Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лату кӯби сардовару бозигарон дар варзишгоҳи Истаравшан


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозии "Истаравшан"-у "Энергетик" ба иллати бетартибии мухлисону футболбозон дар дақиқаи 81-ум, замоне ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ шуд.

Бозиҳои даври 24-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-уму 8-уми ноябр баргузор шуданд. Рӯзи чоршанбе бозии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо тими меҳмон - Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра зада шуд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи “Гвардия”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Имрӯз, 8-уми ноябр, се бозии дигари даври 24-ум баргузор шуд. Дастаи мизбон - “Ҳосилот”-и Фархор аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ бозиро дар майдони худ ба КМВА (ССКА) “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бохт.

Вале бозии дастаи мизбон - "Истаравшан" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо "Энергетик"-и Душанбе ба иллати бетартибии мухлисону футболбозон дар дақиқаи 81-ум, замоне ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ гардид.

Дар ин бора ба “Озодӣ” аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои ин ниҳод, баъд аз он ки сардовари бозӣ Баҳром Саъдуллоев, аз шаҳри Қӯрғонтеппа голи ҷавобии мизбононро ҳисоб кард, дарвозабони “Энергетик” Миралӣ Муродов бо ӯ муноқиша намуд. Сардовар ба вай корти сурх нишон медиҳад. Баъди чанд лаҳза ба сардовар бо нишони эътироз ҳамдастааш Сафархон Мирзоев дармеафтад. Ба қавли манбаъ, сардовар ба Мирзоев низ барои рафтори ғайриварзишӣ корти сурх нишон медиҳад.

Баъд аз ин, бозигарони “Энергетик” сардоварро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Дар ин лаҳзаҳо бархе аз мухлисон ба тарафдории сардовар вориди майдон шуда, ба футболбозони “Энергетик” дарафтодаанд. Аз ин ҳуҷуми мухлисон чанд нафар бозигарони дастаи меҳмонон лат бардоштаанд. Ин воқеаи нохуш дар кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозии мавсими имсола буд, ки дар Варзишгоҳи марказии таҷдидшудаи шаҳри Истаравшан бо ҳузури мухлисони сершумор барпо гардид.



Натоиҷи бозиҳои даври 24-ум:

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - 1-1
Голҳо: Нодирбек Маъмиров, 40 – аз пеналтӣ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 61 – аз пеналтӣ (1:1).
Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд») аз майдон хориҷ шуд.

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ГВАРДИЯ» (Душанбе) - 1-3
Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 10 (0:1). Муҳсин Мадуллоев, 34 (0:2). Абдурасул Раҳмонов, 63 (0:3). Фозил Ҳабибов, 78 (1:3).

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0-2
Голҳо: Акмал Авазов, 25 (0:1), Мирзобек Мирзоев, 81 (0:2).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 0-1
Гол: Раҳматулло Фузайлов (89).

"ИСТАРАВШАН" (Истаравшан)-"ЭНЕРГЕТИК" (Душанбе)- 1 - 1. Бозӣ дар дақиқаи 81-ум қатъ шуд.

Голҳо: Илҳом Бартов - Шуҷоат Неъматов.

Миралӣ Муродов, Сафархон Мирзоев (ҳар ду аз "Энергетик") аз майдон ронда шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

«Равшан» (Кӯлоб)

21

17

2

2

41-9

53

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

16

4

1

62-15

52

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

22

15

3

4

42-25

48

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

19

13

4

2

54-10

43

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

9

4

8

42-30

31

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

9

4

10

28-20

31

7.

КМВА “Помир” (Душанбе)

22

7

6

9

23-23

27

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

7

6

8

27-30

27

9.

«Истаравшан” (Истаравшан)

20

7

4

9

31-37

25

10.

«Энергетик» (Душанбе)

20

6

6

8

26-27

24

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

22

4

2

16

18-56

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

22

3

0

19

15-61

9

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

22

1

3

18

21-87

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»

13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

XS
SM
MD
LG