Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музоядаи кони "Мансури калон" ниҳоӣ мешавад


Ду ширкати бузурги хориҷӣ барои истихроҷ ва коркарди нуқра дар кони «Мансури калон» талош хоҳанд кард.

Ин ширкати «Биллитон»-и ҳоландӣ (BHP Billiton) ва консорсиюми «КАЗСИНК»-и Қазоқистони аст, ки ба давраи ниҳоии музоидаи(тендер) байналмилалии эъломкардаи давлати Тоҷикистон дар робита ба истихроҷ ва коркарди нуқра дар кони "Мансур калон" роҳ ёфтаанд.

Талоши ширкатҳои хориҷӣ

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар даври аввали ин музоида чанд ширкати хориҷӣ аз ҷумла ду ширкати чинӣ ширкат доштанд. Ва дар ширкат аз давраи ниҳоӣ ду ширкати чинӣ- «Зидҷинг мининг» ва «Чинминг» ба далели ҳазинаҳои зиёди ин тарҳ, даст кашиданд.

Ба гуфтаи коршиносони кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи Тоҷикистон, ҳазинаҳои коркарди кони «Мансури калон» ҳудуди ду миллиард долларро дар бар хоҳад дошт ва раванди коркарди он 30-40 солро дар бар хоҳад гирифт.

Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи музоида ва баргузории даври ниҳоии он гуфт:

«Даври якуми музоида ва ё тендрерро дар робита ба ин кон анҷом додем. Лоиҳа ва қарордод дар бораи коркарди ин конро бо ширкати муддаиёни даври ниҳоӣ тарҳрезӣ кардем ва ин санад барои баррасӣ барои баргузории натиҷаи ниҳоӣ ба ҳукумат ироа шудааст.»

Захираи кони "Мансури калон" бештар аз тахминҳо аст

Кони «Мансури калон» ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон кашф шуда буд ва бино ба таҳқиқотҳои он солҳо баргузоршуда, захираи нуқра дар ин кон 50 ҳазор тонна ва даҳҳо ҳазор тонна металҳои дигари нодир тахмин зада шуда буд. Азим Иброҳим, раиси Идораи геологияи тоҷик гуфт, ки захираи нуқра дар ин кон бештар аз онест, ки солҳои пеш тахмин зада мешуд. Вай гуфт, ки пас аз эъломи тендери байналмилалӣ дар бораи коркарди ин кон, таҳқиқотҳои нави омӯзиши бо фанновариҳои ҷадид баргузор шуд.

Ҷаноби Иброҳим афзуд: «Мо захираи ин конро бо усул ва шеваҳои ҷадид дар ҳамкорӣ бо ширкати маъруфи «Майки» баррасӣ кардем ва 13 ҳазор тонна захираи иловагӣ дарёфт кардем. Дар маҷмӯъ мо захираи нуқра дар ин конро 70 ҳазор тонна пешгӯи кардем.»

"Ҳар як кафи хоки Тоҷикистон як грам нуқра дорад"

Геологҳои маъруфи замони шӯравӣ мегуфтанд, ки ҳар як каф хоки Тоҷикистон як грам нуқра дорад ва ҳамон замон кони «Мансури калон»-ро яке аз конҳои бузурги нуқра дар ҷаҳон ҳисоб мекарданд. Дар замони истиқлоли Тоҷикистон, ҳукумати ҷумҳурӣ бо Русия дар бораи истифода аз кони «Масури калон» ёддошти тафоҳум имзо карда буд.

Ва соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Независимая газета» чопи Маскав гуфта буд, ки Тоҷикистон коркарди кони «Мансури калон»-ро ба кишвари дигаре ҷуз Русия нахоҳад дод, зеро ин конро ба Русия ваъда кардааст. Ва ҳамзамон раиси ҷумҳур гила карда буд, ки мо бо Русия садҳо санаду қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кардаем, вале Русия дар иҷрои онҳо аҷала надорад, аз ҷумла дар коркарди нуқра дар кони «Мансури калон».

Ва пас аз интизориҳои зиёде дар робита ба таваҷҷуҳи Русия ба ин кон, давлати Тоҷикистон маҷбур шуд дар соли гузашта дар бораи коркарди ин кон музоидаи байналмилалӣ эълон кунад. Ва ҷуз ширкатҳои чинӣ, ҳолландӣ, шветсариягӣ, конодоӣ ва қазоқиву ширкатҳои дохилӣ, Русия дар ин музоида ширкат накард.

Ки барандаи музояда хохад буд?

Бархе аз коршиносон муътақиданд, ки дар музоидаи ниҳоӣ, консорсиюми «Казсинг» -и Қазоқистони ғолиб дониста хоҳад шуд ба ин далел, ки дар ин консорсиюм ширкати "Адрасмон»-и Тоҷикистон ва ширкати "Кленкор Интернатcионал"-и( «Clencore International”»» шветсариягӣ шарик ҳастанд.

Вале бархе дигар аз коршиносон бар онанд, ки дар музоидаи ниҳоӣ ширкати “BHP Biliton”-и ҳолландӣ ғолиб хоҳад омад ба ин далел ин ширкат аз тавони сармоягузорӣ дар коркарди нуқра дар ин конро, ки дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад, бархурдор аст.

Ва агар коркарди кони «Мансури калон» роҳандозӣ шавад, Тоҷикистон дар феҳристи истеҳсолкунандагони нуқра дар ҷаҳон шомил хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки қимати нуқра дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба болоравист.
XS
SM
MD
LG