Репортаж аз Чорқишлоқ - зодгоҳи 20 ҷангии тоҷики ҷанги Сурия


Гузориши вижаи хабарнигори Озодӣ аз Чорқишлоқи Исфара, рустое ки ҳудуди 20 сокинаш барои "ҷиҳод" ба Сурия рафтаанд.

Чаро ва чӣ гуна ҳудуди 20 ҷавон аз деҳаи Чорқишлоқи ноҳияи Исфара ба Сурия рафтанд? Барои “шаҳодат” дар ҷанг ё “аз гумроҳӣ”? Наздикони худи ин ҷавононе ки дар Сурия меҷанганд, чӣ мегӯянд? Ҷустуҷӯи посух ба ин саволҳо моро ба Исфара бурд.

“Роҳи ҷавонони Чорқишлоқ - аз ин ҷо ба Маскав ва аз онҷо ба ...Сурия”

Занону духтарон дар кӯчаҳои ин деҳа тақрибан ҳама сатри исломӣ доранд ва аз мардони он наздики 20 нафар дар Сурия меҷанганд. То кунун як нафар аз аҳли Чорқишлоқ дар он ҷо кушта шуда, ду тани дигар бо ҳамсару кӯдакони худ ба “ҷиҳод” рафтаанд. Зани дигаре - Насиба Фаттоева, ки мехост ду кӯдак дар дасту тифли сеюмаш - дар батн ба Сурия назди шаҳвараш равад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд. Маҳз ҳамин қазия боиси шуд, ки таваҷҷӯҳи ҳамагон ба сӯи Чорқишлоқ, ки дар ҳудуди ҷамоати Шаҳрак, дар макони хушманзарае дар 7-километрии Исфара ҷойгир аст, ҷалб шавад.

Ҳамдеҳагони пайкорҷӯи худро баъзе аз сокинони Чорқишлоқ “мусулмони ҳақиқӣ” ва “қаҳрамон” меноманд, вале бархи дигар онҳоро раҳгумзадагоне мешуморанд, ки бо роҳи хато рафтаанд.

Падари ҷавоне, ки дар ҷанги Сурия кушта шудааст, мегӯяд, шаҳид шудани писарашро дар “ҷанги роҳи Худо” барои худ мояи ифтихор медонад. Аммо ӯ то ҳоло ҷуръат накардааст, ин хабарро ба ҳамсараш расонад, чун намехоҳад модари фарзандонашро ғамгину ҷигархун бинад.

Ҳамсоягони ин мард аммо мегӯянд, сахтии зиндагӣ дар ин гӯшаи дурдафтодаи Тоҷикистон ва машаққати дарёфти рӯзӣ бо хориву зорӣ дар Русия бархе аз ҷавононро ба роҳи “ҷиҳод” ва мубориза барои тағйири чунин сохтор, бигзор ҳатто дар кишваре чунин дур аз Тоҷикистон, бурдааст.

Мақомоти интизомӣ дар гузашта аз таъсири шӯъбаи Ҳизб-ут-таҳрир дар ин деҳа изҳори нигаронӣ кардаанд. Ду сокини ин маҳал бо иттиҳоми узвият дар ин созмони мамнӯъ зиндонӣ шудаанд.

Меҳрӣ Иброҳимова, раиси ҷамоати Шаҳрак мегӯяд, ҳоло ному насаби 17 ҷавони чорқишлоқиро, ки дар ҷанги Сурия иштирок доранд, маълум кардаанд. Ду нафари дигар аз деҳаи Қалъаи Дӯки ин ҷамоат буда, бо ҷавонони чорқишлоқӣ хешиву наздикӣ доштаанд. Ҳамаи онҳо аз Русия роҳ ба самти Сурия гирифтаанд ва ба гуфтаи Сеҳрӣ Иброҳимова, шояд дар Русия ба дасти афроде афтодаанд, ки аз ҷалби ҷавонон ба “ҷиҳод” фоида мебинанд.

Садридин Содиқов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Чорқишлоқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷавонони тоҷики ба Сурия рафтаро “фирефташуда” номид ва гуфт, аксари онҳо “таҳсилнадидаанд, маърифати исломии пасттар доранд, саводи диниашон хуб нест, аз моҳияти кору ҳодиса огоҳ нестанд, маънии “ҷиҳод” ва шурути онро намедонанд. Баъзеи онҳо ин ҷо ҳатто ба масҷид ҳам намеомаданд.”

