Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 моҳи марти соли равон ду бозии дӯстона бо тимҳои миллии Молдив ва Сурия анҷом медиҳад.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешавад, моҳи март бо тимҳои миллии Молдив ва Сурия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив 26-уми март дар меҳмонӣ ва бозии дӯстона бо Сурия 31-уми март дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо мегарданд.

Бояд гуфт, дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Молдив дар ҷойи 135-ум, Тоҷикистон дар ҷойи 137-ум ва Сурия дар ҷойи 150-ум қарор доранд.

Баргузории ин бозиҳо миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии футболи Молдиву Сурия мувофиқа шудааст.

Бояд тазаккур дод, қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯбарӯ шудаанд. Бори аввал ҳарду дар Бозиҳои осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайланд доир шуд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 3-0 пирӯз гардиданд.

Бозии дувуми тимҳои милии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Малӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Натоиҷи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив

Бозиҳои осиёӣ-1998. Гурӯҳи «D»

Тоҷикистон – Молдив – 3:0

Голҳо: Тоҳир Муъминов, 21 (1:0). Зокир Бердиқулов, 65 (2:0). Дмитрий Салтсман, 75 (3:0).

1-уми декабри соли 1998. Супхамбурӣ, Тайланд.

Ҷоми даъвати AFC-2012. Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Молдив – Тоҷикистон – 0:0

25-уми марти соли 2011. Малӣ, Молдив.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия бошанд, дар бозиҳои расмӣ ҳамагӣ чаҳор бор бо ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар ду бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ва дар ду бозии дигар мунтахаби Сурия ғолиб омадаанд.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия

Ҷоми ҷаҳон-2006. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи 6

Сурия – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Акмал Холматов, 35 (0:1). Яҳё Ал-Рашид, 76 (1:1). Раҷа Рофеъ, 80 (2:1).

10 июни соли 2004. Хамс. Варзишгоҳи «Ал-Басел».

Ҷоми ҷаҳон-2006. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи 6

Тоҷикистон – Сурия – 0:1

Гол: Раҷа Рофеъ, 35.

8 сентябри соли 2004. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Ҷоми ҷаҳон-2014. Сабқати интихобӣ. Даври дувум. Бозии аввал.

Сурия – Тоҷикистон – 0:3 (натиҷаи техникӣ)

23 июли соли 2011. Уммон (Урдун).

Ҷоми ҷаҳон-2014. Сабқати интихобӣ. Даври дувум. Бозии ҷавобӣ.

Тоҷикистон – Сурия – 3:0 (натиҷаи техникӣ)

28 июли соли 2011. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG