Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот латукӯби 5 марзбони тоҷикро рад карданд


Яке аз посгоҳҳои марзӣ дар вилояти Бодканд

Яке аз посгоҳҳои марзӣ дар вилояти Бодканд

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иддаои мақомоти Қирғизистон дар мавриди латту куби марзбонони тоҷик дар Боткандро рад карданд.

Хушнуд Раҳматулоев, сухангӯи сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Шералӣ Мирзо махсус бо мақомоти сарҳадбонӣ дар вилояти Суғд ва махсусан бо масъулини сарҳадбонӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Қирзистон дар тамос шуда, ин масъаларо баррасӣ кардааст.

Раҳматуллоев гуфт зимни баррасии ин масъала маълум шудаастааст, ки марзбонони тоҷик ба қаламраи вилояти Ботканд ворид нашудаанд ва аз ҷониби ҳеҷ нафаре латту куб нашудаанд, "иддаои мақомоти Қирғизистон воқеият надорад".

Ин дар ҳолест, ки Токон Маметов, муовини сарвазири Қирғизитон дар умури амният ва дифоъ ба хабаргузориҳо зимни шарҳи ҳодисаи латуткуби сарҳадбонони тоҷик дар Ботканд сарҳадбонони тоҷикро айбдор донистааст, ки марзи Қирғизистонро вайрон намуда дохили минтиқаи ин кишвар шудаанд.

Такон Маметов сабаби рух додани ин ҳодисаро дар саҳлангории фармондеҳони қисмҳои марзбонии минтақаҳои марзии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст, ки онҳо дар иҷрои масъулияти худ барои назорати зердастонашон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намекунанд.

«Ман шахсан фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро мешиносам, ки вай барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна иғво дар марзи муштарак талош ба харҷ медиҳад, аммо мутасифона ин гуна ҳодисаҳо ҳамчунон рух медиҳанд», таъкид кардааст Такон Маметов.

Дар ҳоле, ки ҷаноби Маметов бо далел дар мавриди ҳодисаи деҳаи Куктош дар хусуси латтукуби марзбонони тоҷик суҳбат мекунад мақмомти марзбонони Тоҷикистон ин ҳодисаро рад мекунад ва ҳаргуна марзшиканӣ аз ҷониби сарҳадбонони тоҷикро беасос мешуморад

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Қирғизистон, аз ҷумла хабаргузории «Tushtuk», соати яки шаби гузашта байни меҳмонони тӯйи як сокини рустои қирғизии Кӯктош ва 5 нафаре, ки баъдан маълум шуд, марзбонони тоҷик будаанд, дар ҳолати мастӣ занозанӣ ба амал меояд. Бино ба ин хабарҳо, издиҳоми хашмолуд мошини ҳомили марзбонони тоҷикро манъ карда, шишаҳои мошинро зада шикаставу ронанда ва мусофиронашро латукӯб кардаанд. Иллати муноқиша ҳанӯз рӯшан нест.

Бар пояи иттилоъи расмӣ, аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар 21 соли гузашта аз замони суқути Шӯравӣ фақат 567 километраш муайян шудааст. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, фақат дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва моҷароҳои хурду бузург дар он мавзеъҳо чандин бор ба хушунат печидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG