Пайвандҳои дастрасӣ

"Равшан"-и Кӯлоб -- қаҳрамони нави футболи Тоҷикистон


Лаҳзае аз бозии миёни "Истиқлол"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб. Душанбе, 29-уми ноябри 2012

Лаҳзае аз бозии миёни "Истиқлол"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб. Душанбе, 29-уми ноябри 2012

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғолиби мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ гардид.

Тақдири медалҳои тиллову нуқра рӯзи 29-уми ноябр дар бозии охирини мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 17 ҳазор мухлис барпо гардид, ҳал шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 20-уми бозӣ ҳамлагари дастаи "Истиқлол" Фарҳод Тоҳиров боз кард. Баъди 13 дақиқа ҳамлагари "Равшан" Наврӯз Рустамов ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи "Равшан"-ро боз ҳам Наврӯз Рустамов дар нимаи дувум, дар дақиқаи 60-уми бозӣ, ба ҳадаф расонд.

Ҳайатҳои дастаҳо:

«Истиқлол» (Душанбе): 1. Алишер Тӯйчиев, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Давронҷон Эргашев, 7. Иброҳим Рабимов, 12. Юсуф Рабиев, 14. Руслан Рафиков, 17. Дилшод Восиев (капитан), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 23. Александр Франк, 25. Фарҳод Тоҳиров.

«Равшан» (Кӯлоб): 1. Рустам Ризоев, 3. Мӯсо Содиқ, 5. Одил Эргашев (капитан), 18. Ҳасан Рустамов, 15. Течи Соломон, 12. Бенҷамин Аманква, 4. Дэвид Мауто, 9. Бахтиёр Ҳасанов, 19. Ҳикмат Расулов, 21. Нуъмонҷон Ҳакимов, 17. Наврӯз Рустамов.

Дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати дастаи “Истиқлол” се нафар иваз шуданд. Дарвозабон Алишер Тӯйчиевро, ки лат хӯрд, дар дақиқаи 55-ум Мурод Саидов иваз кард. Инчунин ба ҷойи Юсуф Рабиев дар дақиқаи 60-ум Ҷаҳонгир Эргашев ва ба ҷойи Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 74-ум Умедҷон Шарифов ба майдон омаданд.

Дар ҳайати дастаи “Равшан” низ дар нимаи дувум се нафар иваз шуданд. Ба ҷойи Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 72-юм Индус Ҳусейнзода, ба ҷойи Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 77-ум Сафар Каримов ва ба ҷойи Течи Соломон дар дақиқаи 87-ум Куарше Лоуренс ба бозӣ ворид шуданд.

Сардовари бозии “Истиқлол” - “Равшан” Раҳмон Муртазоев (аз шаҳри Душанбе) , ёварони ӯ Қурбонмаҳмад Каримов ва Исматулло Муъминов (ҳарду аз ноҳияи Хуросон), душанбегӣ Каюмарс Сулаймонов довари эҳтиётӣ, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев (аз шаҳри Турсунзода) нозири ин бозӣ буданд.


Баъди анҷоми бозӣ маросими пӯшидашавии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол” ва Одил Эргашев, капитани дастаи “Равшан”, таҳти садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишварро поин карданд. Воқеан, Дилшод Восиев, ки дар мусобиқаи имсола 24 гол задааст, беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ гардид.



Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, дар нишасти матбуотӣ, ки пас аз хотимаи мусобиқа баргузор шуд, аз пирӯзии дастааш изҳори хушҳолӣ карда, ба хабарнигорон гуфт, “ман аз бозии бозигарони дастаам хеле қаноатмандам ва он мақсаде, ки гузошта будем иҷро шуд. Барои мо имрӯз танҳо ғалаба зарур буд, то ин ки ҷойи аввалро ишғол кунем. Рақиби мо дастаи пурқуввати “Истиқлол”-и Душанбе буд. Сарпарастон дар назди даста аз аввали мавсим вазифа гузошта буданд, ки мо бояд қаҳрамон шавем. Хеле хушнудем, ки ин вазифаро бо сарбаландӣ ба ҷо овардем. Аз дастгирии ҳазорҳо мухлисонамон, ки тамоми мавсим ва, бахусус, имрӯз моро дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар бозии ҳалкунанда хеле хуб дастгирӣ карданд, миннатдорем. Мо аз он мефахрем, ки дастаи “Равшан” дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ сермухлистарин даста аст. Дастаи мо, ки соли 1965 таъсис шудааст, дар таърихи худ барои аввалин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Мо кӯшиш мекунем, соли оянда шарафи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, дар Ҷоми АФК-2013 бомуваффақият ҳимоя кунем. Ба ҳамаи аъзои даста ва ҳамаи онҳое, ки ба мо кӯмак карда, моро дастгирӣ намудаанд, изҳори сипос менамоям ва мухлисони дастаро бо ғалабаи бузург табрик мекунам.”

Маъруф Рустамов (чап) ва Мубин Эргашев (рост)

Маъруф Рустамов (чап) ва Мубин Эргашев (рост)

Мубин Эргашев, мураббии калони дастаи «Истиқлол», дар ин нишаст сурмараббии «Равшан» ва ҳамаи аъзои дастаро бо ғалабаашон муборакбод кард ва ба онҳо дар мавсими соли оянда барори кор орзу намуд. Ҷаноби Эргашев иброз дошт, ки «вазифаи асосии мо дар мавсими имсола ба даст овардани Ҷоми раиси АФК буд, ки мо ин ҷоизаро соҳиб шудем. Мутаассифона, ҳам аз Ҷоми Тоҷикистон ва ҳам аз унвони қаҳрамони Тоҷикистон бенасиб мондем. Вале бояд гуфт, ки мавсими имсола хеле пуршиддат гузашт. Мо дар охири мусобиқот аз дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” қафо мондем ва бо ҷойи севум қаноат кардем.”

Ба ин тартиб, дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа дастаи “Равшан” бо 62 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шуд. Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ки бо 61 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ки бо 53 имтиёз севум шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳафт бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст. Футболбозони шаҳри Турсунзода бори охирин соли 2008-ум медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда буданд. Вале дастаи “Равшан” то ҳоло соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон нашуда буд. Футболбозони шаҳри Кӯлоб ду бор – солҳои 1999-ум ва 2011-ум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Бар асоси тасмими Кумитаи мусобиқоти АФК, соли оянда ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон -- "Равшан"-и Кӯлоб, қаҳрамони нави футболи кишвар ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон барои аввалин бор дар мусобиқаи Ҷоми АФК – 2013 ширкат хоҳанд кард.

29-уми ноябр (панҷшанбе)
Бозии даври 24-ум

«Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 1:2
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров (20), Наврӯз Рустамов (33, 60)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

Равшан» (Кӯлоб)

24

20

2

2

51-10

62

2.

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

24

19

4

1

77-16

61

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

24

16

5

3

76-13

53

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

24

16

4

4

45-27

52

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

24

10

4

10

47-36

34

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

24

9

4

11

31-24

31

7.

ССКА “Помир” (Душанбе)

24

8

6

10

26-25

30

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

24

8

6

10

29-44

30

9.

«Истаравшан” (Истаравшан)

24

8

4

12

33-44

28

10.

«Энергетик» (Душанбе)

24

7

6

11

35-34

27

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

24

4

2

18

18-64

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

24

4

0

20

18-72

12

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

1

3

20

21-98

6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") – 24 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол, Нуъмонҷон Ҳакимов ("Равшан") - 12 гол.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG