Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан"-и Кӯлоб -- як қадами дигар то қаҳрамонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 15-уми ноябр бо бозӣ миёни дастаҳои “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Равшан”-и Кӯлоб шурӯъ шуд.

Ин бозӣ, ки бар асоси тақвими мусобиқа бояд 18-уми ноябр баргузор мешуд, бо хоҳиши ҳар ду даста ва розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе барпо гардид.

Бозӣ бо ғалабаи "Равшан" бо ҳисоби 3:0 поён ёфт. Голҳоро Девид Мауто (дақиқаи 10-ум), Течи Соломон (21) ва Ҳусейни Моҳрухӣ (68) заданд. Ҳамин тариқ, “Равшан” бо 59 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Рақиби аслиаш барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 55 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад.

Дар акс: Нарзуллоҳи Латиф (рост) бо Маъруф Рустамов (чап). Акс аз бойгонӣ
Дар акс: Нарзуллоҳи Латиф (рост) бо Маъруф Рустамов (чап). Акс аз бойгонӣ
Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мо танҳо як мақсад дорем, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шавем. “Равшан” дар таърихи худ ягон бор медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст наовардааст. Ман аз бозии аъзои даста хушҳолам. Мо, бахусус, аз мухлисонамон, ки имсол ҳам моро хеле хуб дастгирӣ карданд ва хоҳанд кард, сипозгузорем. Кӯшиш мекунем, ки ба боварии онҳо ҳамеша сазовор бошем.”

Бозиҳои дигари даври охирини мусобиқаи имсола рӯзҳои 17-ум ва 18-уми ноябр баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври 26-ум:
17-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак».

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
«Ҳосилот» - «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Истаравшан» - «Хайр». Шаҳристон, Варзишгоҳи марказӣ.

Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии кишварро муайян кард. Бозиҳои мавқуфгузошта рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд. Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 29-уми ноябр бо бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, ба поён мерасад.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ:
22-юми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
«Истиқлол» - «Хуҷанд». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Истаравшан» - «Парвоз». Ҷаббор Расулов, варзишгоҳи «Пахтакор».
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.
25-уми ноябр (якшанбе) - соати 14.00
«Энергетик» - «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
29-уми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
«Истиқлол» - «Равшан». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

Равшан» (Кӯлоб)

23

19

2

2

49-9

59

2.

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

22

17

4

1

64-16

55

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

23

15

4

4

43-26

49

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

20

13

5

2

55-11

44

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

22

9

4

9

43-32

31

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

9

4

10

28-20

31

7.

ССКА “Помир” (Душанбе)

23

8

6

9

26-23

30

8.

«Энергетик» (Душанбе)

22

7

6

9

34-30

27

9.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

7

6

9

27-33

27

10.

«Истаравшан” (Истаравшан)

22

7

4

11

31-45

25

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

23

4

2

17

18-59

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

23

4

0

19

18-61

12

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

1

3

20

21-98

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15-голӣ, Нуъмон Ҳакимов («Равшан») – 12 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ду дастаи пешсаф – «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» талош доранд. Агар футболбозони Кӯлоб дар бозии охирин бар "Истиқлол" пирӯз шаванд, ҷойи аввалро соҳиб гардида, барои аввалин бор бо медалҳои тилло сарфароз хоҳанд шуд. Вале агар «Равшан» бозии охиринро мусовӣ кунад ва ё бой диҳад, он гоҳ дар мавриди пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар ду бозии охирин футболбозони Турсунзода барои бори ҳаштум қаҳрамони Тоҷикистон мешаванд.

Ба ин тартиб қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи медалҳои нуқра дар бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” маълум хоҳанд шуд. Вале тими «Истиқлол», ки имсол аз унвони қаҳрамони Тоҷикистон бенасиб монд, муддаии аслии медалҳои биринҷӣ мебошад. Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон барои ҷойи севум бо дастаи «Хайр» талош дорад.

XS
SM
MD
LG