Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА чор зина поин шуд


​Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА чор зина поин рафт ва бо 215 имтиёз дар мақоми 141-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 12-уми март, нашр шудааст, бо 215 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 141-умро касб кардааст.

Мунтахаби Олмон дар ин феҳрист бо 1770 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1577 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1499 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё тағйир наёфтааст (ҷойи 20-ум). Дар ин қора Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 42-юм), Ҷопон дар ҷойи дувум (53) ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи севум (56) мебошанд. Инчунин ба қатори 10 мунтахаби беҳтарини Осиё тимҳои миллии Австралия (65), Иморати Муттаҳидаи Араб (69), Узбакистон (72), Чин (83), Умон (96), Ироқ (97) ва Арабистони Саудӣ (99) дохиланд.

Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 13-ум буда, пеш аз Туркманистон (144) ва Қирғизистон (150) қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон бо созмонҳои футболи Молдиву Сурия ҷиҳати баргузории бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии ин кишварҳо ба мувофиқа расидааст. Бозӣ бо мунтахаби Молдив рӯзи 26-уми март дар меҳмонӣ барпо мегардад. Дар раддабандии нави ФИФА мунтахаби Молдив ду зина боло шуд ва дар ҷойи 133-юм қарор дорад.

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия рӯзи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Мунтахаби Сурия дар феҳристи нави ФИФА ду зина поин рафт ва дар ҷойи 152-юм қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

XS
SM
MD
LG