Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи имтиёздорро кӣ пардохт кунад - давлат ё корхона?


Кормандони пешини корхонаи маъдани Адрасмон, ки бинобар шароити вижаи корӣ сари вақт ба нафақа баромадаанд, шикоят доранд, ки аз чаҳор моҳ ба ин тараф наметавонанд нафақаи худро дастрас кунанд.

Нафақахӯрони корхонаи маъдани Адрасмон, ки бинобар кор дар шароити зараровар барои саломатиашон барвақтар ба нафақа баромадаанд, 4 моҳ инҷониб наметавонанд нафақаи худро бигиранд. Тибқи қонун, бояд ин маблағро ба онҳо то ба синни умумии нафақа расиданашон корхона пардохт кунад. Вале корхонаи маъдани Адрасмон 2 сол инҷониб муфлис ва зери қарз аст.

Хидир Қобилови 60-сола, яке аз нафақахӯрони корхонаи маъдани Адрасмон мегӯяд, ки вай дар синни 58, баъди 5 соли кор дар шароити ба саломатӣ зараровар дар ин корхона, ба нафақа баромадааст. Вай рӯзи 31 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир нафақаи моҳи ноябрро дар ҳаҷми 624 сомонӣ дарёфт кард ва аз он ба баъд, идораи нафақа аз пардохти он саркашӣ кард.

"Аз идораи нафақа мегӯянд, ки аввал корхонаатон пули нафақаатонро гузаронад, баъд пардохт мекунем. Лекин корхонаи мо 2 сол боз кор намекунад. Маълум нест, ки кай боз ба кор медарояд. Агар чандин соли дигар кор накунад, он вақт ҳоли мо чӣ мешавад. Ин ҷо коргарон 20 солу 25 сол дар шахта, зери замин кор карда, нафақа баромадаанд. Намедонем, чӣ кор кунем. Дарду аламамонро ба кӣ гӯем? Шароитамон бисёр сахт аст", гуфт ӯ.

Хидир Қобилов як писар ва як духтар дорад, ки ҳар ду аз падару модар ҷудо зиндагӣ мекунанд. Вай мегӯяд, агар пуле барои роҳкиро пайдо мекард, ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт.

Обидҷон Мамадҷонов, дигар аз собиқадорони корхонаи маъдани Адрасмон, ки ҳудуди 30 сол дар ин корхона кор карда ва ҳоло мехоҳад ба нафақа барояд, мегӯяд: "Ҳозир ин гуна нафақахӯрони соҳибимтиёзи корхонаамон ҳатто барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ пул надоранд. Баъзеашон баъди баромадан ба нафақа ба муҳоҷирати кории Русия рафтаанд".

Корхонаи маъдани Адрасмон хокаи сурб ва нуқра истеҳсол мекунад. Ин корхона дар замони шӯравӣ чун як ҷузъи корхонаи "Востокредмет"-и Чкалов таъсис ёфта, дар назди конҳои корхона, шаҳраки Адрасмонро бо ҳудуди 10-12 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд оварда буд. Вале баъди пош хӯрдани шӯравӣ, фаъолияти корхона қатъ шуд.

Соли 2006 як ширкати қазоқӣ бо номи "Кони Мансур" саҳмияҳояшро пурра харид ва корхонаро моли худ кард. Соҳиби нав корхонаро баъди 3 сол ба кор даровард ва садҳо нафарро ба кор ҷалб кард. Вале дар соли 2012, ба гуфтаи мутахассисони ин корхона, ба сабаби поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ, фаъолияти корхонаи маъдани Адрасмон тамоман қатъ гашт. Ин корхона ягона ҷои корӣ барои сокинони ин маҳал маҳсуб меёфт.

