Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси пардохти нафақаи имтиёздорони корхонаи маъдани Адрасмон то порлумону ҳукумат рафта ва ҳоло ба додситонии Суғд баргаштааст.

Нафақахӯрони корхонаи маъдани Адрасмон, дар 80 километрии шимоли Хуҷанд дар номаи дастҷамъӣ аз порлумон ва ҳукумат хостаанд, то мушкили онҳоро, ки аз охири соли гузашта наметавонанд нафақаи худро дарёфт кунанд, ҳал кунад. Зери ин номаи дастаҷамъӣ ҳудуди 60 коргари собиқи ин корхона, ки бинобар кор дар шароити барои саломатӣ зарарнок барвақтар ба нафақа баромадаанд, имзо гузоштаанд.

Тибқи қонун, нафақаи онҳоро то синни 63-солагӣ бояд корхона пардохт кунад, вале корхонаи маъдани Адрасмон аз ду соли ба ин тараф муфлис шудаву аз кор бозмонда ва зери қарз рафтааст. Абдуманноф Тӯйчиев, аз мутахассисони ин корхона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мақомоти додситонӣ ба таҳқиқи ин мушкил оғоз кардаанд:

“Вале он номаи моро аз ҳукумати ҷумҳурӣ боз ба зинаи поёнӣ, ҳукумати вилоятӣ, идораи нафақа ва додситонии вилоят Суғд ҷиҳати баррасӣ равон кардаанд. Чанд рӯз пеш моро ба додситонии вилоятӣ даъват карданд ва бо масъалаи мушкили пардохти нафақаи имтиёзноки корхонаамон шинос шуданд.”

Аз шӯъбаи назорати умумии додситонии Суғд ба баррасӣ гирифтани мушкили пардохти нафақаи коргарони корхонаи Адрасмонро тасдиқ карданд, вале аз гуфтани ҷузъиёт, худдорӣ намуданд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли 2012 порлумони Тоҷикистон ба қонуни нафақаи кишвар тағйироти ворид кард ва пардохти нафақаҳои боимтиёз, мисли нафақахӯрони корхонаи Адрасмонро то расидан ба синни умумии нафақа, бар дӯши худи он корхонаҳо вогузор намуд. Сини умумии нафақа дар Тоҷикистон барои занон 58 ва барои мардон 63 солагӣ мебошад.

Ҳоло ба гуфтаи нафақахӯрони корхонаи Адрасмон, як роҳҳалли мушкили онҳо, дигаргун кардани қонуни мазкур ва тартиби аз буҷаи ҳукумат пардохт кардани нафақахӯрони боимтиёз аст. Вале аз порлумони кишвар дар посух ба дархости онҳо гуфтаанд, ки ин кори як рӯзу ду рӯз нест ва баъд аз таҳқиқу таҳлили амиқ ва баркашидани суду зиён, ин кор эҳтимол дорад. Абдуманноф Тӯйчиев, аз мутахассисони ин корхона афзуд, аз порлумон гуфтаанд, ки дар сурати ҳалли мусбати мушкил, онҳоро огоҳ хоҳанд кард.

Шаҳраки Адрасмон, воқеъ дар 80-километрии шимоли Хуҷанд аз нигоҳи маъмурӣ тобеи шаҳри Қайроқум аст. Равшан Аҳмадов, мудири дастгоҳи раиси ҳукумати Қайроқум дар сӯҳбат бо РО гуфт, дар ҳоле ки кори корхона аз муфлисӣ қатъ шудаву аз пардохти нафақаи коргаронаш оҷиз мондааст, ҳоло додгоҳ ба фурӯши бархе амволи он ва додани маблағи он ба нафақахӯрон қарор кардааст:

“Иҷрогарони қарори додгоҳ рафта, лӯлаҳои оҳанину ким - чӣ оҳанпораҳои корхонаро фурӯхта истодаанд. Мо ба кори онҳо дахолат карда истодаем, ки ақаллан таҷҳизотҳои корхонаро боқӣ гузоранд ва нафурӯшанд. Чунки агар онҳо таҷҳизотҳоро оҳанпора карда фурӯшанд, фардо дигар корхонаро тамоман ба кор дароварда намешавад.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Қайроқум, корхонаи маъдани Адрасмон аз онҳо ҳудуди 550 ҳазор сомонӣ ва ҳудуди 20 миллион сомонӣ азидораҳои андоз, барқ ва дигар сохторҳо қарздор аст.

Корхонаи маъдани Адрасмон хокаи сурб ва нуқра истеҳсол мекунад. Ин корхона дар замони шӯравӣ чун як ҷузъи корхонаи "Востокредмет"-и Чкалов таъсис ёфта, дар назди конҳои корхона, шаҳраки Адрасмонро бо ҳудуди 10-12 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд оварда буд. Вале баъди пош хӯрдани шӯравӣ, фаъолияти корхона қатъ шуд.

Соли 2006 як ширкати қазоқӣ бо номи "Кони Мансур" саҳмияҳои ин корхонаро пурра харид ва онро моли худ кард. Соҳиби нав корхонаро баъди 3 сол ба кор даровард ва садҳо нафарро ба кор ҷалб кард. Вале дар соли 2012, ба гуфтаи мутахассисони ин корхона, ба сабаби поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ, фаъолияти корхонаи маъдани Адрасмон тамоман қатъ гашт.

XS
SM
MD
LG