Садридин Содиқов
Садридин Содиқов

Вай дар посух ба саволе, ки пас, кист ки ҷавонони Исфараро “фирефта” ба ҷанги Сурия мебарад?, посух дод, ки эҳтимол ин “кори гурӯҳҳои ба ин ҳавасманд” аст: “Шояд, баъзе қувваҳо, шояд, баъзе ҷосусҳо бошанд, ки ин ҷо кор мекунанд ва ҷавонҳои моро (ба Сурия) равон мекунанд. Авале аз нигоҳи Ислом инро ҳаргиз наметавон гуфт, ки ин “ҷиҳод” аст. Чунки он ҷо аҳли шиъа ҳам аҳли китоб ҳастанд ва мо наметавонем дар ҳаққи онҳо куфр гӯем. Аммо ин ҷавонон ризоияти волидайни худро нагирифта мераванд. Ҳадисе ҳам ҳаст, ки боре як ҷавон назди расули акрам - Муҳаммад (с) омад ва гуфт, ки маро ҳам ба сафи муҷоҳидон дохил кунед. Он ҳазрат пурсиданд, ки оё падару модар дорӣ ? Гуфт, ки бале. Гуфтанд, ки рав, хидмати падару модаратро кун ва ризои онҳоро ба даст овар, ки ҷиҳоди ту ҳамин аст.”

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Чорқишлоқ, агар барои фарзандони онҳо дар Тоҷикистон ҷойҳоии кориву шароити одии зиндагӣ ф ароҳам мебуд, ба мардикории Русияву аз он ҷо ба чор сӯи ҷаҳон, аз ҷумла ба Сурияи ҷангзада намерафтанд.

Низомиддин Ёрматов
Низомиддин Ёрматов

Низомиддин Ёрматов, мӯсафеди зоҳиран ҳудуди 70-сола аз деҳаи Чорқишлоқ мегӯяд: “Ҷавонҳои мо аз ночорӣ барои кор ба Русия мераванд. Агар дар ин ҷои худамон кор мебуд, бисёрашон аз назди бачу качу падару модарашон дур намешуданд. Аммо агар розии падару модарамро мегирам, гӯянд, аз он ҷо (аз Сурия) омада, хидмати онҳоро кунанд.“

Ба чанд хонаи ҷавононе, ки дар Сурияанд, рафтам. Медидам, аҳли оилаҳояшон дар хонаҳои хурди одии хокӣ ва якошёна зиндагӣ мекунанд. Зимнан, дар ин деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҷавонон хеле кам ба чашм мерасиданд ва сокинон мегуфтанд, ки аксари онҳо дар Русия муҳоҷиранду дар остонаи зимистон бармегарданд.

Ба гуфтаи сокинони Чорқишлоқ, аз он ки замини деҳа танг асту аксарияти сокинон замин ва ҷойи кор надоранд, бисёр мардони деҳа чун дигар сокинони деҳоти Тоҷикистон рӯзии аҳли хонаводаи худро аз муҳоҷират дарРусия, умдатан дар Маскаву атрофи он ба даст меоранд.

Имоми Чорқишлоқ мегӯяд, ҷанг дар Сурия ҷиҳод нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

“Аввалин ҷавоне, ки аз Исфара ба Сурия рафт, кушта шудааст”

Манзили нотамоми Масрур Иброҳимов дар Чорқишлоқ
Манзили нотамоми Масрур Иброҳимов дар Чорқишлоқ

Ба ман ёфтани хонаи Масрур Иброҳимов, ҷавони 29-солае, ки охири моҳи март хабари кушта шуданаш дар ҷанги Сурияро пайвандонаш тасдиқ карда буданд, душвор наафтод. Дар Чорқишлоқ хонаводаи ӯро ҳамчун аввалин нафаре, ки ҳамроҳи хоҳараш Макнуна ба ҷанги Сурия рафтааст, мешиносанд. Умийя Иброҳимова - модари Масрур мегӯяд, хабари марги писарашро духтараш - Макнуна ба вай расонд: “Писарам - Масрур дар Сурия ҳамагӣ ду моҳ зиндагӣ кардааст. Вай ба муҷоҳидон хӯрок мебурдааст, ки ҳавопаймоҳо аз болои сарашон бомбаборон мекунанд. Масрури ман қатори 5 шарикаш ҷон додааст. Инро рафиқони зиндамондааш ба хоҳараш ва хоҳараш ба мо хабар дод. Чизе ки сари ман омад, ба сари ҳеҷ кас набиояд. Дар ду сол аз писару духтарам ва арӯси нозанинаш, ки шавҳари нав кард, ҷудо шудам. Ду набераам ятим монд.”