То ҳамон давра коргарони корхонаи маъдани Адрасмон, ки умдатан дар конҳои зеризаминӣ кор мекарданд, баъди ҳадди ақал 10 соли кор дар шароити душвор ва зараровар ба ҳаёти онҳо, ба тариқи имтиёзнок ба нафақа мебаромаданд ва он аз хазинаи давлат пардохт карда мешуд. Вале моҳи апрели соли 2012 парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба қонуни нафақаи кишвар, пардохти нафақаи имтиёздор ба коргарони корхонаҳоро бар дӯши худи он корхонаҳо гузошт.

Абдуманнон Тӯйчиев, яке аз мутахассисони ин корхона мегӯяд, ин тағйирот низоми пардохти нафақаро ба нафақахӯрони имтиёздор, ки ҳоло шуморашон дар Адрасмон ҳудуди 60 нафар аст, зери суол бурд:

"Мушкил ин ки қонуни нафақа пешбинӣ накардааст, ки дар ҳолати аз кор мондан, муфлис шудан ё тамоман баста шудани корхонаҳои шароиташ барои саломатии инсон зараровар, тақдири нафақахӯрҳои

имтиёздор чӣ мешавад. Ин фақат ба корхонаи маъдани Адрасмон дахл надорад. Фардо ин ҳолат ба сари дигар корхона омаданаш мумкин аст. Маълум, ки захираҳои маъдани ҳар корхона дер ё зуд тамом мешавад. Фардо конҳоро мебанданд. Вале қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст, ки дар ин ҳолат нафақахӯрони имтиёздор, ки дар синни 53-солагӣ ба нафақа мебароянд, аз кадом ҳисоб ин пули худро дарёфт мекунанд?".

Нафақахӯрони имтиёздори корхонаи маъдани Адрасмон охири соли гузашта ба департаменти нафақаи Тоҷикистон дар бораи дастрас кардани нафақаи худ бо номаи дастаҷамъӣ муроҷиат карданд. Вале ин ниҳод номаро ҷиҳати бознигарӣ дар ихтиёри вазорати саноат ва энергетика гузошт. То кунун аз муроҷиати онҳо натиҷае ба даст наомадааст.

Шаҳраки Адрасмон, воқеъ дар тақрибан 80-километрии Хуҷанд аз нигоҳи маъмурӣ тобеи шаҳри Қайроқум аст. Абдусамад Кенҷаев, сардори шӯъбаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Қайроқум вуҷуди мушкили пардохти нафақаи коргарони корхонаи маъдани Адрасмонро эътироф мекунад, вале мегӯяд, дар ҳоли ҳозир коре аз дасти онҳо барнамеояд:

"Бе ин ҳам корхонаи Адрасмон аз буҷаи Қайроқум 537 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Мо ин миқдор маблағро дар соли 2014 ба нафақахӯрон пардохт кардем. Раҳбарияти корхона ваъда карда буд, ки ин маблағро ба мо пардохт мекунад, аммо "имрӯз-пагоҳ" гуфта, иҷро накард. Бинобар ин, мо аз ҳисоби буҷа пардохт кардани нафақаро қатъ кардем. Мо гуфтем, корхонаатон, ки маблағи нафақаатонро ба хазинаи мо гузаронад, ҳатман пардохт хоҳем кард. Ғайр аз ин, коргароне, ки мехоҳанд ба синни 63 нарасида, нафақаи боимтиёз гиранд, ба идораи мо кафолатномаи маъмурияти корхонаашонро пешниҳод кунанд, ки нафақапулии онҳо саривақт пешпардохт карда мешавад", гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, корхонаи маъдани Адрасмон ба ҷуз аз қарзи нафақа боз ҳудуди 20 миллион сомонӣ қарзи идораҳои андоз, барқ ва дигар сохторҳоро дорад. Ба гуфтаи Абдусамад Кенҷаев, коргарони корхонаҳое, ки дар шароити ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, метавонанд 10 сол барвақт ба гирифтани нафақаи имтиёздор даст ёбанд, вале то расидан ба синни умумии нафақа дар Тоҷикистон, маблағи нафақаи имтиёзнок аз корхона, сипас аз хазинаи давлат пардохт мегардад.

XS
SM
MD
LG