Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2:0. Пирӯзии Тоҷикистон бар Молдив дар Мале


​Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Мале бар тими миллии Молдив бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов заданд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Молдиву Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 26-уми март дар пойтахти Молдив - шаҳри Мале - баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон - футболбозони тоҷик – бо ҳисоби 2-0 анҷом ёфт.

Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 19-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Манучеҳр Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 68-ум, ба самар расонд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев муқобили Молдив чунин буд: Алишер Додов, Соҳиб Саванқулов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 55), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 83), Дилшод Восиев (капитан), Хуршед Маҳмудов (Иброҳим Рабимов, 73), Манучеҳр Ҷалилов (Фарҳод Тоҳиров, 84).

Ҳакамони бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Молдиву Тоҷикистон бо раҳбарии довари ФИФА Куттиаппа Раҷаратнам Прашантх Раҷакришна аз Шри-Ланка буданд.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Молдив дар зинаи 133-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 141-ум қарор доранд.

Бояд гуфт, қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯбарӯ шуда буданд. Бори аввал ҳарду дар Бозиҳои осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайланд доир шуда буд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 3-0 пирӯз гардидаанд. Голҳоро Тоҳир Муъминов, Зокир Бердиқулов ва Дмитрий Салтсман задаанд.

Бозии дувуми тимҳои милии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Мале баргузор шудааст, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфтааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро бо тими миллии Сурия рӯзи сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом хоҳад дод. Мунтахаби Сурия дар ҳамин ҳол дар феҳристи ФИФА дар ҷойи 152-юм қарор дорад.

XS
SM
MD
LG