Ба гуфтаи Умийя Иброҳимова, писараш Масрур ба ҷуз хатми мактаби миёна дигар таҳсилнодида буд ва ихтисосеву ҷойи коре дар маҳали зисташ надошт. Вай ҳар сол 6 моҳ барои мардикорӣ ба Русия мерафт ва 6 моҳи дигари солро дар зодгоҳаш, назди зану кӯдаконаш мегузаронд.

“Масрур чӣ тавр ба Сурия рафт?”

Масрур, ба нақли модараш, амри тасодуф ба Сурия бурдааст. Хонум Умийя гуфт, писараш аз Русия барои овардани хоҳараш – Макнуна, ки аз шавҳари арабаш ҷудо шуда буд, ба Миср рафта, аммо гӯё ба ин далел ки хоҳараш дар шиносномааш сабти иқомат надошт, натавонистанд ба Ватан баргарданд: “Як моҳ дар Миср гашта, роҳи омадан пайдо накарданд. Баъд Туркия рафта, он ҷо ду моҳи дигар сарсону саргардон монданд. Баъд ба дасти муҷоҳидон афтода, ҳардуяшон ба Сурия гузашта рафтанд. Моҳи октябр ба рафтани фарзандонам 1 сол пур мешавад.”

Хонум Умийя мегӯяд, вай домоди арабашро боре ҳам надидаву ягон дафъа бо ӯ сӯҳбат ҳам накардааст. Пас аз марги писараш ҳама аксҳои духтару домодаш ва худу фарзандонашро ҳам сӯхтаву нобуд кардааст. Вай розӣ нашуд аз ӯ барои саҳфаи Озодӣ ҳам акс бардорам. Ин зан гуфт, “сатрам ба дараҷаи зарурӣ дуруст нест ва фардо назди Худованд гунаҳгор мешавам.” Ӯ танҳо иҷоза дод, хонаи одии нотамомеро, ки писараш Масрур деворашро бардоштаву аммо сохтмонашро ба охир нарасонида, дар Сурия кушта шудааст, сурат гирам.

Намое аз Чорқишлоқ
Намое аз Чорқишлоқ

Макнуна Иброҳимова, ба гуфтаи модараш, бо як марди араб бо миёнаравии як сокини деҳааш ва тавассути интенету зангҳои телефонӣ шинос шуда, соли 2012 бо даъвати вай ба ҳайси “зани дуюм” ба Миср рафтаву издивоҷ кардааст. Хонум Умия мегӯяд, Макнуна аз ночорӣ ба зани марди араб шудан тан дод, чунки баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш дар Ватан тӯли 8 сол хостгори дигаре пайдо накард.

Аммо дар ин қисса ба ҳамсарии як марди араб тан додани як зани тоҷик, он ҳам ба ҳайси зани дуюм ва танҳо “ба хотири барпо кардани оила” боварибахш наменамояд. Гузашта аз ин, гӯё алакай пас аз тахминан 8 моҳи зиндагии якҷоя оилаи онҳо пош хӯрда, марди араб ба оилаи Макнуна дар Исфара хабар додааст: “фарзанди худро ба Тоҷикистон оранд, ки дар Миср нооромист.”

Зимнан, Макнуна Иброҳимова ба гуфтаи модараш, баъди марги бародараш Масрур дбоз ҳам ар Сурия монда, дар он ҷо бо марди тоҷике хонадор шудааст ва дигар аз худ дарак намедиҳад.

Оё ин хоҳару бародар ба ҳамдеҳагони худ ба Сурия раҳ кушоданд?

Мақомоти Исфара мегӯянд, ки аввал аз ҳама ҳаминр ду хоҳару бародар аз деҳаи Чорқишлоқ ба Сурия рафтаву сипас рафиқони худро ба наздашон хондаанд. Як корманди ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара, ки Чорқишлоқ аз нигоҳи маъмурӣ тобеи ин ҷамоат аст, ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, Масрур ҷавони таълими исломигирифта ва ҳофизи Қуръон буд ва баъди рафтани вай ба Сурия дар муддати ҳамагӣ чанд моҳ беш аз 15 нафари дигар ба сурати алоҳида ва ду оила бо кӯдакони худ аз ин деҳа аз тариқи Русия ба Сурия рафтанд.

Вале Умийя Иброҳимова, модари Масрури дар ҷанги Сурия кушташуда мегӯяд, намедонад, ки кӣ фарзандони онҳоро бо роҳи фиреб ва тарғибу ташвиқ ба ин кишвар мебарад? Ӯ мегӯяд: “Ҳозир ҳамамон дар ҳолати “шок” афтодаем, ки кӣ ин бачаҳои ҷавони моро аз зану фарзандашон ҷудо карда, Сурия мебарад? Кӣ фарзандони моро бероҳа карда, бачаҳои ҷавони хонадорнашударо ба ин кишвар ба ҷанг мебарад?”

Талоши волидайн ва мақомот ба баргардонидани ҷавонон аз Сурия

Ба ҳар сурат, мақомоти маҳаллӣ ва кӯҳансолони деҳаи Чорқишлоқи ноҳияи Исфара мегӯянд, барои баргардонидани ҷавонони ҷанганда дар Сурия талош доранд.

Меҳрӣ Иброҳимова, раиси ҷамоати Шаҳрак мегӯяд, аммо онҳо тамоси мустақиман бо он ҷавонон надоранд ва тавассути волидайн ва ҳамсарони онҳо паём мефиристанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо волидайни ҷавононе, ки дар Сурия қарор доранд, мегӯянд, онҳо бо фарзандони худ тамоси доимӣ ва собит надоранд.

Ёсинхон Эшонов бо наберааш
Ёсинхон Эшонов бо наберааш

Ёсинхон Эшонов, сокини ин маҳал мегӯяд, писараш – Ёқуб - даъвати ҳамсару аҳли оилаашро пазируфта, баъди чанд моҳи будубош дар Сурия роҳи бозгаштро пеш гирифтааст. Ёқуб Эшонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз Сурия гоҳ-гоҳ ва ҳар дафъа аз рақами дигар занг мезад. Бори охир вай аз Истамбули Туркия паём додааст, ки ҳамроҳи ҳамсараш асту бо роҳи заминӣ ба Русия хоҳанд рафт ва ният доранд сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон баргарданд.

Ӯ афзуд, касоне, ки писари ӯро даъват карда, ба Сурия бурдаанд, ба вай гуфтаанд, ҳар муҷоҳиде, ки як қатра хунаш дар майдони ҷиҳод мечакад, бе саволу ҷавоб сазовори биҳишт хоҳад шуд ва фардо, назди Худованд 70 нафар аз аҳли байти худро ҳам шафоат хоҳад кард.

Раиси "Шаҳрак" мегӯяд, саъй доранд, ҷавононро аз Сурия баргардонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00

Сокинон чӣ мегӯянд ?

Намое аз Чорқишлоқ
Намое аз Чорқишлоқ

Бархе сокинони деҳаи Чорқишлоқи Исфара ҷавонони аз ин маҳал дар ҷанги Сурия бударо “муҷоҳид” ва кушташудагони он ҷангро “шаҳид” ном мебаранд ва мегӯянд, онҳо аз пайи “ҷиҳод” ва бо талаби пирӯзии “мусалмонони ҳақиқӣ” ҷону тани худро ба оташи ҷанг андохтаанд. Вале бархеи дигар, ки назар ба гурӯҳи аввала бештаранд, ҷангиёни Сурияро “гумроҳу ғафлатзада” мехонанд, ки ба ақидаи онҳо, аз бехабарӣ аз дину ноогоҳӣ аз ҳаводисе, ки дар Сурия мегузарад, тарки хонаву дар ва зану кӯдаконашон кардаанд.

Мақомоти Исфара ва сокинони фаъоли деҳаи Чорқишлоқ мегӯянд, ҳоло фикру зикри онҳо дар пайи баргардонидани ҷавононашон аз ҷанги Сурия аст. Аммо мегӯянд, бо ин ҳудуди 20 ҷангӣ тамоси мустақими доимӣ надоранд ва ягона василаи даъвати онҳо барои бозгашт аз Сурияро дар таблиғи волидайн ва ҳамсару кӯдакони он ҷавонон мебинанд.

XS
SM
MD
LG